Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАҲСУЛОТИ ЗАРУРӢ

МАҲСУЛОТИ ЗАРУРӢ

mahsulotМАҲСУЛОТИ ЗАРУРӢ, қисми маҳсулоти ҷамъиятиест, ки коргарони соҳаи истеҳсолоти моддӣ тайёр мекунанд ва он аз нуқтаи назари шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои барқарор намудани қобилияти ҷисмонию маънавӣ, ҳаёти муътадили коргар ва аҳли оилаи он зарур аст. Муддати истеҳсоли Маҳсулоти заруриро вақти зарурии кор, меҳнати дар ин давра сарфшударо меҳнати зарурӣ меноманд. Андозаи Маҳсулоти зарурӣ аз рӯи миқдори маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ ва таносубе, ки Маҳсулоти зарурӣ ва маҳсулоти изофа дорад, дар он маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Дар формацияҳои синфии антагонистӣ ин тақсимот характери истисморӣ дорад, зеро синфҳои ҳукмрон маҳсулоти изофаро аз ҳисоби пурзӯр кардани истисмори коргар ва маҳдуд намудани Маҳсулоти зарурӣ зиёд мекунонд. Мақсади тараққии истеҳсолоти капиталистӣ истеҳсол ва аз худ кардани арзиши изофа аст. Капиталистон доимо ҳаракат мекунанд, ки маҳсулоти изофаро аз ҳисоби кам кардани Маҳсулоти зарурӣ зиёд намоянд. Баробари тараққии капитализм дар асоси баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ (дар навбати аввал дар соҳаҳое, ки молҳои истеъмолӣ ба вуҷуд меоваранд, ҳамчунин дар сохаҳое, ки барон соҳаҳои истеҳсолкунандаи молҳои истеъмолӣ воситаҳои истеҳсолот тай­ёр мекунанд) ҳиссаи Маҳсулоти зарурӣ дар маҷ­мӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ маҳдуд мегардад. Аммо дар қатори омилҳое, ки боиси кам шудани Маҳсулоти зарурӣ мешаванд, тамоюлҳои ба ҳам зид, пеш аз ҳама муборизаи синфи коргар дар мамлакатҳои капиталистӣ барои баланд бардоштани музди кор ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ зоҳир мегарданд. Пурзӯр шудани шиддати меҳнат зарурати зиёд намудани пулро ба амал меоварад. Дар давраи социа­лизм, дар шароити мувофиқи план ташкил кардани истеҳсолоти ҷамъ­иятӣ ва ҳукмрон будани моликияти ҷамъиятӣ энтагонизми байни маҳсулоти зарурӣ ва изофа тамоман барҳам мехурад. Такрористеҳсоли Маҳсулоти зарурӣ бо талаботи барқарор кардани қувваи коргар маҳдуд нашуда, бал­ки ба мақсадҳои ҳаматарафа инкишоф додани қобилияти маънавӣ ва ҷисмонии коргарон тобеъ карда мешавад. Дар процесси тақсимот як қисми Маҳсулоти зарурӣ ба воситаи тақсими мувофиқи меҳнат барои истеъмол, қисми дигари он ба фоидаҳои ҷамъиятии истеъмол (дар шакли пулдиҳӣ ва хизматрасонӣ) равона карда ме­шавад. Маҳсулоти зарурӣ бевосита ҳам ба истеъмоли индивидуалӣ (маҳсулоти истеъмолӣ, сару либос ва ғ.) ва ҳам ба истеъмоли коллективӣ (мактабҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои муолиҷавию санитарӣ ва ғ.) сарф ме­гардад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …