Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 77)

Маданият ва санъат

МУЗАҲО

muzaho

МУЗАҲО, дар мифологияи юнониёни қадим олиҳаҳои назм, санъат ва илм. Музаҳоро илҳомбахши шоирону санъаткорон мешумурданд; дар қисми даромади асарҳои атиқа Музаҳоро ситоиш мекарданд. Номи 9 Музаҳо аввалин бор дар «Теогония»-и Гесиод (асри 7 то м.) ёдоварӣ шудааст. Бо номи Музаҳо марбут донистани соҳаҳои ҷудогонаи илм ва санъат дар давраҳои охири …

Муфассал »

МУЗАФФАРАЛӢ

nophoto

МУЗАФФАРАЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 10, намояндаи барҷастан мактаби минётури Табрез. Шогирди Беҳзод. Дар бораи Музаффаралӣ дар асари «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и муаррихи охири асри 16-аввали асри 17 Искандари Муншӣ маълумот ҳаст. Аз гуфтаҳои ин муаррих чунин бармеояд, ки Музаффаралӣ, габр аз минётурнигорӣ, дар суратгарии рӯи девор ҳам …

Муфассал »

МУДАВВАР

МУДАВВАР (ар. —доирашакл, гирд), навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик. Мувофиқи ин санъат мисрае ё байте бояд чунон гуфта шавад, ки агар онро дар доираи чорхона ё ҳаштхона нависанд ва аз ҳар хона ба хондан cap кунанд, мисраъ ё байти дигаре ҳосил мешавад: Ин санъат маҳсули хаёли шоирони шаклпараст буда, …

Муфассал »

МУДАВВАР

nophoto

МУДАВВАР  Ҷамил Пахла (1862, Бейрут —1907, ҳозира), нависандаи араб (Лубнон). Дар Бейрут таҳсили илм кардааст. Дар редакция ж. «Ал-Ҷинон», ки маорифпарвари лубнонӣ Бӯстони Бутрус нашр мекард ва ж. «Ал-Муктатаф», газетаи ислоҳотчиёни мусулмон «Ал-Муайид» кор мекард. Мудаввар бо номи «Тамаддуни мусулмони дар Бағдод» (1888), романи таърихие дорад, ки дар шакли номаҳо …

Муфассал »

«МУВАШШАҲ»

«МУВАШШАҲ», дар мусиқӣ як қатор оҳангҳоеро меноманд, ки асосан дар Андалусия (Марриб) аз замонҳои қадим машҳур гаштаанд. Аз ҷиҳати вазн ва мазмун Мувашшаҳ бештар ба мусиқӣ ва назми халқӣ наздик аст. Дар мақомҳои халқҳои Африкаи Шимолӣ Мувашшаҳ ҳамчун жанри сурудҳои шӯх маъмул мебошад. Аз ҷиҳати мавқеи композиционӣ Мувашшаҳ бо «Сарахбор»-и …

Муфассал »

МУВАШШАҲ

МУВАШШАҲ (ар. — ороста, зиннат додашуда), 1) шеърест ба шакли рубоӣ, қасида, ғазал ва ғ., ки агар калимаҳои аввалу миёнаи мисраъ ё абьёти он ҷамъ карда шавад, номи шахсе аз он мебарояд. Мас.: Маъшуқа дилам ба тири андӯҳ бибаст, Ҳайрон шудаму касе намегирад даст. Мискин тани ман зи пои меҳнат …

Муфассал »

МУВАЙЛИҲӢ Муҳаммад

nophoto

МУВАЙЛИҲӢ Муҳаммад (1868, Қоҳира — 1930), нависандаи араб (Миср). Писари Иброҳими Мувайлиҳӣ. Дар коллеҷи аъёну ашроф «Ал-Анҷал» таҳсил кардааст. Чанде дар Италия ва Париж зиндагӣ карда, дар нашри г. «Урват-ул-вуско» ба Ҷамолуддини Афғонӣ ва ж. «Мисбоҳ-уш-Шарқ» ба падараш ёрӣ додааст. Дар Истамбул «Рисолат-ул-ғуфрон»-и Абулъалои Маарриро нашр кард. Баъди баргаштан ба …

Муфассал »

МУВАЙЛИҲӢ Иброҳим

nophoto

МУВАЙЛИҲӢ Иброҳим (1845, ҳозира— 1905), адиб ва публицисти араб (Миср). Аз оилаи тоҷир. Чун адиб ва публицисти инсондӯст бо очерку мақолаҳо дар бораи авзои сиёсию иҷтимоии ватанаш баромад карда, ҳамроҳи маорифпарвари дигари мисрӣ Муҳаммад Усмони Ҷалол газетаи ҳафтаинаи «Нузҳат-ул-афкор»-ро таъсис додааст. Ба шароити тоқатфарсои сиёсию иҷтимоии ватани худ тоб оварда …

Муфассал »

«МУБОҲИСОТ»

«МУБОҲИСОТ» (ар.— ҷамъи мубоҳиса), рисолаи Ибни Сино. ки масъалаҳои гуногуни фалсафиро дар бар мегирад. «Мубоҳисот» тартибу низоми муайяне надошта, маҷмӯи саволҳоест, ки аксари онҳоро шогирди Ибни Сино Баҳманёр Ибни Марзбон, як қисмашро Абӯмансур Пони Зайла ва дигарон тартиб додаанд. Ибни Сино ба масъалаҳои мухталифи фалсафӣ, аз ҷумла роҷеъ ба муаммои …

Муфассал »

МУБОРАК

nophoto

МУБОРАК (тахалл.; номаш Муборакқадами Абдуллоҳ; 1843, деҳаи Ямг, ҳозира райони Ишкошими ВАБК —1902, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар девони ашъораш худро Мубораки Ваханӣ ном меорад. Аз оилаи деҳқони камбағал. Муборак осори бадеии зиёде доштааст, аммо то имрӯз ёздаҳ асараш дастрас гардидааст: девони ашъор, «Достони тафсири ояти калом дар ҳақиқати муҷодилаи …

Муфассал »