Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШЕФЕР Шарль

ШЕФЕР (Schefer) Шарль (1820— 1898), эроншиноси франсавӣ. Дар Париж Мактаби забонҳои зиндаи Шарқро хатм намудааст. Шефер дар кишварҳои гуногун вазифаи тарҷумониро ба уҳда дошт. С. 1857 котиби якум ва мутарҷими Вазорати корҳои хориҷии Франция ва профессори забони форсии Мактаби забонҳои зиндаи Шарқ таъин гардид. С. 1867 директори ин мактаб интихоб …

Муфассал »

ШЕРПАЛАНГ

ШЕРПАЛАНГ, юзпаланг, ирбис (Uncia uncia), як навъ ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи гурбашаклҳо мансуб аст. Дарозии баданаш қариб 130 см, думаш қариб 90 см, вазнаш 26 —40 кг. Пойҳои кутоҳ ва панҷаҳои паҳн дорад. Мӯинааш дароз, зич ва нарм аст. Шерпаланг хокистарранг ё сафедча буда, …

Муфассал »

ШЕРХОНИ ЛУДИ

ШЕРХОНИ ЛУДИ (с. тав. ва ваф. номаълум), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (а. 17). Аз қабилаи лулиёни афғон. Дар Бангола ба таҳсили ибтидоӣ шуруъ намуда, касби камол намудааст. Аз мероси адабии Шерхони Луди то замони мо тазкираи «Миръот-ул-хаёл» ва байтҳову қитъаоти пароканда боқӣ мондааст. А.Алимардонов.

Муфассал »

ШЕРОЗӢ

xarbuza

ШЕРОЗӢ, навъи харбузаи миёнсолӣ. Шаклаш лунда, дарозиаш то 40 см, вазнаш 3—4 кг. Пусташ суфта ва баъзан рахдор, бетур, нақшҳои сабзранг дорад. Рангаш сабзи зардранг. Ғафсии гушташ 4—5 см, сафеди хокистарранг, баъзан сурх, cepшира ва хуштаъму хушбуст. 7,2— 9,8% қанд (3,5—6,5% сахароза) ва 9,0—12,9% моддаи хушк дорад. Баъди 80—95 рузи …

Муфассал »