Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСИҚИИ ТЕАТРӢ

МУСИҚИИ ТЕАТРӢ

musikii-teatriМУСИҚИИ ТЕАТРӢ, мусиқии инструменталию вокалист барои спектакли театрҳои мусиқӣ (опера, балет, оперетта, драмаи мусиқӣ, комедияи мусиқӣ) ва драмавӣ (фоҷиа, драма, комедия ва ғайра). Агар мусиқӣ дар театрҳои мусиқӣ (нигаред опера, драмаи мусиқӣ) воситаи асосии ифо-дакунандаи ҳолату амалиёти образҳо бошад, дар театрҳои драмавӣ он аксаран воситаи ёридиҳанда ба шумор меравад. Мусиқии театрӣ дар Тоҷикистон бо санъати театрӣ якҷоя ба вуҷуд омадааст. Яке аз аввалин песаҳои тоҷикӣ «Наврӯз ва Гулчеҳра»-и А. Аминзода (1929) дар натиҷаи бомуваффақият истифода шудани мусиқӣ мақбули тамошобинон гашта буд. Дар солҳои аввал Мусиқии театрӣ суруду оҳангҳои маъмули халқиро дар бар мегирифт. Песаи «Духтари чупон»-и А. Валидов спектаклест, ки дар он мусиқӣ ҳамчун воситаи ёридиҳандаи драматургия истифода шуда буд. Фаъолияти эҷодии баста-корони тоҷик — Н. Пӯлодов (мусиқӣ барои «Дили модар» ва «Ховаи Надир»-и Ҷалол Икрамӣ), 3. Шаҳидӣ («Алишер Навоӣ»-и Уйгун ва И. Султовов, «Шаби бисту ҳаштум»-и Ҷалол Икромй, «Арӯси панҷсӯма»-и С. Урдубодй), Ф. Солиев («Шодмон»-и Сотим Улуғзода, «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ҳамза, «Қурбонӣ»-и Р. Такур), А. С. Ленский («Отелло»-и У. Шекспир, «Балво»-и Д. Фурманов), Ш. Сайфиддинов («Ду ишқ, ду забон»-и М. Сайфиддинов), А. Ҳамдамов («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза, «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ) ва дигар бо эҷоди Мусиқии театрӣ зич алоқаманд аст. Бисёр суруду таронаҳо аз спектаклҳои Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ (Душанбе), Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Александр Сергеевич  Пушкин (Ленинобод), Teaтри драмаи мусиқии ба номи Рӯдакӣ (Хоруғ) суруду таронаҳои мустақил гаштаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …