Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТИЗМИ ЗАМИН

МАГНЕТИЗМИ ЗАМИН

magnitizmi-zaminМАГНЕТИЗМИ ЗАМИН, геомагнетизм, майдони магнитии Замин ва фазоӣ наздизаминии Кайҳон; фасли геофизика, ки тақсимоти майдони геомагнитиро дар фазо ва тағйирёбии онро вобаста ба вақт, инчунин процессҳои геофизикии дар Замин ва қабатҳои болои атмосфера бавуҷудояндаро ки бо майдони геомагнитӣ алоқаманданд, меомӯзад. Майдони геомагнитиро дар ҳар нуқтаи фазо бо вектора шиддатнокӣ Т тавсиф медиҳанд, ки бузургӣ ва самти он бо 3 ташкилдиҳандаҳояш X, У, Z (шимолӣ, шарқӣ ва амудӣ) дар системаи координатаҳои росткунҷа ё бо 3 элементи Магнетизми замин ташкилдиҳандаи уфуқии шиддатнокӣ Н, майли магнитӣ D (кунҷи байни Н ва ҳамвории меридиани географӣ) ва тамоили магнитӣ / (кунҷи байнн Т ва ҳамвории уфуқ) муайян карда мешаванд (расми 1). Элементҳои Магнетизми замин бо ёрии комплекси магнитӣ, теодолити магнитӣ магнитометрҳои гуногун, тарозуи магнитӣ, вариометри магнитӣ ва ғ, чен карда мешаванд. Ғайр аз ин, барои дар баҳр ва дар ҳаво чен кардани Магнетизми замин киштӣ, самолёт ва вертолётҳо бо асбобҳои махсус ҷиҳозонда мешаванд.

Магнетизми замин дар натиҷаи таъсироти манбаъҳои доимие, ки андаруни Замин ҷойгиранду фақат ба тағйироти сусти асрӣ (вариацияҳо) дучоранд ва манбаъҳои беруна (тағйирёбанда), ки дар магнитосфераи Замин ва ионосфера ҷойгиранд, ба амал меояд. Вобаста ба ҳамин майдони геомагнитии доимӣ (асосӣ, 99%) ва майдони геомагнитии тағйирёбанда (1%)-ро фарқ мекунанд.

Майдони геомагнитии доимӣ ба сохти дохилии Замин ва таъсири ҷараёнҳои гирдбодшаклӣ қаъри он алоқаманд аст ва дар нуқтаҳои гуногуни сатҳи Замин ҳар хел мебошад. Майдони магнитии Замин қутбҳои магнитие дорад, ки бо қутбҳои географӣ мувофиқ намеоянд ва мавқеи онҳо бо мурури замон тағйир ёфта меистад. Барои омӯхтани майдони магнитии доимӣ ва тақсимоти он дар фазо қиматҳои дар ҷойҳои гуногун ченкардашудаи Н, D, I-ро ба харита дохил мекунанд (харитаҳои магнитӣ тартиб медиҳанд) ва нуқтаҳои ба қиматҳои якхелаи элементҳои Магнитизми Замин мувофиқояндаро бо хатҳо менайванданд (ниг. Изохатҳо). Дар натиҷа, хати майлҳои якхела (изогонаҳо), хати тамоюлҳои якхела (изоклинҳо) ва хати ташкилдиҳандаҳои уфуқии якхела (изодизамаҳо) ва ғ. ҳосил мешавад (расми 2). Азбаски элементҳои Магнитизми Замин ба дараҷаи намоён тағйир ёфта меистанд, ҳар замон аниқ кардани харитаҳои магнитӣ лозим меояд.

Тамоюли шиддатнокию характери тақсимоти элементҳои Магнитизми Замин аз қимати миёна (нормали)-и майдон барои мавзеи муайян аномалияҳои магнитӣ номида мешаванд. Вобаста ба интенсивият ва бузуртии масоҳати дарбаргиранда аномалияҳои ҷаҳонӣ (ки ба манбаъҳои умқии зонаҳои Замин алоқаманд мебошанд, мас., аномалияи Сибири Шарқӣ, аномалияи Бразилия ва ғ.), регионалӣ ва локалӣ мавҷуданд. Аномалияҳои регионалӣ ва локалиро дар қишри Замин номунтазам тақсим шудани ҷинсҳои кӯҳии аз элементҳои феррамагнитӣ бой муайян мекунад ва ин аномалияҳо ба сохти геологӣ ва структураи тектоникии маҳал алоқаманд мебошанд, ки ин асосӣ методҳои магнитометрии инкишофи сарватҳои зеризаминӣ мегардад.

Майдони геомаглитии тағйирёбандаро ҷараёнҳои электрии гирдбодшакл дар қабатҳои болои атмосфера — ионосфера ба вуҷуд меоранд. Он аз вариацияҳои даврӣ ва ғайридаврӣ иборат аст. Вариацияҳои даврӣ ба мавқеи Замин нисбат ба Офтоб алоқаманд буда, аз рӯи қонунияти муайян дар давоми шаборӯз, сол аз даври хуруҷи Офтоб ошкор карда мешаванд. Вариацияҳои ғайридаврӣ (мас., тӯфони магнитӣ) дар натиҷаи ба Замин наздик шудани сели зарраҳои зарядноке, ки аз соҳаҳои фаъоли Офтоб берун партофта шудаанд, ба амал меоянд. Тадқиқотҳои геомагнитиро бо ёрии магнитометра, стансияҳои магнитӣ, расадхонаҳои геофизикӣ, юпптиҳои махсус, стансиҳои шиновар, самолётҳо, радифони маснуъ ва ғ. мегузаронанд. Омӯхтани Магнитизми Замин барои ҳал кардани муҳимтарин масъалаҳо, аз ҷумла тадқиқи процессҳои тектоникие, ки дар қабатҳои чуқури Замин ба вуҷуд меоянд, ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ, мушоҳидаи паҳншавии радиомавҷҳо дар фазо ва ғ. аҳамияти калон дорад.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …