Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 44)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Деҳаи ТЕЗГАРИ БОЛО

ТЕЗГАРИ БОЛО, деҳаест дар совети қишлоқи Гулистони раёнии Ленин РСС Тоҷикистон. Дар ҳудуди колхози ба номи В. И. Ленин, аз деҳа то маркази совети қишлоқ 8 км, то район 37 км. Аҳолиаш 1650 нафар (1986). Мактаби миёна, клуб, китобхона, боғчаи бачагон, касалхона, ошхона, хонаи хизмати маишӣ, магазин, нонвойхона дорад. Соҳаи …

Муфассал »

Шаҳри ТЕГУСИГАЛПА

tegusigalpa

ТЕГУСИГАЛПА (Теgucigalpa), пойтахти республикаи Гондурас. Аҳолиаш беш аз 500 ҳазор нафар (1984). Узели роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, чӯббурӣ ва тамоку. Масолеҳи бинокорӣ ва гӯгирд низ истеҳсол мешавад. Дар Тегусигалпа университет (аз 1847), мактаби паламерикоии хоҷагии қишлоқ; Академияи Гондурас, Академили география ва …

Муфассал »

Деҳаи ТЕГИРМӢ

ТЕГИРМӢ, деҳаест дар совети қишлоқи Комсомолободи раёни Комсомолободи РСС Тоҷикистон. Дар ҳудуди совхоз «50-солагии Тоҷикистон». Аз деҳа то маркази совети қишлоқ ва район 7 км. Аҳолиаш 970 нафар (1986). Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ ва шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва боғдорист.

Муфассал »

ТАЪИНИ ҲУДУДИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАҲОИ СОВЕТИИ ОСИЁИ МИЁНА

sssr-xarita

ТАЪИНИ ҲУДУДИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАҲОИ СОВЕТИИ ОСИЁИ МИЁНА, азнавсозии худудию давлатист, ки Ҳокимияти Советӣ мувофиқи хоқишу ризоплтп халқҳои Осиёи Миёна ва сиёс-ати миллии Партияи Коммунистӣ солҳои 1924—25 ба амал баровард; яке аз марҳалаҳои сохтмони давлати иттифоқии советии сосиалистист. Ташкили давлатдории миллии советии халқҳои Осиёи Миёна баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии …

Муфассал »

ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТҲОИ АМЕРИКА

usa-bold-state-names-poster-map

ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТҲОИ АМЕРИКА, иттиҳоди давлатҳои америкоӣ, ки 30 апрели 1948 дар Конференсияи 9-уми умумиамерикоӣ дар Богота (Колумбия) таъсис ёфтааст. Ба ҳайати Ташкилоти давлатҳои Америка 30 давлати Америкаи Лотинӣ ва ШМА дохиданд. То соли 1962 Куба аъзои Ташкилоти давлатҳои Америка буд. Органи олии Ташкилоти давлатҳои Америка — Ассамблеяи генералии ҳарсолаи вазорати …

Муфассал »

Ағбаи ТАХТАҚОРУМ

taxtakorum

ТАХТАҚОРУМ, ағбаест дар қисми шарқии қаторкӯҳи Танимас (раёни Мурғоби ВАБК). Баландиаш аз сатҳи баҳр 4545 м. Ба воситаи ағба аз водии дарёҳои Танимасу Шӯрсу ба сӯи водии Баландкиик роҳи пиёдагарде ҳаст. Ағба фақат ду моҳи тобистон (июл, август) кушодааст. У. Олимов.

Муфассал »

Ағбаи ТАХТАҚАРАЧА

ttt

ТАХТАҚАРАЧА, ағбаеот дар қаторкуҳи Зарафшон, дар байни вилоятҳои Самарқанду Қашқадарёи РСС Узбакистон. Баландиаш 1675 м. Кӯҳҳои қисми шарқии ағба, ки нисбатан баландтаранд, Чақили Калон ва қисми ғарбиаш Қаротеппа ном доранд. Аз Тахтақарача роҳи автомобилгарди Самарқанд — Китоб — Шаҳрисабз мегузарад. Тахтақарача дар байни мардум бо номи ағбаи Китоб низ маъмул …

Муфассал »

Ҷазираи ТАСМАНИЯ

tasmaaniya

ТАСМАНИЯ (Таsmania), ҷазираест дар наздикии соҳилҳои ҷанубу шарқии Австралия. Гулугоҳи Баос Тасманияро аз материк ҷудо мекунад. Тасмания якҷоя бо ҷазираҳои атрофаш (Килг, Флиндерс ва ғайра) штати Иттифоқи Австралияро ташкил медиҳад. Масоҳати штат 68 ҳазор км2. Аҳолиаш 403 ҳазор нафар (1976). Маркази маъмуриаш шаҳри Хобарт. Ҷазира аз пуштакӯҳ ва кӯҳҳои баландиашон …

Муфассал »

ТАСМАН

tasman-bahr

ТАСМАН (баҳри Тасмин — Таsman sea), баҳрест дар уқёнуси Ором, ки байни Австралияю ҷазираи Тасмания дар ғарб ва ҷазираҳои Зеландияи Нав, Норфолк, Каледонияи Нав дар шарқ воқеъ аст. Масоҳаташ 3336 ҳазор км2, чуқуриаш то 5466 м. Бандархои калонаш: Сидней, Брисбен, Нюкасл (Австралия). Баҳр ба шарафи баҳрнаварди голландӣ А. Тасман номида …

Муфассал »

Деҳаи ТАРИКЕНТ

ТАРИКЕНТ, деҳаест дар совети қишлоқи Авзикенти раёни Мастчоҳ вилояти Ленинобод. Аз деҳа то маркази совети қишлоқ 30 км, то район 24 км. Дар Тарикент Иттиҳодияи гӯсфандпарварии байниколхозии раёни Хуҷанд воқеъ гаштааст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш чорводорӣ ва ғаллакорист.

Муфассал »