Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАКЕТАИ ОПЕРАТИВИЮ ТАКТИКӢ

РАКЕТАИ ОПЕРАТИВИЮ ТАКТИКӢ

raketai-operativi

РАКЕТАИ ОПЕРАТИВИЮ ТАКТИКӢ, ракетаи ҷангии синфи «замину замин» аст барои зарба задан (дар масофаҳои то 1000 км) ба объектҳот муҳими душман; аэродромҳо, воситаҳои ҳуҷуми ядроӣ, бандаргоҳҳои роҳи оҳан, марказҳои таъминот, захираҳои оперативӣ, гурӯҳи- қушунҳо ва ғайра. Диаметри ин навъи ра­кетаҳо 0,8 м, дарозиашон. 5—10 м, массаи стартиашон то 5 т мешавад.

Ҷузъҳои асосии Ракетаи оперативию тактикӣ: қисми ҳарбгар, корпус, муҳаррик, системаи бортии идоракунӣ. Қисми ҳарбгар конусшакл буда, дар он заряди ҷан­ги (заряди фугасӣ, заряди ядроӣ ва баъзан аслиҳаи химиявӣ) ҷой дода мешавад. Эквиваленти тротилии за­ряди ядроӣ то чанд килотонна шуда метавонад. Корпус барои муттаҳид кардани ҳамаи чузъҳои ракета таъин шудааст. Муҳаррики Ракетаи оперативию тактикӣ бо сӯзишвории сахт кор мекунад. Системаи бортии идо­ракунӣ бо чунон олоту таҷҳизоте таъмин аст, ки онҳо ракетаро аз рӯи траэкторияи пешбинишуда ба нишон аник, бурда мерасонанд. Дар қувваҳои мусаллаҳи ИМА ва РФГ ракетаҳои навъи «Сержант», «Першинг» ва ғайра ба Ракетаи оперативию тактикӣ мансубанд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР бо Ракетаи оперативию тактикӣ қӯшунҳои хушкигард, ҚҲҲ ва ФҲБ мусаллаҳанд. Ниг. низ Аслиҳаи ракетӣ, Ракета.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …