Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 102)

Маданият ва санъат

МУСИҚОР

nay

МУСИҚОР номи яке аз асбобҳои қадими мусиқии классикӣ. Аз ду найи дарозу кӯтоҳи бо ҳам васлшуда, яъне найи бузург (дорои 6 сӯрох) ва найи хурд (дорои 4 ё 3 сӯрох) иборат буда, овози хеле форам доштааст. Мувофиқи маълу-моти баъзе сарчашмаҳо Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ (асрҳои 9—10) ихтироъкори Мусиқор будааст. Аз рӯи …

Муфассал »

МУСИҚОР

musikor

МУСИҚОР (Menuridae), як оилаи паррандаҳост аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш (якҷоя бо думаш) 75—130 сантиметр; параш хокистарранги сиёҳтоб аст. Як ҷинс (Menura) ва 2 намуди М.усиқор (Мусиқори novachollandiae ва Мусиқори alberti) дар Австралияи Ҷануби Шарқӣ паҳн шудааст; ба ҷазираи Тасмания соли 1934 овардаанд. Мусиқор дар ҷангалзорҳои сердарахт зиндагь мекунад. Дар …

Муфассал »

МУСИҚИШИНОСӢ

musikishinosi

МУСИҚИШИНОСӢ, илми мусиқӣ, яке аз соҳаҳои санъатшиносӣ. Мусиқишиносӣ ду соҳаи мустақили илм — Мусиқишиносии назариявӣ ва  Мусиқишиносии т а ъ р и х ӣ, инчунни соҳаҳои бо дигар илмҳо алоқаманди  Мусиқишиносӣ — эстетикаи мусиқӣ, танқиди мусиқӣ, этнографияи мусиқӣ, акустикаи (таркиби овозии) мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегирад.  Мусиқишиносии назариявӣ умуман …

Муфассал »

МУСИҚИИ ҲАРБӢ

musikii-harbi

МУСИҚИИ ҲАРБӢ, асарҳои мусиқиест, ки ҳангоми тантанаи маросим-ҳои ҳарбию ҷамъиятӣ (парад ва ғайра) ва омӯзондани амалиёти низомии қӯшун иҷро мешаванд. Тамоми асарҳои мусиқие, ки дар мавзӯи ҷанг офарида шудаанд, ба Мусиқии ҳарбӣ дохил мешававд. М.усиқии ҳарбӣ аз замонҳои қадим дар Миср, Ошур, Бобул, Филастин, Хитою Ҳиндустон ва мамлакатҳои форсизабон вуҷуд …

Муфассал »

МУСИҚИИ ХАЛҚӢ

musikii-halki

МУСИҚИИ ХАЛҚӢ осори гуногуни мусиқие, ки аз тарафи намоян-дагони халқ эҷод шуда, ҳамранги эҷодиёти даҳании халқ ривоҷ меёбад. Мусиқии халқ урфу одат, фикру андеша, орзуву омол, кору бор ва анъанаи миллии мусиқии ҳар як халқро ифода менамояд. Он дорои шаклу мазмундои гуногун буда, сарчашмаи эҷодии бастакорон ба шумор меравад. Аз …

Муфассал »

МУСИҚИИ ТЕАТРӢ

musikii-teatri

МУСИҚИИ ТЕАТРӢ, мусиқии инструменталию вокалист барои спектакли театрҳои мусиқӣ (опера, балет, оперетта, драмаи мусиқӣ, комедияи мусиқӣ) ва драмавӣ (фоҷиа, драма, комедия ва ғайра). Агар мусиқӣ дар театрҳои мусиқӣ (нигаред опера, драмаи мусиқӣ) воситаи асосии ифо-дакунандаи ҳолату амалиёти образҳо бошад, дар театрҳои драмавӣ он аксаран воситаи ёридиҳанда ба шумор меравад. Мусиқии …

Муфассал »

МУСИҚИИ СИМФОНӢ

musikii-simfoni

МУСИҚИИ СИМФОНӢ, як навъи мусиқии инструменталист, ки асар-ҳои барои оркестри симфонӣ эҷодшударо дар бар мегирад. Дар қатори асарҳои калону мураккаб шаклҳои нисбатан хурду маъмули мусиқӣ низ ба Мусиқии симфонӣ  дохил мешаванд. Жанрҳои муҳимтаринаш — симфония, достони симфонӣ, сюита, консерт, увертюра, фантазия. Бастакорон С. Баласанян (достон-фантазия барои оркестри симфонӣ, 4 сюита …

Муфассал »

МУСИҚИИ РАҚСӢ

musikii-raksi

МУСИҚИИ РАҚСӢ, як навъи мусиқист, ки барои рақс таъин шуда, характер, ритм ва суръати ҳаракатро ифода мекунад. Мусиқии қадимӣ буда, оҳангҳои он дорои ритмҳои гуногунанд. Мусиқии рақсӣ қисми таркибии мусиқии сабук буда, асосан тавассути созҳои мусиқӣ иҷро мегардад. Дар байни халқ барон жанрҳои вокалӣ ҳам рақсҳо мавҷуданд (масалан, дар байни …

Муфассал »

МУСИҚИИ НАФАСӣ

musikii-nafasi

МУСИҚИИ НАФАСӣ, як навъи асари мусиқист, ки барои оркестрҳои нафасӣ эҷод мешавад. Истилоҳи Мусиқии нафасӣ асосаи хоси асарҳои бо оркестри нафасӣ иҷрошаванда буда, ба маънои васеаш асарҳои камеравиро, ки махсус барои асбобҳои мусиқии нафасй (квартет, квинтет ва ғайра) тасниф мегарданд, дар бар мегарад. Барои оркестрҳои нафасӣ бастакорон Ж. Б. Люлли, …

Муфассал »

МУСИҚИИ МУФАРРАҲ

musiki

МУСИҚИИ МУФАРРАҲ, мусиқиест, ки барои доираи васеи шунаван-дагон офарида шуда, дорои мазмуну мундариҷаи на он қадар мураккаб, оҳангу навои равону фасеҳ ва шакли оддӣ мебошад. Ба Мусиқии муфарраҳ намудҳои гуногуни мусиқии рақсӣ, эстрадӣ, марш, увертюраҳои начандон калон, сюита, рапсодия, фантазия (дар асоси оҳангҳо аз операҳои машҳур), оперетта ва балет, сурудҳои …

Муфассал »