Маълумоти охирин

ЧОРБОҒ

ЧОРБОҒ, чаҳорбоғ, боғи маданнят ва истироҳат, боғеро гӯянд, ки дарахтони мевадору сояафкан, гулзор, кӯчабоғу гулгаштҳо дорад ва ҷои сайру гашт ва истироҳати аҳолист. Дар Чорбоғ барои ороишу зебоӣ гулзорҳои гуногун (гулнақш, гулхат ва ғ.) ва сабзамайдон бунёд мекунанд, муҷассамаҳои гуногун, ҳавзу фаввораҳо месозанд.

chorbogh

Аввалин Чорбоғҳои қадимӣ дар Миср (ҳазораи 2 то м.) пайдо шудаанд, ки атрофашон дарахтзору токзор буд. Баъдтар Чорбоғ дар Бобул (а. 9 то м.) инкишоф ёфт. Чорбоғҳои Бобул ҷои сайругашт, хурсандӣ ва шикор буданд. Алалхусус боғи Семирамида (завҷаи шоҳи Бобул) -и Осмаро яке аз ҳафт мӯъҷизаи дуньё меҳисобанд. Аз Чорбоғҳои анъававии Шарқ Чорбоғҳои Эрон боқӣ мондаанд, ки юнониён онҳоро «ҷаннат» гуфтаанд. Чорбоғҳои. Эрон дар миёнаҷо ҳавз доштанд, ки дар он мурғони обӣ (қу, ғоз ва ғ.) шино мекарданд. Аз миёнаи боғ наҳри калон мегузашт, ки ба ҷӯйҳо тақсим мешуд; дар баъзе ҷӯйҳо шаршараҳо месохтанд. Дарахтон ва гулҳоро ба тартиби муайян мешинонданд. Дар Чорбоғ дарахтони зебову сояафкани сарв, шамшод, сада, нормушк, нахл мешинонданд, дар атрофи ҳавзҳо курсиҳон зебову нақшин мегузоштанд. Баъзе гулу растаниҳои сабзро дар зарфҳои сангин кӯчат мекарданд. Роҳрави байни гулзорҳоро баландтар месохтанд, ки ин барои дер нигоҳ доштани намии гулзор мусоидат мекард. Оби ҳавзҳо тавассути новачаҳо ба ҷӯйҳо мерехт. Ба таги ҷӯю ҳавзҳо хишти рангаи сафолин мечинданд.

Чорбоғсозӣ дар Осиёи Миёна ҳам анъанаи қадимист ва махсусан дар асрҳои 14—15 хеле инкишоф ёфтааст. Чорбоғҳои Осиёи Миёна аз марказ ба чор самт роҳравҳои хурду калон доштаанд, ки қад-қади онҳо даpaxтони сояафкани сада, чинор, тут, санавбар, бед мешинонданд Вақти шинондони гулу дарахтон чор фасли солро ба ҳисоб мегирифтанд. Ин Чорбоғҳо ҷӯй, ҳавз, фаввора ва шаршараҳои хурд ҳам доштанд. Мас., асрҳои 14—15 дар воҳаи Самарқанд Чорбоғҳои Боғи Биҳишт, Боғи Шоҳрух, Боғи Дилкушо, Боғи Шамол, Боғи Зоғон, Боғи Баланд, Боғи Чинор, Боғи Нав, Боғи Ҷаҳоннамо ва ғ. машҳур буданд.

Дар Тоҷикистон Чорбоғҳои замонавиро баъди Революцияи Кабири Социалистии Октябрь сохтанд. Онҳо барои истироҳати хуби аҳолӣ чойхонаву ошхона, майдончаҳои гуногуни спортӣ, концертӣ, рақс ва атракционҳои гуногун доранд. Чорбоғҳои замонавӣ як навъ муассисаи маданию маърифатист, ки кори он ба тарбияи коммунистии меҳнаткашон, баланд бардоштани фаъолияти чамъиятиву истеҳсолӣ ва ташаккули завқи эстетикии онҳо равона шудааст. Ҳоло (1963) дар ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон 34 боғи маданият ва истироҳат ҳаст. Боғи марказии маданият ва истароҳати ба номи В. И. Ленин, Боғи маданият ва истироҳати ба номи С. Айнӣ, Боғи маданият ва истироҳати «Ғалаба», Боғи «Дӯстии халқҳо» ва ғ. Чорбоғҳои калон ва намунавии республикаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …