Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 74)

Маданият ва санъат

МАҶНУН

nophoto

МАҶНУН Мулло Ҷахонгирбек (соли таваллуд номаълум — вафот 1896), шоири тоҷик. Аслан аз Марв буда, дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Ба Машҳад, Карбало ва Ҳиндустон сафар кардааст. Пас аз сафар дар Бухоро ба атторӣ машғул буд. Муаллифони тазкираҳо—Возеҳу Мӯҳта­рам ба қудрати шеъргӯии Маҷнун баҳои баланд додаанд. Возеҳ, ки дӯст …

Муфассал »

МАҶНУН

machnun

МАҶНУН Қаҳрамони асосии достонҳои ишқии адабиёти форс-тоҷик ва диг. халқҳои Шарқ, ки бо унвони «Лайлӣ ва Маҷнун» машҳуранд. Аслан Қaйc ном дошта ишқи Лайлӣ ба ҷунун (девонагӣ) гирифтораш карда, тадриҷан номаш аз ёдҳо рафта ба «Маҷнун» («ҷунундор», «девона») машҳур гаштааст. Ниг. «Лайлӣ ва Маҷнун».

Муфассал »

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО»

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи манзуми дузабова (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), ки соли 1821 аз торафи Абдулкарими Фазлии Намангонӣ бо вазни мутакориби мусаммани мақсур таълиф шудааст. Бо номҳои «Маҷмӯаи шоирон» «Маҷмӯаи Умархон» низ маълум аст. Дар тазкира доир ба 75 шоире, ки дар замони Умархони Амирӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маъ­лумоти мухтасар оварда мешавад. …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ»

«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ» асари Cиддиққии Ҳусайнӣ дар боби санъати бадеӣ ва нақди шеър, ки соли 1650 таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» аз муқаддимаи мухтасар, фаслҳои «Дар тақсими калом», «Дар баёни бадоеи лафзӣ», «Дар зикри саноеи маънавӣ», «Дар сиркоти шеър» ва хотима иборат суда, дар он 73 санъати ба­деӣ, 10 навъи шеър ва 9 истилоҳи …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС»

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС» тазкира, таълифи Сироҷуддин Алихоҷа Орзу (тақр. 1085—1775). Дар Ҳиндустон таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» тақрибан дар бораи 1735 шоири форс- тоҷик маълумот медиҳад, Суханварон дар тазкира ба тартиби алиф­бои арабӣ ҷой гирифтаанд (аз Абӯязид (Боязид)-и Бастомӣ то Яктон Кашмирӣ). Шарҳи ҳоли баъзе шо­ирон муфассалтар ва баъзе нисбатан мухтасар омадааст. Хусусан маълу­моти …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ»

«МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ» асари космографии олим ва сайёҳи тоҷик Султонмуҳаммад ибни Дарвешмуҳаммади Балхӣ, ки миёнаи а. 16 дар Балх (Афғонистон) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Иншои асар ба с-ҳои 1575—76 рост меояд. «Маҷмаъ-ул-ғароиб» мансуби жанри космографии «Аҷоибот» буда, дар адабиёти геог­рафии форсу ағози асримиёнагӣ шӯҳрат дошт. Асари Балхӣ қариб 20 бобро дар бар …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО» тазкира, таълифи Ризоқулихони Ҳидоят. Таълифаш соли 1857 ба итмом расидааст. «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» тазкираи умумӣ бу­да, дар он доир ба ҳаёту осори 865 тан шоирону адибон, шоҳону ҳокимон ва шоҳзодагону амалдорони шоиртабъи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва диг. вилоятҳо, ки аз асри 8 то ҳангоми таъ­лифи тазкира ҳаёт ба cap бурдаанд, …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУРС»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУРС» ё «Фарҳанги Суғурии Ko­рии», фарҳанги тафсирӣ, таълифи Суғурӣ. Таҳрири якуми «Маҷмаъ-ул-фурс» солҳои 1599—1600 поён ёфтааст. Дар таҳри­ри дуюм (1628) муаллиф аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» истифода кардааст. «Маҷмаъ-ул-фурс» аз муқаддима, 28 боб ва мулҳақот иборат аст. Фарҳанг асосан аз калимаҳои форсӣ (тоҷикӣ), (бештар калимаҳои камистеъмол ва архаизмҳо) тартиб ёфтааст. Мулҳақот истиорот, …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО» (номи дигараш — «Ориф-ул- осор»), тазкира, таълифи Бақои Муҳаммад Ориф. Муаллиф ба навиштани тазкира соли 1588 дар ш. Андиҷон cap карда, онро дар ш. Агран Ҳиндустон ба итмом расондааст. «Маҷмаъ-ул-фузало» тазкираи умумист иборат аз муқаддима, се фирқа (боб) ва хотима. Дар муқаддима шарҳи ҳоли чанд тан шуарои араб, дар …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ЛУҒОТ»

«МАҶМАЪ-УЛ-ЛУҒОТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикӣ) таснифи муаррих ва насрнависи форсизабони Ҳинд Абулфазл ибни Муборак (1551—1602), ки дар ҷавониаш тартиб дода будааст. «Маҷмаъ-ул-луғот» асо­сан шарҳу тавзеҳи калимаҳои фор­сии ба назари мусанниф душворфаҳморо дар бар мегирад. Муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» аз материали он истифода бурдааст. «Маҷмаъ-ул-луғот» дар адабиёт бо номи «Ҷомеъ-ул-луғот» ва «Фарҳанги форсӣ» …

Муфассал »