Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САРВ

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВ  – ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи сарвиҳо аст. То 20—25 (баъзан то 45 метр) қад мекашад, ғафсии танааш 30—70 сантиметр, то 2 ҳазор сол умр мебинад. Баргҳои навниҳоли Сарв сӯзаншакл (то 1 сантиметр) ва дарахтони калони он пулакчашакланд (1—2 миллиметр), ҷалғузааш мудаввар (диаметраш то 2—3 сантиметр), соли сеюм пухта, …

Муфассал »

САРАХС

Сарахс мақбараи Абулфазл (асри 11)

САРАХС – яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна буда, димнаи он дар соҳили дарёи Таҷан (Ҳарируд) (территорияи Туркманистон) воқеъ аст. Дар димнаи Сарахс аз солҳои 1950 асри 20 ҳафриёти археологӣ гузаронида мешавад. Сарахс дар осори хаттӣ аз асрҳои аввали милод маълум аст. Мувофиқи ахбори муаррихи арабизабони асри 9— Абӯҳанифаи Диноварӣ, аҳолии …

Муфассал »

САРВИНОЗ

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВИНОЗ (ба лотинӣ Callitropsis) – ин ҳамон сарв аст ва яке аз намудҳои дарахти ҳамешасабз мебошад. Тоҷикон номи духтаронро Сарвиноз мегузоранд бо нияти, он ки духтарони онҳо ҳаёти ободу сабз дошта бошад. Ба забони русӣ «Кипарис» меноманд.

Муфассал »

САТО

sato

САТО, асбоби мусиқии торист, ки бо камонча менавозанд. Сато дар байни тоҷикои, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо ва бисёр халқҳои мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Сато ба танбӯр монанд буда, косааш нисбатан калонтар ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад. Он аз чӯби тут сохта мешавад. Дарозии умумиаш 130 —140 сантиметр. Баъзе мутрибон танбӯрро …

Муфассал »

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

Курсии Сақатшуда

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои техниқию нормативӣ сифатан мувофиқат намекунад. Сақати истеҳсолии ислоҳшаванда ва ислоҳнашаванда вуҷуд доранд. Сақати истеҳсолии ислоҳшаванда маҳсулотест, ки ислоҳпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқу безарар аст. Сақати истеҳсолии ислоҳнашаванда мақсулотест, ки бартараф …

Муфассал »