Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Обь

Дарёи Обь

Обь, яке аз калонтарин дарёхои СССР ва чахон; дар обгузарони баъди Енисей ва Лена сеюмин дарёи Иттифоки Советист. Аз хамрохшавии дарёхои Бия ва Катун (дар Олтой) ба вучуд меояд. Аз Чануб ба Шимол территорияи Сибири Гарбиро бурида мегузарад ва пеш аз ба халичаки Оби бахри Кара чори шуданаш делтаро (масохат беш аз 4 хазор километр2) ташкил медихад. Тули дарё 3650 километр (аз сархади дарёи Иртиш 5410 километр); масохати хавзааш 2990 хазор килоиетр2.

Кисми асосии хавзаи дарё (такрибан 85%) дар хамвории Си­бири Гарби ва кисми чануби шаркиаш дар куххои Сибири Чануби (Олтой, Алатови Кузнеск, кири Салаир ва Шорияи Кухи) вокеъ гаштааст. Шумораи умумии дарёхои хавза беш аз 150 хазор Шароитхои табиию геог­рафии хавзаи Обь гуногун аст: кисми чанубиаш—нимбиёбон, шимолиаш — тундра. Кисми зиёди хавзаро бешаю ботлокзор фаро гирифтааст. Аз руи хусусияти шабакаи дарёби, манбаи об ва режими об дарьё ба 3 кисм чудо мешавад: болои (то резишгохи Томь), миёна (то резишгохи Ир­тиш) ва поёни (то халичаки Обь).

Кисми болоии хавза дар кухсор вокеъ гаштааст, ки махз аз хамин чо саробхои Обь Бия, Катун ва чандин шохобхои он — Песчаная, Ануй, Чарыш, Алей (аз чап) ва Чумыш, Иня (аз рост) ибтидо меёбанд. Пас аз ин водии дарё ва дарёбоди он ру ба самти шахри Барнаул торафт васеъ шу­да меравад. Дар поёнтари резишго-хи Том, хусусан Чулым, Обь ба дарёи дуробе табдил меёбад ва то ба Иртыш хамрох шуданаш аз тайга мегузарад. Шохобхои калони Обь : Том, Чулым, Кет, Вах, Тромъеган, Лямин, Незим (аз рост), Шегарка, Чая, Парабел, Васюган, Югани Калон, Салими Калон, Иртыш (аз чап). Баъди хамрох шудани дарё Иртыш ба самти Шимол тоб хурда, бари води дар баъзе чойхо то 50 километр зиёд шуда меравад.

Аз резишгохи дарёи Иртыш то ш. Перегребное чукурии мачрои Обь аз 4—4,5 метр кам набуда, каме поёнтар он ба Обьи Калон ва Обьи Хурд таксим мешавад, ки баъди як шуда­ни (онхо чукурии мачрои дарё бештар аз 10 метрро ташкил медихад. Шохобхои асосии поёноби Обь : Козим, Полуй (аз рост), Сосваи Шимоли ва Шучя (аз чап). Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи об аз 1470 метр3/сония (дар назди шахри Барнаул) -то 12 300 метр3/сония (дар назди шахри Сале­хард) меафзояд.

Сарфи аз хама зиёди об мувофикан аз 9690 метра/сония то 42 800 метр/сония. Давраи яхбанди дар болооби дарё 150 ва поёнобаш 220 руз давом мекунад. Хавзаи дарё дорои захирахои гуногуни табиист. Аз руи захирахои пешаки муайянгардидаи нефт, газ ва ангипгт Сиби­ри Гарби дар СССР яке аз чойхои аввалинро мегирад. Об ва халичаки Обь кариб4 50 хел мохи дорад, ки нисфи он шикорбоб аст. Дар Обь О. ГЭС- хои Новосибирск, Бухтарма ва Уст- Каменогорск сохта шудаанд Обь ма­гистрали асосии наклиёти Сибири Гарби буда, аз саргах то резишгохаш киштигард аст. Бандару истгоххои хавзаи Обь : Барнаул, Новоси­бирск, Томск, Сургут, Лабытнанги, Павлодар, Омск, Тоболск, Тюмен, Салехард.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …