ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТҲОИ АМЕРИКА, иттиҳоди давлатҳои америкоӣ, ки 30 апрели 1948 дар Конференсияи 9-уми умумиамерикоӣ дар Богота (Колумбия) таъсис ёфтааст. Ба ҳайати Ташкилоти давлатҳои Америка 30 давлати Америкаи Лотинӣ ва ШМА дохиданд.
То соли 1962 Куба аъзои Ташкилоти давлатҳои Америка буд. Органи олии Ташкилоти давлатҳои Америка — Ассамблеяи генералии ҳарсолаи вазорати корҳои хориҷӣ; органи иҷроияаш Совети доимии ТДА. Қароргоҳаш дар шаҳри Вашингтон.