Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 57)

Маданият ва санъат

Абдулҳамиди Муҳманд

Абдулҳамиди Муҳманд (1660 – 1732), шоири афғон (пашту- забон). Тахаллусаш Мӯшикоф. Дар анвои шеъри классикии форс-тоҷик – ғазал, рубоӣ, маснавӣ ва шакли шеърии мухаммас асар эҷод карда­аст. Ақоиду андешаҳои ахлоқӣ ва тасаввуфиаш дар маҷмӯаи ашъораш – «Дурру Марҷон» ифода ёфтаанд. Азбаски дар шеър пайрави Мирзо Абдулқодири Бедил буд, бо номи …

Муфассал »

Абдулҳамиди Котиб

Абдулҳамиди Котиб Абуғолиб Абдулҳамид ибни Яҳё ибни Саъд (680 – 750), нависанда, котиб (дабир)-и арабизабони эронинажод. Дар оғози фаъолият дар шаҳрҳои гуногуни Ироқ ба таълими кӯдакон машғул шудааст. Баъдан дар дево­ни халифаҳо Язид ибни Абдулмалик (ҳукмрониаш 720 – 724), Ҳишом ибни Аб­дулмалик (ҳукмрониаш 724 – 743) ва охирин халифаи умавӣ …

Муфассал »

Абдулҳақи Деҳлавӣ

Абдулҳақи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ (тақрибан 1551, Деҳлӣ, – 1642, ҳамон ҷо), суфии маъруф, шоир, муаррихи таърихи ислом ва географ. Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдуҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ …

Муфассал »

Абдулҳай Собирзода

Абдулҳай Собирзода (1869, де­ҳаи Чормағзаки Қаротегин – 1951, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар наз­ди падараш савод бароварда, сипас таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Қӯқанд давом додааст. Баъд аз хат- ми Мадраса ба зодгохаш баргашт ва ба дехконй машгул шуд. Ба шеъру шоирӣ дар айёми таҳсил майлу рағбат пайдо кард. Аз …

Муфассал »

Абдулмӯъмини Ҳофиз

Абдулмӯъмини Ҳофиз (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, са­роянда ва оҳангсози форсу тоҷик (асри 14 – 15), намояндаи машҳури мактаби мусиқии Самарқанди замони Темуриён. Аз аҳли Самарқанд буда, дар назди Абдулқодири Гӯянда асосҳои назариявӣ ва амалии шеъру мусиқиро омӯхтааст. Дар ҳофизӣ яке аз санъатварони маъруфи замон буд ва дар дарбори …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шабистарӣ

Абдуллоҳи Шабистарӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Аз авлоди Маҳмуди Шабистарӣ. Дар Самар­қанд, Ҳирот ва Осиёи Хурд зиндагиву таҳсил ва эҷод кардааст. Дар илмҳои таърих, ирфон, хусусан риёзиёт яке аз зубдаҳои даврон эътироф гардидааст. Соли 1520 аз Самарқанд ба Осиёи Хурд сафар карда, ба хидмати дарбори …

Муфассал »

Абдуллоҳи Тусӣ

Абдуллоҳи Тусӣ (соли таваллудаш но­маълум – вафоташ 1464, Шероз), шоири форс-тоҷик. Аз ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираҳо маълумот кам аст. Дар замони Бобур чун шоир шӯҳрат ёфтааст. Пас аз марги Бо­бур ба Озарбойҷон ва Ироқ рафт. Аз он ҷо ба Шероз омад ва то охири умр он ҷо монд. Абдуллоҳи …

Муфассал »

Абдуллоҳи Нойӣ

Абдуллоҳи Нойӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), навозанда, сароянда ва мусиқидони форсу тоҷик (охири асри 15 ва ибтидои асри 16). Дар Ҳирот таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоии илми мусиқиро низ ҳамон ҷо фаро гирифтааст. Абдуллоҳи Нойӣ дар навохтани най беҳамто буда, овозааш ба бузургтарин шаҳрҳои он давр низ расидааст. Дарвешалии Ҷангӣ …

Муфассал »

Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ

Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва рассоми форс-тоҷик (асри 16). Аз рӯйи сабку услуб намояндаи Мактаби минётураи Бухоро аст, вале дар асарҳои ӯ таъсири анъанаҳои Мактаби минётураи Ҳирот бештар мушоҳида мешавад. Ӯ ин равияро аз устоди худ Маҳмуди Музаҳҳиб омӯхта, ҷиҳатҳои пешқадами санъати минётуранигориро идома додааст. …

Муфассал »

Абдуллоҳи Муншӣ

abdullohi-munshi

Абдуллоҳи Муншӣ ибни Абдулқодир (1796, Малакка – 1854, Макка), нависандаи маорифпарвари Малая ва Индонезия, асосгузори насри бадеӣ ба забони малайӣ. Муншии дарбори ҳукмрони давраш буд. Абдуллоҳи Муншӣ нахустин адиби Малая аст, ки бо маданияти Ғарб шиносоӣ дошта, онро тарғиб кардааст. Ба қалами Абдуллоҳи Муншӣ асарҳои ёддоштию публитсистии «Ҳикоёти Абдуллоҳ» (1849), …

Муфассал »