Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲАМКОРӢ ДАР ЕВРОПА

МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲАМКОРӢ ДАР ЕВРОПА

МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲАМКОРӢ ДАР ЕВРОПА (1975), Маҷлиси машваратии умумиевропоӣ. Маҷлиси машваратӣ бо ташаббуси СССР ва дигар мамлакатҳои социа­листӣ даъват шудааст. Таклифи даъвати маҷлис дар «Декларацияи оид ба мустаҳкам намудани сулҳ ва бехатарӣ дар Европа», ки онро соли 1966 Комитети сиёсии консултативии Шартномаи Варшава дар Бухарест қабул кард, ифода ёфта буд. Пешравиҳои ҷиддии дар арсаи байналхалқӣ баамаломадаро ба назар гирифта, Франция, баъдтар давлатҳои дигари Ғaрб низ онро дастги­рӣ намуданд. Дар тайёр кардан ва гузаронидани маҷлиси машваратӣ ҳукумати Финляндия ҳиссаи калон гузошт. Шартномаҳое, ки солҳои 1970—73 СССР, РХП, РДГ, РСЧС бо РФГ бастаанд, инчунин созишномаи чор давлат оид ба Берлини Ғapбӣ барои даъват намудани маҷлис омили муҳиме гардид.

Баъди гуфтушунидҳои зиёди дутарафаи байни иштирокчиёни ояндаи маҷлис бо ташаббуси ҳукумати Финландия дар Хельсинки (22 ноябри 1972 — 8 июни 1973) машваратҳои бисьёртарафа барпо гардиданд ва дар онҳо «Тавсияномаҳои хотимавии консултацияҳо дар Хельсин­ки» маъқул дониста шуданд. Дар тавсияномаҳо рӯзнома, шарт ва тарзи гузаронидани маҷлиси машвара­тӣ аниқ карда шуд. Рӯзнома муҳокимаи масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт: 1) амнияти Европа, 2) ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқдисодиёт, илму техника ва муҳити атроф, 3) ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, 4) чорабиниҳои минбаъдаи пас аз маҷлиси машваратӣ.

Даври якуми маҷлиси машваратӣ аз 3 то 7 июли 1973 дар Хельсинки бо иштироки вазирони корҳои хориҷии 33 давлати Европа (Алба­ния дар маҷлис иштирок кардан нахост), инчунин ШМА ва Канада шуда гузашт.. Дар он «Тавсияномаҳои хотимавии консултацияҳо дар Хельсинкӣ» маъқул дониста шуд, оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Европа ва ғ. мубодилаи афкор баргузор гардид.

Даври дуюми маҷлиси машваратӣ 18 сентябри 1973—21 июли 1975 дар Же­нева гузашт ва ҳар вохӯрӣ 3—6 моҳ давом кард. Дар ин давр тамоми масъалаҳои рӯзнома кор карда баромада шуданд.

Даври сеюми маҷлиси машваратӣ дар Хельсинкӣ 30 июль—1 августи 1975 бо иштироки роҳбарони сиёсию давлатии мамлакатҳои иштирокчии маҷлиси машваратӣ баргузор гар­дид. Вакилони сонетиро Котиби Ге­нералии КМ КПСС Л. И. Брежнев capвapӣ мекард. Сардорони вакилон дар баромадҳои худ ба натиҷаҳои кори маҷлис баҳо доданд ва оид ба вазъилти Европа изҳори ақида намуда, ба ҳуҷҷатҳои хотимавии маҷлис имзо гузоштанд.

Ҳуҷҷати хотимавӣ ҳамаи масъалаҳои рӯзномаро дар бар мегирад. Вай ҳуҷҷати ягона буда, манфиати тамоми давлатҳои иштирокчии маҷлиси машваратиро ифода менамояд ва ҳамаи масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо созиш ҳосил шуданд, бояд пурра амалӣ гарданд.

Ҳуҷҷати хотимавӣ давлатҳои иштирокчиро ӯҳдадор месозад, ки қарорҳои маҷлисро дар байни мамлакатҳои иштирокчӣ ва тамоми Евро­па пурра амалӣ гардонида, бо ҳамин процесси пастшавии шиддати вазъияти байналхалқиро ҳарҷониба тақвият ва инкишоф диҳанд. Дар боби ба масъалаи амният дахлдори Ҳуҷҷати хотимавӣ даҳ принцип пешниҳод карда шудааст, ки онҳо тариқу меъёри муносибати тарафайн ва ҳамкории давлатҳои иштирокчии Маҷлисро муайян месозанд: баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мустақилияти мамлакатҳо; ба кор набурдани қувва ё таҳдид; дахлнопазирии сарҳадҳо; бутунии территорияи давлатҳо; бо роҳи осоишта ҳал намудани масъалаҳои баҳсталаб; дахолат накардан ба корҳои дохилӣ; эҳтиро­ми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии сухан, виҷдон, ди­ну эътиқод; баробарҳуқуқӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии халқҳо; ҳам­кории давлатҳо, софдилона ба ҷо овардани ӯҳдадориҳои оид ба ҳуқуқи байналхалқӣ. Принципҳои муносибатҳои давлатҳо бояд барои бартараф намудани эҳтимоли таҷовуз ва тамоми намудҳои зуроварӣ асоси боэътимод гарданд. Дар худи ҳамин фасл дар бораи чорабиниҳо оид ба амнияту яроқпартоӣ ва ғ. низ ҳуҷҷате ҳаст, ки он ба беҳтаршавии муносибати давлатҳо мусоидат хоҳад кард. Ин чорабиниҳо омиле буд барои паст шудани шиддати вазъият дар Европа ва пойдор намудани аминяти давлатҳо.

Дар ҳуҷҷат созишҳое низ ҳастанд, ки ба ҳамкории иқтисодии давлатҳо дахл намуда, роҳу шаклҳои асо­сии чунин ҳамкориро муайян мекунанд.

Ҳуҷҷати хотимавӣ ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маданият, маориф, ахборот, равобити одамон ва ғ. низ дахл намудааст.

Маҷлис ба марҳалаи нави пастшавии шиддати вазъият ибтидо гузошта, дахлнопазирии сарҳади Европаро эътироф намуд, имконпазирии ҳам­корӣ ва ҳамзистии осоиштаи дав­латҳои сохти ҷамъиятиашон гуногунро собит намуд. Паъди анҷоми М. вазифаи аввалиндараҷаи иштирокчиёни он ба амал татбиқ намуда­ни созишномаҳо буд. Мавқеи Иттифоқи Советиро оид ба ин масъала съездҳои 25-ум ва 26-ум и КПСС муайян намуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …