РАТАН—600 (ихтисораи ибораи русии “Радиастрономический телескоп АН СССР”), калонтарин радиотелескопи ҳалқагиест (диаметри халқаи телескоп 600 м), ки дорои антеннаи профилаш тағйирёбанда мебошад. Барои дар диапазони радиомавҷҳо (аз 8 мм то 31 см) тадқиқ намудани манбаъҳои радиоафканишоти кайҳонӣ таъин шудааст. Ратан-600, ки он дар Кавкази Шимолӣ дар наздикии статсаи Зеленчук воқеъ …
Муфассал »РАСТРИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
РАСТРИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ, маҷмӯи хатҳоеро гӯянд, ки ба онзо тасвири ирсолшаванда (дар экрани гулбаи телевизионии ирсол) ё таҷдидшаванда (ҳангоми синтезе он дар экрани кинескоп) таҷзия мешаванд.
Муфассал »РАСТАИ АМАЛИЁТИ ПАЙДАРҲАМ
РАСТАИ АМАЛИЁТИ ПАЙДАРҲАМ, маҷмуи мошинҳоеро гӯянд, ки бо ҳам алоқаманд буда, мувофиқан ба як ритми муштарак аз рӯи просесси ягонаи технологӣ амал мекунанд. Ҷойҳои кор бошанд аз рӯи тартиби просесси технологӣ муқаррар карда мешаванд. Растаи амалиёти пайдарҳам ба иҷрои як ё якчанд амалиёт мувофиқ кунонда мешавад. Растаи амалиёти пайдарҳамро ҷиҳозонда, …
Муфассал »РАСТАИ АВТОМАТӢ
РАСТАИ АВТОМАТӢ, хати автом а т ӣ, системаи мошинҳо, маҷмӯи таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасонест, ки тамоми ҷараёни истеҳсол ё коркарди маҳсули истеҳсолотро автоматӣ ба иҷро мерасонад. Вазифаи ашхоси хизматрасони Растаи автоматӣ аз идора ва назорати кори агрегату қитъаҳои раста, таъмиру соз кардани онҳо иборат аст. Растаҳое, ки дар онҳо барои …
Муфассал »РАКЕТАКАШ
РАКЕТАКАШ, номи киштии зериобию рӯиобӣ ва самолётҳоест, ки бо ракетаҳои таъиноташон стратегӣ ё худ оперативию тактикӣ мусаллаҳанд. Истилоҳи «Ракетакаш» солҳои 50 асри 20, баъди бо яроқҳои ракетӣ мусаллаҳ шудани як қатор мамлакатҳо маъмул гардид.
Муфассал »РАКЕТАИ ЯДРОӢ
РАКЕТАИ ЯДРОӢ, ракетаест, ки бо ёрии муҳаррики ракетии ядро (МРЯ) ҳаракат мекунад. Истифодаи МРЯ имкон медиҳад, ки назар ба мавриди истифодаи муҳаррики ракетии химиявб (МРХ) хеле бештар импулси хос (суръати ихроҷ) ва қувваи кашиши калон ҳосил карда шавад. Дар муҳаррики ракетие, ки реактори ядроӣ дорад, гармии дар натиҷаи реаксияи занҷирии …
Муфассал »РАКЕТАИ ОПЕРАТИВИЮ ТАКТИКӢ
РАКЕТАИ ОПЕРАТИВИЮ ТАКТИКӢ, ракетаи ҷангии синфи «замину замин» аст барои зарба задан (дар масофаҳои то 1000 км) ба объектҳот муҳими душман; аэродромҳо, воситаҳои ҳуҷуми ядроӣ, бандаргоҳҳои роҳи оҳан, марказҳои таъминот, захираҳои оперативӣ, гурӯҳи- қушунҳо ва ғайра. Диаметри ин навъи ракетаҳо 0,8 м, дарозиашон. 5—10 м, массаи стартиашон то 5 т …
Муфассал »РАКЕТАИ СТРАТЕГӢ
РАКЕТАИ СТРАТЕГӢ, ракетаест барои зарба задан ба объектҳои муҳими стратегӣ — воситаҳои ҳуҷуми ядроӣ, марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва саноати ҳарбӣ, гурӯҳҳои калони қӯшун ва ғайра. Ракетаи стратегӣ воситаи асосии ба масофаи дур бурдани заряди ядроӣ мебошад. Онро аз таҷҳизоти доимии шахтавӣ ва самолёту киштиҳои ҳарбии зериобию рӯиобӣ cap додан мумкин …
Муфассал »РАКЕТАИ МЕТЕОРОЛОГӢ
РАКЕТАИ МЕТЕОРОЛОГӢ, ракетаи геофизикӣ, ракетаест, ки барои тадқиқи қабатҳои болои атмосфера таъин шудааст. Бо ёрии асбобҳои метеорологие, ки дар Ракетаи метеорогӣ ҷой дода мешаванд, ҳарорату фишори атмосфера, зичӣ ва таркиби ҳаво, нурҳои кайҳонӣ, конфигуратсияи майдони магнитии Замин на дигар параметрҳоро тадқиқ мекунанд. Баробари ин спектри нурҳои Офтоб ва қитъаҳои сатҳи …
Муфассал »РАКЕТАИ КАЙҲОНӢ
РАКЕТАИ КАЙҲОНӢ, ракетаи бисёрзинаест барои cap додани аппаратҳои париш ба фазоӣ кайҳон ва ба сӯи ҷирмҳои осмонии дигар. Ракетаи кайҳонӣ барои парвозҳои байнисайёравӣ таъиншуда як ё чанд зинаи иловагӣ дорад, ки онҳо ҳомили бори муфид мебошанд. Ракетаи кайҳониро аввал ба мадори наздизаминӣ мебароранд, сипас онро ба сӯи сайёраи матлуб равона …
Муфассал »