Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 77)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

ШАҲРИСТОН

ШАҲРИСТОН, дар асрҳои миёна аз чор як қисми шаҳрҳои Осиёи Миёна, ки бо деворҳои муҳофизавӣ, иҳота карда мешуд. Дар Шаҳристон ба ҷуз шоҳ (вай дар куҳандиз зиндагӣ менамуд) дигар ҳамаи табақаҳои ҷамъиятӣ мезистанд. Шаҳристон ҳамчун қисми асосии шаҳр дар Бохтар, Суғд ва Марв дар ҳазораи 3 то м. буньёд шудааст. …

Муфассал »

Ноҳияи ШАҲРИНАВ

shahrinav

ШАҲРИНАВ, ноҳияи тобеи марказ. Дар ҳудуди к-зи ба номи В. И. Ленин. .Аҳолиаш 4970 наф. (1986). Ноҳия 3 мактаби миёна, 5 кнтобхона, клуб, 2 кинотеатр, касалхона, шуъбаи алоқа, комб-и нонпазӣ ва цехи лимонад дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорист.

Муфассал »

Димнаи ШАҲРИНАВ

ШАҲРИНАВ, димнаи давраи Kyшониён, ки дар соҳили рости д. Қаратоғ, дар наздикии пос. Шаҳринави p-ни Турсунзодаи РСС Тоҷ. воқест. С. 1946 қисми шим. шарқии онро гуруҳи кофарниҳонии Экспедицияи археологии Суғду Тоҷик ва с.1955 гуруҳи дар Ҳисор будаи он тадқиқ намудааст. Қисми зиёди Шаҳринав дар зери киштзору сохтмонҳо ва роҳи автомобллгарди …

Муфассал »

ШАҲР

city

ШАҲР, маҳалли калони аҳолинишинест, ки сокинони он дар соҳаҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ, идоракунӣ, илм ва маданият кор мекунанд. Шаҳрҳo одатан маркази маъмурӣ ва мадании районҳои атрофи худ мебошанд. Ба Шаҳр. зичии аҳолию биноҳо (бештар биноҳои серошьёна) хос аст. Омилҳои асосии ба категорияи Шаҳрҳо дохил намудани маҳалҳои аҳолинишин чунинанд: шумораи аҳолӣ …

Муфассал »

Деҳаи ШАФТОЛУБОҒ

ШАФТОЛУБОҒ, деҳаест дар С. д Фархори p-ни Фархор, вил. Кулоб. Дар ҳудуди к-зи «Роҳи Ленин». Аз деҳа то район 7 км. Аҳолиаш 890 наф. (1986). Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ.

Муфассал »

ШАРҚИ НАЗДИК

sharki-nazdik

  ШАРҚИ НАЗДИК, номи шартии ҳудуде, ки дар ғарби Осиё ва шим. шарқи Африка воқеъ гаштааст. Ба ҳайати он Миср, Судон, Исроил, Урдун, Сурия, Лубнон, Туркия, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Республикаи Ямани Араб, Республикаи Халқии Демократии Яман, Қувейт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Уммон, ҷаз-ҳои Баҳрайн дар хал. Форс, инчунин Республикаи Кипр …

Муфассал »

ШАРҚИ МИЁНА

sharki-moyona

ШАРҚИ МИЁНА, номи шартии ҳудуди Осиёи Ғарбист, ки байни Европа ва Покистон воқеъ аст. Гоҳо дар адабиёти англисӣ ва америкоӣ ба ҷои истилоҳи Шарқи Наздик меояд, вале бештар ҳамаи мамлакатҳои Шарқи Наздикро якҷоя бо Эрон ва Афғонистон ифода мекунад. Аз ин рӯ Шарқи  Миёнаро аксар вақт алоҳида не, балки дар …

Муфассал »

ШАРҚИ ДУР

sharki-dur

ШАРҚИ ДУР, номи шартии муштараки ҳудуд ва давлатҳое, ки дар шарқи Осиё воқеъ гаштаанд. Ба Шарқӣ Дур канори шарқии СССР (Шарқи Дури советӣ), қисми шарқии Хитой, тамоми Корея (РХДК ва Кореяи ҷанубӣ), Япония ва ҷаз-ҳои Филиппин дохиланд.

Муфассал »

ШАРҚ

shark

ШАРҚ, машриқ, яке аз чор самти дуньёст. Онро ба тоҷикӣ бо ҳарфи Ш. (Шарқ), нем О (Ost) ва анг. Е. (East) ифода мекунанд. Ниг. низ Машриқ.  

Муфассал »

ШАРШАРА

sharshara

ШАРШАРА, шарра, шора, обшор, аз зинаи баланди маҷро ба поён рехтани оби дарьёро гӯянд. Оберо, ки аз чандин зинаи ба ҳам наздик мефарояд, қаторшаршара меноманд. Агар об аз зинаи пасти моил фарояд, онро обғалт мегуянд. Шаршараҳо дар натиҷаи дараи куҳҳоро банд кардани куҳпора ё дар ноҳияҳои ҳамвор ҷинсҳои кӯҳии сахтро …

Муфассал »