Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 15)

Техника

РАДИО

radio

РАДИО (аз лотинӣ radio — меафканам, radius — нур), 1) Усули бесим бо ёрии радиомавҷҳо аз ҷое ба ҷое фиристодани ахбор аст, ки соли 1895 А. С. Попов кашф кардааст. 2)Соҳаи илм ва техника, ки бо тадқиқи ҳодисаҳои физикии радиофи­зика, радиоалоқа ва радиошунавонӣ алоқаманд аст (ниг. Радиотехника). 3)Ба маънои маҳдуд …

Муфассал »

РАДИАТОР

radiator

РАДИАТОР (аз лотинӣ radio — нур меафканам), 1) асбоби гармкунандаи маъмулест, ки дар системаҳои гармоиши биноҳои истиқо­матӣ, ҷамъиятӣ ва саноатн истифода мешавад. Онро асосан аз чӯян, пӯлод, баъзан аз чини ва сафол тайёр мекунанд. Аз системаи ғулбаҳое иборат аст, ки сексияҳои он ба ҳамдигар васланду андаруни ғулбаҳо оби гарм ёбӯғ …

Муфассал »

ПУТК

ПУТК, мошини зарбазан барои коркарди масолеҳи металлӣ, ки дар истеҳсолоти оҳангарию штампонӣ барои ҳаддодӣ ва штампонии ҳаҷмию варақакунӣ истифода меша­вад. Путкҳои фишангдори дастӣ аз асрҳои 13—14 маълуманд. Соли 1784 Ҷ. Уатт барои ҳаракат кунондани қисмҳои мутақаррики Путк истифода бурдани буғро пешниҳод кард. Амми фақат соли 1842 Ҷ. Несмит аввалии Путки …

Муфассал »

ПУРБИН

mikroskop

ПУРБИН, асбоби оптикиест, ки аз линзаи дар ду тарафаш барҷаста иборат буда, барои калон карда нишон додани ашё таъин шуда­аст. Масофаи фокалии линза ҳар қадар хурд бошад, Пурбин тасвирро ҳа­мон қадар калон карда нишон медиҳад. Вале дар амалия масофаи фоналиро басо хурд кардан имконнопазир аст. Бинобар ин дар Пурбин тасвири …

Муфассал »

ПСИХРОМЕТР

psixrometr

ПСИХРОМЕТР (аз юнонӣ psuchros — хунук па …метр), асбобест барои чен кардани намии ҳаво ва ҳарорати oн. Психрометр оддӣ аз тер­мометрӣ хушк ва тормометри нам иборат аст. Термометри хушк ҳарорати ҳаворо нишон медиҳад. Принсипи кори Психрометрро акад. Г. В. Рихман муайян карда буд. Психрометр стантсионӣ, аспиратсионӣ ва дистансионӣ мешавад. Термометри …

Муфассал »

ПРОГРЕССИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

progressi-ilmi-texniki

ПРОГРЕССИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ, инкишофи ягона, мутақобила ва мунтазами илм ва техникаро гӯянд. Ибтидои Прогресси илмию техникӣ ба замони ис­теҳсолоти мануфактурии асри 16—18, ки дар он фаъолияти илмию назарӣ ва техникӣ ба ҳам наздик мешуд, рост меояд. Истеҳсолоти моддӣ то ин давра аз ҳисоби ғун шудани таҷриба, такмили ҳунармандӣ ва ғайра …

Муфассал »

ПРЕСС

press_podborshchik_415586

ПРЕСС (франсавӣ presse, аз лотинӣ presso — мефишорам, тазйиқ медиҳам), мошини амалаш статикиест (безарба) барои коркарди маҳсулот бо фишор (брекитиронӣ, ҳосил кардани алмоси маснӯъ ва ғайра) . Дар асрҳои 15— 16 дар косибӣ (равғанкашӣ, шаробкашӣ муқовабандӣ ва ғайра) Прессҳои винтии дастиро истифода мебурданд. Сонитар (асрҳои 17—18) Пресси винтиро дар коркарди …

Муфассал »

ПОФИШОР

pedal

ПОФИШОР, попушал, асбобест дар бофандагӣ. Пофишор ду тахтачаест дар даруни чаҳчаи дӯкони бофандагӣ, ки бофанда ҳар кадоми онҳоро бо навбат бо пояш фишор медиҳад (зер мекунад) ва дар натиҷа торҳо зеру боло аз ҳам чудо шуда, барои гузаронидани моку ва пуд роҳ кушода мешавад. Ад.: Айнӣ С., Кул., Ч. 12, …

Муфассал »

Киштии «ПОТЁМКИН»

250px-panteleimon_1906

«ПОТЁМКИН», «Княз Потём­кин Таврический», киштии зиреҳпӯши ҳарбии флота Баҳри Сиёҳ, ки 14—24 июни 1905 дар он матросҳо шӯриш бардошта буданд (роҳбаронаш Г. Н. Вакуленчук ва А. Н. Ма­тюшенко) . Матросҳои шӯришбардошта (730 кас) дар зери байрақи сурх «Потёмкин»-ро ба Одесса, ки дар он ҷо корпартоии умумии коргарон давом мекард, оварданд. …

Муфассал »