Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШИОР

ШИОР, даъвати мухтасари партияҳои сиёсӣ ё дигар ташкилотест, ки принципҳои муҳимми роҳбарӣ, талабот ва вазифаҳоро ифода мекунад. К. Маркс ва Ф. Энгельс дар «Манифеста Партияи Коммунисте» Ш.-и машҳури «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!»-ро ба миён гузошта буданд. Ш.-и партияҳои марксистӣ-ленинӣ ғояҳои асосии ҳаракати байналхалқии коммунистӣ, вазифа ва талабҳои онҳоро ифода …

Муфассал »

ШИНОВАРӢ

shinovari

ШИНОВАРӢ, як навъ спорт. Машғулияти Ш. имкон медиҳад, ки организм обутоб ёбад, кори узвҳои бадан, хусусан узвҳои нафаскашӣ беҳтар гардад. С. 1896 Ш. ба программаи Бозиҳои Олимпӣдохил гардид. С. 1906 Федерацияи байналхалқии дустдорони Ш.— ФИНА таъсис ёфт. Дар СССР вохуриҳои аввалин аз руи Ш. с. 1918 дар Москва гузаронда шуданд. …

Муфассал »

Ширинӣ

shirini

ШИННӢ, ширинӣ, як навъ шарбати мева. Шира ё оби тут, ангур, ва харбузаро гирифта, дар дет ҷушонида Ш. тайёр мекунанд. Дар давраҳои пеш Ш.-ро ба ҷои шакар истифода бурда, аз он ҳалво, нишоллою мураббо ва ғ. мепухтанд. Ш.-ро барои тайёр намудани ҳалвои сурхак ҳам истифода мебаранд. М. Ҳомидҷонова.

Муфассал »

ШИНГИЛ

shingil-angur

ШИНГИЛ, ғуҷум, хушачаи ангурро гуянд, ки аз хушаи калон мегиранд. Ҳар Ш. боз аз 3—9 шингилча иборат аст. Ҳар кадом шингилчаи ангури ҳусайнӣ, нимранг, тоифии сурх ва соягӣ 3—5 то ғужб дорад. Дар як хуша ангур аз 5—8 то 15—22 Ш. (18—34 шингилча) ҳаст. Н. Шу куров.

Муфассал »

Деҳаи ШИНГ

ШИНГ, деҳаест дар p-ни Панҷакенти вил. Ленинобод, маркази С. к. Шинг. Дар ҳудуди к-зи «Правда». Аҳолиаш 1240 наф. (1966). Аз деҳа то маркази район 50 км. Соҳаҳои хоҷагӣ тамокукорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва обчакорист.

Муфассал »