Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 112)

Маданият ва санъат

БОРОДИН Сергей Петрович

borodin-sergey

БОРОДИН Сергей Петрович (25.9.1902, Маскав – 22.6.1974, Тошканд), нависандаи рус. Хатмкардаи Институти олии адабию бадеии ба номи В. Я. Брюсов (1926). Дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (этнографӣ) ширкат доштааст (1923 – Бухоро, 1925-26 – Самар­қанд). Дар Шарқи Дур (1928), Қазоқистон (1929), Тоҷикис­тон (1931), Арманистон (1933) зиндагӣ карда, барои эҷоди асарҳо …

Муфассал »

БОРӢ

nomi-khudovand

БОРӢ, ал-Борӣ (арабӣ – созанда, офаранда ва офаридгор), яке аз номҳои Худованд. Вожаи Борӣ дар Қуръон се бор (ду бор дар сураи Бақара, ояти 54 ва як бор дар сураи Ҳашр, ояти 24) ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ омадааст. Ихтилофи назари муфассирон дар маънои он аз ирҷои калима …

Муфассал »

БОРБАД

borbad

БОРБАД (тақрибан 585-89, Нисо (Нусай), Марв – 628-38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони эронӣ, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи эро­нӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбаз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад. Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба …

Муфассал »

БОРАВЗАНА

boravzana

«БОРАВЗАНА» оҳанги қадимии форс-тоҷик. Номи ин савт дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва дар девони ашъори Манучеҳрии Домғонӣ зикр ёфтааст. Мувофиқи маълумоти онҳо «Боравзана» аз оҳангҳои бағоят гуворои давраи Сосониён будааст.

Муфассал »

БОНУГУШАСПНОМА

shohnoma

«БОНУГУШАСПНОМА» яке аз достонҳои хамосиест, ки дар сабку равияи «Шоҳнома»-и Фир­давсӣ, дар баҳри мутақориб, тақрибан дар асри 11 (дар ҳаҷми 900 байт) таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. Дар ин достон аз корнамоиҳо, ҷангу набардҳои Бонугушасп – духтари Рустам сухан меравад. Дар достонҳои «Баҳман­нома», «Барзунома» аз Бонугушасп ва ҷангҳояш бо душманон ёд …

Муфассал »

БОНУГУШАСП

images

БОНУГУШАСП яке аз шахсиятҳои қиссаву ривоятҳо, достонҳои хамосии «Баҳманнома», «Барзунома», «Бонугушаспнома» ва ғайра, яке аз духтарони Рустам (модараш холаи Кайқубод). Зане зебо, далер, чусту чолок, паҳлавон буд. Дар майдони набард аз мардон камӣ надошт. Қайсари Рум, Фағфури Чин, баъзе хешовандони Кайковус, Туси паҳлавон – фарзанди Нӯзар ба назди Рус­там ба …

Муфассал »

БОНУ

images

БОНУ (тахаллус; Хейфитс Ситсилия Бенсиановна; 13.3.1911, Любеч, вилояти Чернигови Украина – 1998, Киев), шоира ва тарҷумони рус. Коркуни хидматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1981). Ҳамсари А. Лоҳутӣ. Шуъбаи форсии курсҳои шарқшиносиро соли 1928 дар шаҳри Киев хатм намуда, ба Осиёи Миёна, ба Самарқанд омад. Дар ин ҷо аввал муаллима …

Муфассал »

БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН

bonuvoni-tojikiston

«БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН», маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон. Муассисаш Президенти Тоҷикистон. Аз сентябри 2006 ҳар моҳ бо забони тоҷикӣ (баъзе мавод бо забони русӣ) дар ҳаҷми 32 саҳифа нашр мешавад. Дар маркази вилоятҳо мухбирони худро дорад. Мақсад аз ташкили «Бонувони Тоҷикистон» инъикоси муваффақият ва бозтобу таҳлили мушкилоти бонувони Тоҷикис­тон …

Муфассал »

БОННАР Абел

abel-bonnar

БОННАР Абел (1883, Пуатйе – 1968, Мадрид), нависандаи фаронсавӣ. Фаъолияти эҷодиашро аз рӯзноманигорӣ оғоз намудааст. Ба қалами ӯ китобҳои «Уқёнус ва Бразилия», «Фаронса ва фарзандони гумноми ӯ» (ҳар ду 1919), «Бачагӣ», «Марокаш» (ҳар ду 1929) ва ғайра тааллуқ доранд. Боннар ба «Шоҳнома»-и Фмрдавсӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Соли 1908 достони хамосие …

Муфассал »

БОМШОД

images

БОМШОД (фавт 634, Тайсафун), сароянда, навозанда, мусиқидон ва шоири машҳури замони Сосониён. Ҳунари сознавозию овозхониро дар зодгоҳаш омӯхта, дар дарбори шоҳони Сосонӣ чун ромишгар хидмат кардааст. Бомшод аз ромишгарони замони Борбад буда, дар иҷрои таронаҳои рустоӣ, фаҳлавиёт, достонҳои таърихию хамосӣ, сурудҳои силсилаи ниёишии «Каркуй», «Лоскавӣ», «Уроманӣ» маҳорати баланд доштааст. Бомшод …

Муфассал »