Маълумоти охирин

ЧАРМГАРӢ

ЧАРМГАРӢ, даббоғӣ, яке аз қадимтарин навъҳои ҳунармандист. Дар замони қадим одамони ибтидоӣ пусти ҳайвонотро ба сифати либос истифода мебурданд. Одамон тадриҷан бо ёрии олоту моддаҳои химиявӣ ош додани пўст, тайёр кардани чарм ва аз он дӯхтани ҳар гуна либосу пойафзол ва ғ.-ро омӯхтанд.

charmgari

Чармгарӣ чун касби махсус дар шаҳру деҳоти Осиёи Миёна ҳам ривоҷ дошт. То ибт. а. 20 дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон — Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Хуҷанд, Ӯротеппа, инчунин дар Кӯлобу Балҷувон ва ғ. корхонаҳои хурди Чармгарӣ вуҷуд доштанд. Дар ин корхонаҳо аз пўсти гов, шутур, асп, буз, гўсфанд ва ғ. навъҳои гуногуни чарм тайёр мекарданд. Аз чарм пойафзол, либос, телпак медўхтанд, тасма, ғилоф ва афзоли асп (лаҷому рӯкаши зин) месохтанд.

Дар Тоҷикистон аз солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ чармгарон ба артелҳо ва баъд ба з-дҳои Чармгарӣ ҷалб карда шуданд. Дар республика саноати калони Чармгарӣ таракқӣ кард, корҳои меҳнатталаби онҳо механиконида шуданд. 3-дҳои Чармгарии республика соле қариб 86 млн дм2 маҳсулоти чармин мебароранд.     3-дҳои Чармгарии Душанбе ва посёлкаи Ҳисор чармҳои гуногун истеҳсол мекунанд, ки онҳо дар пойафзолдӯзӣ ва чарчинворӣ истифода мешаванд.                       И. Наботов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …