Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Обь

Дарёи Обь

Обь, яке аз калонтарин дарёҳои СССР ва ҷаҳон; дар обгузаронӣ баъди Енисей ва Лена сеюмин дарёи Иттифоқи Советист. Аз ҳамроҳшавии дарёҳои Бия ва Катун (дар Олтой) ба вуҷуд меояд. Аз Ҷануб ба Шимол территорияи Сибири Ғарбиро бурида мегузарад ва пеш аз ба халиҷаки Оби баҳри Кара ҷорӣ шуданаш делтаро (масоҳат беш аз 4 ҳазор километр2) ташкил медиҳад. Тӯли дарё 3650 километр (аз сарҳади дарёи Иртиш 5410 километр); масоҳати ҳавзааш 2990 ҳазор килоиетр2.

Қисми асосии ҳавзаи дарё (тақрибан 85%) дар ҳамвории Си­бири Ғарби ва қисми ҷануби шарқиаш дар кӯҳҳои Сибири Ҷанубӣ (Олтой, Алатови Кузнеск, қири Салаир ва Шорияи Кӯҳӣ) воқеъ гаштааст. Шумораи умумии дарёҳои ҳавза беш аз 150 ҳазор Шароитҳои табиию геог­рафии ҳавзаи Обь гуногун аст: қисми ҷанубиаш—нимбиёбон, шимолиаш — тундра. Қисми зиёди ҳавзаро бешаю ботлоқзор фаро гирифтааст. Аз рӯи хусусияти шабакаи дарёбӣ, манбаи об ва режими об дарьё ба 3 қисм ҷудо мешавад: болоӣ (то резишгоҳи Томь), миёна (то резишгоҳи Ир­тиш) ва поёнӣ (то халиҷаки Обь).

Қисми болоии ҳавза дар кӯҳсор воқеъ гаштааст, ки маҳз аз ҳамин ҷо саробҳои Обь Бия, Катун ва чандин шохобҳои он — Песчаная, Ануй, Чарыш, Алей (аз чап) ва Чумыш, Иня (аз рост) ибтидо меёбанд. Пас аз ин водии дарё ва дарёбоди он рӯ ба самти шаҳри Барнаул торафт васеъ шу­да меравад. Дар поёнтари резишго-ҳи Том, хусусан Чулым, Обь ба дарёи дуробе табдил меёбад ва то ба Иртыш ҳамроҳ шуданаш аз тайга мегузарад. Шохобҳои калони Обь : Том, Чулым, Кет, Вах, Тромъеган, Лямин, Незим (аз рост), Шегарка, Чая, Парабел, Васюган, Югани Калон, Салими Калон, Иртыш (аз чап). Баъди ҳамроҳ шудани дарё Иртыш ба самти Шимол тоб хӯрда, бари води дар баъзе ҷойҳо то 50 километр зиёд шуда меравад.

Аз резишгоҳи дарёи Иртыш то ш. Перегребное чуқурии маҷрои Обь аз 4—4,5 метр кам набуда, каме поёнтар он ба Обьи Калон ва Обьи Хурд тақсим мешавад, ки баъди як шуда­ни (онҳо чуқурии маҷрои дарё бештар аз 10 метрро ташкил медиҳад. Шохобҳои асосии поёноби Обь : Козим, Полуй (аз рост), Сосваи Шимолӣ ва Шучя (аз чап). Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи об аз 1470 метр3/сония (дар назди шаҳри Барнаул) -то 12 300 метр3/сония (дар назди шаҳри Сале­хард) меафзояд.

Сарфи аз ҳама зиёди об мувофиқан аз 9690 метра/сония то 42 800 метр/сония. Давраи яхбандӣ дар болооби дарё 150 ва поёнобаш 220 рӯз давом мекунад. Ҳавзаи дарё дорои захираҳои гуногуни табиист. Аз рӯи захираҳои пешакӣ муайянгардидаи нефт, газ ва ангипгт Сиби­ри Ғарбӣ дар СССР яке аз ҷойҳои аввалинро мегирад. Об ва халиҷаки Обь қариб4 50 хел моҳӣ дорад, ки нисфи он шикорбоб аст. Дар Обь О. ГЭС- ҳои Новосибирск, Бухтарма ва Уст- Каменогорск сохта шудаанд Обь ма­гистрали асосии нақлиёти Сибири Ғарбӣ буда, аз саргаҳ то резишгоҳаш киштигард аст. Бандару истгоҳҳои ҳавзаи Обь : Барнаул, Новоси­бирск, Томск, Сургут, Лабытнанги, Павлодар, Омск, Тоболск, Тюмен, Салехард.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …