Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 25)

Техника

МОШИНИ ЭЛЕКТРӢ

moshini-elektri

МОШИНИ ЭЛЕКТРӢ, мошинест, ки дар он энергияи механикӣ ба энергияи электрӣ (генератор) ё энергияи электрӣ ба энергияи механика (муҳаррик) ё худ як шакли энергияи электрӣ ба дигар шакли энергияи электрӣ табдил меёбад. Ниг. Мошин, Муҳаррики электрӣ, Генератори электрӣ.

Муфассал »

МОШИНИ ШОНАКУНӢ

МОШИНИ ШОНАКУНӢ, Mошини тинг-тинг, мошинест дар истеҳсолоти бофандагӣ, ки барои ба нахҳои алоҳида ҷудо кардани (шона кардани) масолеҳи нахдор (пахта, пашм, нахҳои сунъӣ ва ғ.) истифода мешавад; яке аз мошинҳои асосии истеҳсолоти ресмонресӣ ба ҳисоб меравад. Ду гурӯҳи ин мошинҳо маъмуланд: дар гурӯҳи якум масолеҳро ба воситаи кардҳо (тасмаҳои металлии …

Муфассал »

МОШИНИ ТРИКОТАЖ

trikotaj

МОШИНИ ТРИКОТАЖ, мошинест барои бо роҳи механикӣ бофтани матои трикотажӣ ё маснуоти донабоф (мас., ҷӯроб, дастпӯшак). Мошини трикотаж аз ресмон ҳалқаҳо ҳосил карда ва ин ҳалқаҳоро дар шаклҳои гуногун мебофад (ниг. Бофти тору пуд). Мошинҳои трикотаж аз ҳамдигар вобаста ба таъинот, сохт, намуди сӯзанҳои трикотажбофӣ ва ғ. фарқ доранд. Мас., …

Муфассал »

МОШИНИ КАФШЁР

kafsher

МОШИНИ КАФШЁР, мошинест, ки бо он деталҳоро механикӣ ё автоматӣ кафшер мекунанд. Вобаста ба тарзҳоӣ кафшер навъҳои гуногуни Мошини кафшер мавҷуданд. Мошини кафшери газиро, ки одатан горелкаҳои фаврон дорад, барои кафшер кардани гулбаҳои тунукдевор истифода мебаранд. Бо Мошини кафшери газопрессӣ дарзи кафшершавандаро cap то по то ҳарорати кафшерӣ тафсонда, баъд …

Муфассал »

МОШИНИ ДӮЗАНДАГӢ

moshini-duzandagi

МОШИНИ ДӮЗАНДАГӢ, мошинест барои ба ҳам пайвастан ё оро додани ҷузъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ. Мошини даравро дар саноати дӯзандагӣ, трикотаж, пойафзол, чарчинворӣ ва ғ., инчунин дар рӯзгор истифода ме­баранд. Конструкцияи Мошини дарав вобаста ба таъиноташ гуногун меша­вад. Мошини дарав нимаи дуюми асри 18 ихтироъ шудааст. Мошинҳои дӯзандагии ҳозира аз рӯи вазифа …

Муфассал »

МОШИНИ ДАРАВ

moshini-daravi

МОШИНИ ДАРАВ, мошинест ба­рои даравидан, ғун кардан ва кашондани зироати хоҷагии қишлоқ оид ба Мошини дарав дар осори Плиний (асри 1м.) маълумот ҳаст. Такмилу коркарди сохти ҳозираи Мошини дарав ба асри 17 мансуб аст. Назар ба маълумоти акад. В. Ф. Зуев Мошини даравро соли 1781 яроқсозӣ тулагӣ бо ёрии ихтироъ …

Муфассал »

МОШИНИ ГЕРБИЦИДУ АММИАКПОШ

gerbicid

МОШИНИ ГЕРБИЦИДУ АММИАКПОШ, мошинест барои ба хок (ҳангоми шудгор, култивация, кишт ва ғизодиҳии зироат) рехтани маҳлули обии аммиак ва пошидани гербицидҳо бо мақсади нест кардани алафҳои бегона. Дар СССР Мошини гербициду амиакпоши ГАМ (расм) паҳн гаштааст. Қисмҳои асосии кории он: шланги омех­тагари гидравликӣ, зарфи маҳлул, насоси дандопачархдор, такьягоҳи штанга, чумаки …

Муфассал »

МОШИНИ БУҒӢ

moshini-bugi

МОШИНИ БУҒӢ, муҳаррики ҳароратии поршениест, ки энергияи потенциалии буғи обро ба кори меха­никӣ табдил медиҳад. Буғи ба цилиндри Мошини буғӣ дохилшуда васеъ ме­шавад ва поршенро тела медиҳад. Ҳаракати пешраванда-баргардандаи поршень тавассути механизми кривошипӣ ба ҳаракати чархзанандаи навард табил меёбад (расм). Барои камтар талаф шудани гармӣ цилиндрҳои Мошини буғӣ бо буғкурта …

Муфассал »

МОШИН

moshin

МОШИН (аз лот. machina — иншоот), чиҳозест, ки барои тавассути ҳаракати механикӣ аз як шакл ба шакли дигар табдил додани энергия, масолеҳ ё ахборот (информа­ция) хизмат мекунад. Вобаста ба вазифаи асосӣ (чиро бештар табдил медиҳад) Мошнҳо 3 хел мешаванд: энергетикӣ, корӣ ва информационӣ. Мошинҳои энергетикие, ки шакли дилхоҳи энергияро ба …

Муфассал »

МОДУЛЯТОР

modulyator

МОДУЛЯТОР дар радиотехни­ка ва алоқаи дур, чиҳозест ба­рои тағйир додани параметри, m ягон нроцесси физикии мунтазамро ифода мекунанд. Дар радиотехника Модуляторҳо барои тағйир додани амплиту­да, басомад ва фазаи лаппиш таъин шудаанд (ниг. Модуляция). Баъзе намудҳои қувватдиҳандаҳои параметрие, ки басомади сигнали пурқувватшавандаро тағйир медиҳанд, инчунин қувватдиҳандаҳои диалектрикию магнитӣ низ «Модулятор» номида …

Муфассал »