Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 128)

Маданият ва санъат

Одинсов Арнолд Борисович

Одинсов (тахаллус; фамилия— Одер) Арнолд Борисович (24. 9. 1913, Харков —19. 8. 1971, Москва, қабраш дар Душанбе), нависандаи советии рус. Аз оилаи ҳодими партиявӣ. Аъзои КПСС аз соли 1943. Университети умумииттифоқии коммунистии ба номи Я. М. Свердловро хатм карда­аст (1934). Асарҳояш аз соли 1935 чоп шудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ …

Муфассал »

Огнев Владимир Фёдорович

0

Огнев Владимир Фёдорович (таваллуд 7. 7. 1923, Полтава), адабиётшинос ва мунаққиди советии рус. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945); Институ-ти адабиёти ба но­ми М. Горкийро тамом кардааст. Огнев асосан бо масъалаҳои таърих ва назарияи шеъри муосир, адабиёти халқҳои СССР ва мамлакатҳои сотсиалистӣ машғул буда, мақола ва асарҳояш бештар дар шаклҳои илмию …

Муфассал »

О. Генри

0

О Генри (0. Henry; тахалл.; но­маш Уильям Сидни Портер; 11.9. 1862 Гринсборо, Каролинаи Шимолӣ — 5. 6. 1910, Ню-Йорк), нависандаи америкоӣ. Соли 1894 муҳарриру ношири газетаи ҳафтаинаи ҳаҷвӣ буд ва аввалин таълифоташ дар он ҷо ба табъ расидаанд. Ҳисобчии банк низ буд, камомад кард ва се солро (1898—1901) дар ҳабсхона …

Муфассал »

Огаҳӣ

Огаҳӣ (тахаллус; номаш Myҳаммадризо ибни Эрниёзбек; 1809, деҳаи Қиёти иазди Хевя —1874), шоири ӯзбек, муаррих, олим ва тарҷумон. Мадрасаро хатм кардааст. Забонҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва туркиро хуб медонист. Аз Огаҳӣ девони ашъор бо номи «Таъвиз-ул-ошиқин» (9000 байт, нашр 1905, 1909, Хева), якчанд асари таърихӣ — «Риёз-уд- давла» (1844), «Зубдат-ут-таворих» (1846), …

Муфассал »

Огаҳии Яздӣ

Огаҳии Яздӣ (соли  таваллуд ва вафот) номаълум), шоири эронӣ. Дар 16 умр ба cap бурдааст. Бино ба гуфтаи муаллифи «Тӯҳфаи Сомӣ», Огаҳии Яздӣ шоири пешавар буда, бо дӯзандагӣ рӯз мегузарондааст. Дар «Қомус-ул-аълом» ишора шудааст, ки ӯ тамоми умрашро дар Язд гузаронда ва як бор ба Ҳирот сафар кардааст. Бештар қасидаю …

Муфассал »

Огаҳии Xуросонӣ

Огаҳии Xуросонӣ Мавлоно Ҷамолуддин Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик. Дар чоряки охири асри 15 дар Ҳирот ба дунё омада, то нимаи аввали асри 16 умр ба cap бурдааст. Пас аз таҳсили расмӣ Огаҳии Xуросонӣ дар назди яке аз писарони Ҳусайн Бойқаро — Шоҳғариб хизмат кардааст. Огаҳии …

Муфассал »

Овоза

0

Овоза маҷмӯи пардаҳо, ладҳоест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Ин мақмӯъ аз 6 лад иборат бу­да, номҳои зеринн доранд: «Наврӯз», «Гардония», «Салмак»,       «Гавашт» (Гувашт), «Моя» ва «Щауноз». Дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ладҳои гурӯҳи дуюми сис­темаи қаторовози 17-зинадор, ки баъди мақомҳо меоянд, мансуб будани Овозҳо зикр шудааст. Овозҳо аксаран аз пардаҳои баланди …

Муфассал »

Овози capоянда

0

Овози capоянда дар мусиқӣ, мафҳуми «овози ҳофиз» ба қобилияти сарояндагии одам вобас­та аст. Овоз аз нутқ бо савт, баландии муайян ва кашолёбиаш фарқ меку­над. Овоз дар инсон аз синни кӯдакӣ бо мурури инкишофи шунавоии мусиқӣ ва аппарати овоз пайдо шуда, тадриҷан такомул меёбад (дар синни 13 ба 1,5 октава мерасад). …

Муфассал »

Овоз

0

Овоз, маҷмӯи садоҳои аз ҷиҳати баландӣ, қувва ва оҳанг (тембр) ryногуне, ки бо ёрии аппарати Овози одам ва ҳайвонҳои бо шуш нафаскашанда бароварда мешаванд ҳангоми ҳаракатҳои рефлектории мушаакҳои ҳанҷара (aтсa, сулфа ва ғайра) низ Овоз ба вуҷуд меояд. Ба воситаи Овоз одам эҳсосот ва фикри худро баён мекунад Оид ба …

Муфассал »

Публий Овидий Назон

0

Публий Овидий Назон (Publius Ovidius Naso) (43 то милод— тақрибан 18), шоири римӣ. Шеъри ҳасбиҳолӣ ва асосан, ишқӣ менавишт. Овидий дар достонҳои аввалинаш «Илми ишқ» ва «Давои ишқ» дар муносибатҳои ишқӣ ба хонанда ,насиҳат дода, манзараҳои ҳаёти Римро тасвир кардааст. Достони «Масх» («Метаморфозаҳо») 250 ривояти асотирӣ ва фолклориро доир ба …

Муфассал »