Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАКЕТАИ СТРАТЕГӢ

РАКЕТАИ СТРАТЕГӢ

РАКЕТАИ СТРАТЕГӢ, ракетаест барои зарба задан ба объектҳои муҳими стратегӣ — воситаҳои ҳуҷуми ядроӣ, марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва саноати ҳарбӣ, гурӯҳҳои калони қӯшун ва ғайра. Ракетаи стратегӣ воситаи асосии ба масофаи дур бурдани заряди ядроӣ мебошад. Онро аз таҷҳизоти доимии шахтавӣ ва самолёту киштиҳои ҳарбии зериобию рӯиобӣ cap додан мумкин аст. Ракетаҳои байниқитъавӣ ва глобалӣ низ ба ракетаҳои стра­тегӣ мансубанд. Ракетаҳои страте­гии советӣ ба масофаҳои номаҳдуд ва баландиҳои садҳо км мепаранд ва басо нишонрасанд. Онҳо системаҳои автономии идоракунӣ дошта, траекторияи ҳаракати онҳоро бо таъсироти беруна дигар наметавон кард. Дар қувваҳои мусаллақи ИМА ра­кетаҳои баллистикии байниқитъавии «Минитмен-2», «Титан-2» ва «Пер­шинг-2» ракетаҳои стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ниг. Аслиҳаи ракетӣ, Ракета.

raketai-strategi

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …