Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЭЛЕКТРООПТИКА

ЭЛЕКТРООПТИКА (аз электро… ва оптика), як фасли физикаро гӯянд, ки тағйироти хусусиятҳои оптикии дар зери таъсири майдони электрикӣ бавуҷудояндаро меомузад. Ҳодисаҳое, ки ба вобастагии нишондиҳандаи шикасти муҳит (п) ва шиддатнокии майдони электрнкии Б алоқа доранд, ба Э. мансубанд.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОНИКАИ КВАНТӢ

kvantovaya-elektronika

ЭЛЕКТРОНИКАИ КВАНТӢ, радиофизикаи квантӣ, як фасли физикаро гуянд, ки қонуниятҳо ва усулҳои ҳосил кардан ва тақвлит додани мавҷҳои электромагнитии дар процесси нурафкании маҷбурӣ ҳосилшуда, сохту хусусиятҳои тақвиятдиҳандаҳову генераторони квантӣ ва истифодаи онҳоро меомузад. Тақвиятдиҳандаҳои квантии фавқулбаландбасомад, лазерҳо, ставдартҳои квантии басомад, магнитометрҳои квантӣ, гироскопҳои лазерӣ ва ғ. маҳсули Э. к. мебошанд.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОНИКА

elektronika

ЭЛЕКТРОНИКА, илмест дар борал таъсири мутақобили электронҳо бо майдонҳои электромагнитӣ ва дар бораи усулҳои сохтани асбобу афзори электронӣ, ки барои интиқол, таҳия ва маҳфуз доштани ахбор истифода мешаванд. Дар Э. таъсири мутақобили электронҳо ҳам бо макромайдонҳо дар фазои кории асбоб ва ҳам бо микромайдони дохили атом молекула ё панҷараи кристалле …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОНВОЛЬТ

ЭЛЕКТРОНВОЛЬТ, воҳиди ғайри-системавии энергияро номанд, ки баробари дигар воҳидҳои Системаи байналхалқии воҳидҳои (СИ) барои чен кардани энергия ва массаи микрозарраҳо истифода мешавад. Ишораташ: тоҷикӣ, русиаш эВ, байналхалқиаш eV, 1 эВ=1,60219* 10“,в Ҷ= = 1,60219-10—,а эрг. Воҳидҳои каратии Э.: 1 кэВ = 10s эВ, 1 МэВ ■ 10* эВ, 1 ГэВ …

Муфассал »

«ЭЛЕКТРОН»

«ЭЛЕКТРОН», номи як силсила радифони маснуи Замин (РМЗ)-и советиро гуянд, ки барои тадқиқи минтақаи радиационии Замни, нурҳои кайҳонӣ, таркиби химиявии фазоӣ кайҳонии наздизаминӣ, афканишоти кутоҳмавҷи Офтоб ва радиоафканишоти галактика, микрометеордо ва ғ. таъин шудаанд. РМЗ-и «Э.» дутогӣ бо як ракетаи баранда ба мадорҳои гуногун бароварда шудаанд. «Э.-1» ва «Э.-2» ба …

Муфассал »