МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи асри 17. Шогирди Миралии Хаттот. Аз овони ҷавонӣ ба нигоришу хушнависӣ, ҳалкорию лаввоҳӣ шуғл дошта, дар айни ҳол санъати наққоширо аз Мирзоалии Мусаввир ва Мираки Исфаҳонӣ омӯхт. Баъди камолоти ҳунар ба Табрез рафта, дар он ҷо девонҳои Саъдӣ, …
Муфассал »МУҲАММАДҲОШИМ
МУҲАММАДҲОШИМ оил. Мавлоно (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1564, Лоҳур), шоири форсизабони Ҳиндустон. Доир ба зиндагӣ ва эҷодиёти ӯ маълумоти кофӣ нест. Вай шоири ғазалсаро буда, дар ҷавонӣ гоҳе «Самоӣ» ва гоҳе «Вофӣ», дар поёни зиндагиаш «Ҳошим» тахаллус кардааст. Ашъори парокандаи ӯ дар баёзу сарчашмаҳои адаби ба назар мерасанл. Мавзӯи …
Муфассал »МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР
МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош, хаттоти охири асри 15 — аввали асри 16. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Табрезу Исфаҳон умр ба сар бурдааст. Шогирди Камолуддин Беҳзод. Дар нигориши мусаввараҳои манзаравӣ, сураткашӣ, сиёҳқаламӣ ва хушнависӣ ҳампояи устодаш буд. Муҳаммадҳайдари Мусаввир дар Табрез як силсила минётурҳо эҷод кардааст, ки …
Муфассал »МУҲАММАДҲАЙДАР
МУҲАММАДҲАЙДАР (1409—1551), муаррих, ходими давлатии Муғул ва Туркистони Шарқӣ, набораи хони ҷағатой Юнус, писархолаи Бобур. Бобур ӯро Мирзоҳайдар номидааст. Муҳаммадҳайдар муаллифи асари таърихии «Таърихи Рашидӣ» (1541— 1547) мебошад, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Ин асар ба таърихи ҳокимони Муғул ва амирони Қошғар бахшида шудааст. Инчунин дар бораи аҷдоди ӯзбекҳо …
Муфассал »МУҲАММАДҚОСИМИ ШОДИШОҲ
МУҲАММАДҚОСИМИ ШОДИШОҲ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Хаташ беназир будааст ва ба гуфтаи муаллифи «Райҳони настаълик» ин ҳунар (санъати хаттотӣ) бо вай хатм аст. Муҳаммадқосими Шодишоҳ аз хушнависон Султон– муҳаммади Нур ва Султонмуҳаммади Хандон санъати хаттотӣ омӯхтааст. Аз намунаи ҳунари ӯ як нусха «Девон» и Хоҷа …
Муфассал »МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ
МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ (соли таваллуд ва Вафоташ номаълум), ҳофиз, бастакор, машшоқи асри 16. Зодгоҳаш Тун (Хуросон), дар Широт фавтидааст. Дар Исфаҳон таҳсил карда, илмҳои бадеъ, қофия, ахлоқ, фалсафа, риёзиётро омӯхтаст. Ӯ овози баланд ва форам дошта, сурудҳои ахлоқӣ, ирфонӣ, фалсафиро ба дараҷаи устодӣ месурудааст. Дар марсияхонӣ устоди ягонаи замон будааст. …
Муфассал »МУҲАММАДӢ
МУҲАММАДӢ (таваллудаш байни солҳои 1508—1510—вафоташ номаълум), мусаввир ва минётурнигори асри 16. Аслан аз Табрез. Писари Султонмуҳаммади Табрезӣ. Санъати минётурнигориро аз падараш, ки яке аз намояндагони Мактаби минётури Табрез ва яке аз ҳунармандони китобхонаи дарбор буд, омӯхта, асарҳои аввалинашро дар пайравии ӯ эҷод кардааст. Яке аз минётурҳои аввалиии Муҳаммадӣ портрети шоҳзода …
Муфассал »МУҲАММАДЮСУФ
МУҲАММАДЮСУФ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор ва наққоши асри 14 форс-тоҷик. Аслан аз Табрез. Дар ороиш, нақшунигор ва кошикории як қатор ёдгоридои меъмории Шаҳрисабз иштирок кардааст. Дар сохтани Оқсароӣ (охири асри 14) ширкат дошта, алалхусус пештоқи бошукӯҳи онро бо нақшунигор ва кошишои беназир оро додааст. Ном ва санаи иморати …
Муфассал »МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ
МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мутахаллис ба Шафеъо ва маъруф ба Пешво. Хаттоти асри 16. Зодгоҳаш деҳаи Убаҳи музофоти Ҳирот. Дар навиштани настаълиқ ва шикаста устод будааст. Муҳаммадшафёъи Ҳиравӣ дар хати шикаста шогирди Мирзо Фасеҳии Ансорист ва дар ин хат ислоҳот ва навигарӣ дохил кардааст. Аксари устодон хати …
Муфассал »МУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ
МУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ (1783, Шероз —1846, ҳамон ҷо), хушнавис ва шоири форс. Падараш Муҳаммадисмоил ном дошт. Лақабаш Мирзо Кӯчак, тахаллуси адабиаш Висол. Муҳаммадшафъёи Шерозӣ ҳамаи навъи хатҳои давр, хусусан, хати насхро хуб менавишт. Ӯ инчунин илмҳои сарфу наҳв, ҳикмат, риёзиёт, мусиқӣ ва арӯзу кофияро мукаммал аз худ карда буд. Аз ӯ …
Муфассал »