Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ КАНГӮӢ

МАДАНИЯТИ КАНГӮӢ

МАДАНИЯТИ КАНГӮӢ, маданияти археологии Хоразми асри 4 то м.-асри 1 м. Ба давраи равнақи сохти ғуломдорӣ мансуб аст. Маданияти Кангӯӣ ба ду давра — қадим ва давраҳои охир тақсим мешавад, ки фосилаи байни онҳо ба охири асри 2 то м. рост меояд. Аҳолии Маданияти Кангӯӣ асосан бо деҳқонӣ машғул буд. Зарфҳо гуногуншакл буда, бо ангоби сурх ё нақшҳои гуногун оро ёфтаанд. Ҳайкалчаҳои сафолии зиёд ёфт шудааст.

Аҳолӣ дар бинокорӣ хишти хом, болору вассаҳоро ба кор мебурд. Осори ёдгориҳои хаттии асрҳои 3—2 то м. дар асоси алифбои оромӣ таълифгардида ба даст омад. Майитҳо дар устадонҳо гӯронида шудаанд. Мазҳабашон ба оинҳои оташарастӣ наздик аст.

И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …