Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАБУРҒАИ ГОВАК

ҚАБУРҒАИ ГОВАК

ҚАБУРҒАИ ГОВАК (Scabiosa), ҷинси гиёҳҳои як ё бисьёрсолаест аз оилаи ғузахоракиҳо. Баргаш одатан пармонанд, гулаш думчадарози 5-гулбарга. Дар СССР 28 намуд Қ. г. аз ҷумла 4 намудаш (S. alpostris ва S. songorica — гиёҳи бисьёрсола; S. micrantha ва S. olivieri — гиёҳи як-сола) дар нишебиҳои серсангу шағал, маҳалҳои регхоку гилхоки доманакуҳ, пасткуҳ ва баландкуҳи Тоҷикистон меруяд.

kaburghai-govak

Гули Қ. г. сершаҳд аст. Онро чун гул низ (S. coucasica — гиёҳи бисёрсола, гулаш кабуди калон-калон; S .atropurpyrea — гиёҳи яксола, гулаш гуногунранга махмалӣ) мепарваранд. Бисьёр намудҳои Қ. г. растаниҳои хуроки чорвоанд. S. sativus растании техникист, решаи онро дар тиб истифода мебаранд; тухмаш 28 —31% равған дорад.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …