Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 69)

Маданият ва санъат

МИНЕТУР

miniatura

МИНЕТУР, миниатюра (аз лот. minium — киноварь, ранги хоси сурх), асарҳои нафиси санъати тасвирие, ки ҳаҷман хурд буда, усули хоси нигориш доранд; асосан суратҳои барои дастхатҳо эҷодшуда, ин­чунин лавҳаҳои алоҳидаи тасвири табиат, нигоришоти графикӣ, порт­рет ва суратҳои хурди бо мино, рангҳои обӣ ва ғ. офаридашуда. Санъати Минетур ва ороиши китоб …

Муфассал »

МИМ

mim

МИМ (f), номи ҳарфи 24-уми алифбои арабӣ ва 28-уми алифбои арабиасоси тоҷикӣ. Овозе, ки ин зарф ифода мекард, дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ бо ҳарфи «т» ва аз соли 1940 дар таркиби алифбои русиасоси тоҷикӣ бо ҳарфи «м» ифо­да меёбад. Дар абҷад қимати ададии Мим ба 40 баробар аст. Дар шеъри …

Муфассал »

МИЛЬТОН

milton

МИЛЬТОН, Милтон (Milton) Ҷон (9.12.1608, Лондон — 8/11.1674, ҳамон ҷо), шоир, ходими ҷамъиятӣ ва мутафаккири англис. Аз оилаи нотариус. Университети Кембриҷро тамом кардааст (1632). Иштирокчии фаъоли муборизаи сиёсии давраи Револютсияи буржуазии Англия дар асри 17. Солҳои 40—50 ҳамчун публицисти намоён памфлетҳо навишта, ба муқобили сиёсати иртиҷоии цензура баромада («Ареопагитика», 1644), …

Муфассал »

МИЛЕВ Йордан

milev

МИЛЕВ Йордан (таваллуд 15. 1. 1933, деҳаи Алтимири округа Врачанек), нависанда ва тарҷумони булғор. Унститути «Климент Охридски»-и Софияро хатм намудааст. Солҳои зиёде алманахи «Друж­ба» («Дӯстӣ»)-ро таҳрир мекард. ҳоло сармуҳаррири нашриёти «На­родная младеж». Муаллифи маҷмӯаҳои «Меҳри рангин» (1964), «Рақси оташ», «Қисмат» (ҳар ду 1967), «Монанди ангуштарини Кайвон», «Достони Шарқ» (ҳар ду …

Муфассал »

МИКЕЛАНҶЕЛО

mikelanjelo

МИКЕЛАНҶЕЛО Буонарроти (Micbelangelo Buonarroti, ё худ Микеланҷело ди Лодовико ди Лионардо ди Буонаррото Симони; 6. 3. 1475, Капрезе—18. 2. 1564, Рим), ҳайкалтарош, рассом, меъмор ва шоири италиявӣ. Яке аз бузургтарин намояндагони давраи Эҳё. Фаъолияти пурсамари эҷодиаш дар Рим ва Фло­ренция сурат гирифтааст. Ҳанӯз аз асарҳои аввалниаш (релъефҳои «Олиҳа дар назди …

Муфассал »

МИЗРОБ

mizrob

МИЗРОБ (ар.—нохунак, вахма, медиатор), олотост барои навохтани асбобҳои мусиқии тордор (рубоб, тор, мандолина ва ғ.). Аз масолеҳи гуногун (фулузот, устуҳои, пластмасса ва ғ.) месозанд. Нӯгаш борик. барои навохтани тори созҳо мувофиқ кунонда шудааст. Барои навохтани танбур навъи дигари он­ро (ниг. Нохун) истифода мебаранд. Истилоҳи «Мизроб» бо номи мақомҳо низ ҳамроҳ …

Муфассал »

МИЗОН

МИЗОН (ар.— тарозу) андозаи тактеъ дар мусиқӣ, ки хусусиятҳои зарбу усули онро мефаҳмонад. Мас., Мизони — (ду чорякӣ) ба он ишора менамояд, ки дар ҳар як тактеи оҳангӣ бо ин Мизон навохташаванда ду гурӯҳи зарбҳо мавҷуд бу­да, давомнокии ҳар яке аз онҳо баробари чоряки потаи бутун аст. Мизонҳои мусиқӣ гуногун …

Муфассал »

«МИЁНХОНА»

«МИЁНХОНА», миёнхат, қисмати мусиқист, ки дар шӯъбаи мақомҳо, оҳангу сурудҳои мукаммали халқӣ (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) истифода мешавад. Аслан дар байни усул омада, вазифаи «нақарот»-ро иҷро мекунад. Миёнхона одатан дар регистр (парда)-ҳои миёна вохӯрда, ҳангоми сурудан бо як ё ду мисраи шеър инро карда мешавад, Т. Шаҳобов.

Муфассал »

«МИДОД-УЛ-ХАТ»

«МИДОД-УЛ-ХАТ» (намунаҳои хат), асари Миралии Ҳиҷравӣ, ки ба забони форси-тоҷикӣ таълиф шудааст. Дар хусуси хат, номҳои устодони хушнавис, қоидаҳои навиштан, тарзи тайёр намудани ранг ва воситаҳои китобату навъҳои ҳарфҳо баҳс мекунад. Таърихи таълифи асарро баъди солҳои 1518—19 ҳисобидаанд. Рисола аз муқаддима ва 5 боб иборат аст. Боби 1-ум дар бораи …

Муфассал »

МИАТАЙН

МИАТАЙН (ар. си— дусад), яке аз усулҳои мусиқист. Миатайн дар ҷои 17-уми усули доира ҷойгир буда, дорои 50 зарби дойра, 5 сабаби хафиф ва 23 фосилаи сурро аст. Таснифоти нахустини Миатайнро дар сарчашмаҳои мусиқӣ ба Абдулқодири Мароғаӣ (Гӯянда), ки се навъи усули мусиқӣ — «Зарбулфатҳ», «Чорзарб» ва «Миатайн»-ро кашф кардааст, …

Муфассал »