Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 68)

Маданият ва санъат

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ ДАР ШАҲРИ БУХОРО

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ – ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Аз бузургтарин мадрасаҳои дуқабатаи Бухорост. Солҳои 1568—69 таҳти раёсати яке аз мансабдорони дарбори Абдуллоҳхон — Қулбобои Кӯкалтошӣ сохта шудааст. Шакли боҳашаму ороишоти пурдабдаба дорад. Бандубасташ мураккаб ва мукаммал аст. Мадрасаи Кӯкалтош дорои 160 ҳуҷра, дарсхонаву масҷид ва даҳлези барҳавост. Намои асосии Мадраса …

Муфассал »

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОҲХОН (қош мадраса), ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солҳои 1588—90 дар аҳди Абдуллоҳхони 11 сохта шудааст. Дар рӯ ба рӯи мадрасаи Модари хон ҷойгир аст. Бандубасташ аз дигар мадрасаҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои дуқабата ишғол кардаанд. Ду пештоқ дорад. Пештоқи калон, ки рӯ ба ҷануб аст, …

Муфассал »

МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

СУРАТИ МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН, ёдгории меъмории Хева (1616). Бинои дохили Ичанқалъа. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон бинои начандон калонест, ки ба сабаби дар ҷои танг бунёд ёфтанаш шакли номавзун гирифтааст. Усули синҷбандиаш (чӯби байнаш бо хишт пур карда шуда) ба меъмории халқӣ наздик аст. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшонда шудаанд. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон дорои сақфу сутунҳои …

Муфассал »

МАДРАСАИ БАРОҚХОН

МАДРАСАИ БАРОҚХОН

МАДРАСАИ БАРОҚХОН, ёдгории меъмории охири асри 15 ва ибтидои асри 16 дар Тошкент. Дар аҳди Бароқхон (Наврӯз Аҳмад, ҳукмрониаш 1551—56) бино ёфтааст. Атрофи ҳавлии Мадраса бо қатори ҳуҷраҳо иҳота гардида, аз ду тарафи муқобил пештоқ гузошта шудааст. Пештоқи шарқӣ мӯҳташам буда, бурҷҳояш бо тоқҳои ороишиву ҳошияҳои назаррабо зинат ёфтааст. Пештоқи …

Муфассал »

МАДРАСАИ ГОВКУШОН

madrasai-govkushon

МАДРАСАИ ГОВКУШОН, ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солҳи 1570—71 дар маркази шаҳр бино ёфтааст. Бинобар шакли номавзун доштани ҷои сохтмон, ёдгорӣ шакли номутаносиб гирифтааст ва бандубасташ низ аз мадрасаҳои анъанавӣ фарқ дорад. Қанотҳои паҳлуии намои асосӣ, ки дуқабата аст, аз якдигар аз ҷиҳти андоза ва шакл фарқ мекунанд. Паҳлӯи …

Муфассал »

Мадрасаи Девонбегӣ

Мадрасаи Девонбеги

МАДРАСАИ ДЕВОНБЕГӢ, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро, ки бо ташабоуси вазири Имомқулихон Нодир Девонбегӣ бунёд гардидааст (1623). Мадрасаи Девонбегӣ аслан ба сифати корвонсарой сохта, баъдтар ба Мадраса табдил дода шудааст. Бинобар он дар Мадрасаи Девонбегӣ айвон, масҷид ва дарсхона барин ҷузъҳои хоси Мадраса нестанд. Чор тарафи онро ҳуҷраҳои хурди …

Муфассал »

ЖУРНАЛИ МАДАНИЯТИ ТОҶИКИСТОН

«МАДАНИЯТИ ТОҶИКИСТОН», журнали вазорати маданияти РСС Тоҷикистон. Соли 1957 таъсис ёфт ва соли 1959 ҷони он қатъ гардид. «Маданияти Тоҷикистон» моҳе як маротиба бо адади 3000 нусха ба зобони тоҷикӣ нашр мешуд. О. С. Сгародинская.

Муфассал »

МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ

МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ – маданияти археологии мансуб ба халқҳои нимбодиянишине, ки асрҳои 8—9 сокини Подонье ва Наздиазов буданд. Ин маданият дар давраи гузариш ба ҳаёти муқимӣ ва ташаккули муносибатҳои феодалӣ дар байни бодиянишинҳо, ки ба ҳайати хоқонии Хазар дохил мешуданд, пайдо шудааст. Асрҳои 9—10 зери зарбаи печанакҳо барҳам хӯрд. Бештар …

Муфассал »

МИНОВӢ

mesheryakov

МИНОВӢ    Муҷтабо (1900, Теҳрон —1975, ҳамон ҷо), адабиётшиноси эронӣ. Дорулмуаллимини олии ш. Теҳронро хатм кардааст. Аввалҳо муаллим буд. Солҳои 1929— 30 роҳбарии студентони эрониро дар Париж ва Лондон ба ӯҳда дошт. Пас аз чанд сол ба Эрон баргашт ва соли 1936 боа ба Лондон рафт ва қа­риб чор сол он …

Муфассал »

МИНИАТЮРА

miniatura-teatr

МИНИАТЮРА, дар адабиёт, театр, цирк ва эстрада, асар­ҳои ҳаҷман хурд — ҳикояи хурд, водевиль, интермедия, саҳначаҳои хореографӣ ва мусиқӣ, масхарабозӣ ва ғ-ро дар бар гирифта метавонад. Ниг. низ Театри миниатюра.  

Муфассал »