Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 76)

Маданият ва санъат

МАҲРУМ Тиллокчанд

nophoto

МАҲРУМ Тиллокчанд (1. 7. 1887, Гуҷранвала, ноҳияи Мианвалии Панҷоб«—15. 1. 1966), шоири ҳинду. Ба урду менавишт. Асарҳои асосиаш «Каломи Маҳрум» (к. 1—3, 1915—16, 1931), «Рубоиёти Маҳрум» (1934), «Ганҷи маънӣ» (1957). Ашъори шоир аз афкори фалсафӣ саршор аст. Дар зҷодиёти Маҳрум лирикаи пейзажи мавқеи хос дорад. Дар рубоӣ ва қитъаҳои шоир …

Муфассал »

МАҲМУДХОНИ КОШӢ

nophoto

МАҲМУДХОНИ КОШӢ (1813, Теҳрон— 1894, ҳамон ҷо), хушнавис ва наққоши форс-тоҷик. Падараш Муҳаммад Ҳусайнҳои мутахаллис ба Андалеб, писари Фаталихони Сабо, шоҳи Қочор буд. Маҳмудхони Кошӣ илмҳои адабиёт, риёзиёт, ҳикмат ва таърихро аз худ карда буд. Ба­рои соҳиби фазлу камол гардидани ӯ амакаш Муҳаммад Қосимхон кӯмак расонд. Маҳмудхони Кошӣ дар дарбори …

Муфассал »

МАҲМУДИ ҲАКИМ

nophoto

МАҲМУДИ ҲАКИМ (1819, Шероз —1858, ҳамон 40), хушнавис, шоир ва табиби эронӣ. Падараш Висоли Шерозӣ ном дошта, Маҳмуди Ҳаким аз овони ҷавонӣ бо тарбияти ӯ ба камол мерасад ва аз улуми замона баҳравар мегардад. Маҳмуди Ҳаким ба илми тиб таваҷҷӯҳи хосе доштааст ва унвони «Ҳаким»-ро гирифтааст. Ӯ дар замони ҳукмронии …

Муфассал »

МАҲМУДИ ШОНАКӢ

nophoto

МАҲМУДИ ШОНАКӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишинос, созанда ва олими форс-тоҷики асри 15. Дар Ҳирот таваллуд ёфта­аст. Санъати мусиқиро аз мусиқишиносони маъруфи давраш Амир Муртаз, Хоҷа Юсуфи Бурбон омӯхт. Маҳмуди Шонакӣ чун навозанда ва ҳофизи боистеъдоди марсияхон дар Ҳирот ва ноҳияҳои он машҳур буд. Барий такмили ҳунар ба Астаробод, …

Муфассал »

МАҲМУДИ ТОРОБӢ

nophoto

МАҲМУДИ ТОРОБӢ (соли таваллуд номаълум, деҳаи Тороби ш. Бу­хоро — вафот 1238, наздикии ш. Кар­тина), роҳбари шӯриши халқии зидди феодалони муғул ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна 1238). Маҳмуди Торобӣ аз оилаи ҳунарманд буда, ғалберсозӣ мекард. Аз номи зодгоҳаш ӯро Торобӣ номидаанд. Маҳмуди Торобӣ аз хоҳараш касби табибиро низ омӯхта бисёр …

Муфассал »

МАҲМУДИ ТАНБӮРӢ

nophoto

МАҲМУДИ ТАНБӮРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва бастакори охири асри 15 ва аввали асри 16 форс-тоҷик. Дар Ҳирот таваллуд ёфта, дар Табрез ва Бухоро таҳсили илм кардааст. Санъати танбӯрнавозиро дар зодгоҳаш омӯхта, сабки хос пайдо кардааст. Дар сози тан­бӯр оҳангу таронаҳои зиёде офаридааст. «Амали Танбӯрӣ», «Пешрави Маҳмудӣ», «Нақши …

Муфассал »

МАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ

nophoto

МАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ (соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот 4587, Балх), хушнавис ва мусиқидони форс-тоҷик. Падараш Хоҷа Исҳоқи Шаҳобӣ, яке аз соҳибмансабони дарбори Дармешхон буд. Ҳангоми Ҳиротро фатҳ кардани Убайдуллоҳхон (1529) оилаи Маҳмуди Сиёвушонӣ ба Бухоро кӯчид. Дар Бухоро нозукиҳои санъати хаттотиро аз Миралии Ҳиротӣ омӯхта, дар ин пеша забардасти замон …

Муфассал »

МАҲМУДИ СИЁВУШ

nophoto

МАҲМУДИ СИЁВУШ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввари асри 15. форс-тоҷик. Санъати наққоширо дар шероз омӯхт. Ӯ аслан аз Гурҷистон буда, аз овони кӯдакӣ дар назди наққошони Шероз тарбият ёфтааст. Маҳмуди Сиёвуш аз шогирдони Музаффаралии Наққош. Дар хушнависӣ, ҳалкорӣ, заркӯбӣ ва ҷадвалкашӣ моҳир буд, дар пайкарнигорӣ, манзаранигорӣ ва сиёҳқаламӣ сабки …

Муфассал »

МУЗЕИ АЙНӢ

muzey-ayni

МУЗЕИ АЙНӢ, музеи адабии Садриддин Айнӣ, кибо қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони республика соли 1966 дар Душанбе кушода шудааст. Пас аз такмилу коркарди нав ба муносибати 100-солагии зодрӯзи нависанда соли 1978 амалиёту мавҷудияти худро ба сифати Музеи адабии Садриддин Айнӣ давом медиҳад. Музеи Айнӣ 4 фонд дорад: мерос, …

Муфассал »

МУЗДАВИҶ

МУЗДАВИҶ, муздаваҷ (ар.—дугона, ҷуфт). дар илми бадеъ шеъреро меноманд, ки бинои он бар абьёти мустақили мусарраъ — ҳамқофия гузошта шудааст. Аммо дар миёни шоирони форс-тоҷик ба ҷои ин истилоҳ муродифи он — маснавӣ маъмултар гардидааст ва шуарои форс-тоҷик шеъреро, ки ҳар байташ дорои қофияи воҳид ва мустақил бошад, ва Музаҳо, …

Муфассал »