Маълумоти охирин
Главная / Техника / Киштии «ПОТЁМКИН»

Киштии «ПОТЁМКИН»

250px-panteleimon_1906

«ПОТЁМКИН», «Княз Потём­кин Таврический», киштии зиреҳпӯши ҳарбии флота Баҳри Сиёҳ, ки 14—24 июни 1905 дар он матросҳо шӯриш бардошта буданд (роҳбаронаш Г. Н. Вакуленчук ва А. Н. Ма­тюшенко) . Матросҳои шӯришбардошта (730 кас) дар зери байрақи сурх «Потёмкин»-ро ба Одесса, ки дар он ҷо корпартоии умумии коргарон давом мекард, оварданд. Ба ташкилотчиёни корпартоӣ муяссар нагардид, ки дигар киштиҳоро ба шӯриш ҷалб намоянд. Шӯришгарони «Потёмкин» низ ба баромади коргарон ҳамроҳ шуда натавонистанд. Аз сабаби набудани ангишт ва хӯрокворӣ  «Потёмкин» ба бандари Конс­тантса рафт. 24 июн ҳайати роҳбарияти киштӣ маҷбур шуд, ки «Потёмкин» -ро ба ҳукуматдорони Руминия супорад. Қисме аз потёмкинчиён соли 1905 ба Россия баргашта ҳабс ва суд шуданд. Аксари ҳайати киштӣ баъди Револютсияи феврал ба ватан баргаштанд. Шӯ­риш дар «Потёмкин»  нахустин баромади оммавии револютсионӣ дар армия ва флота Россия буд ва аз тарафи В. И. Ленин баҳои баланд гирифт.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …