Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 33)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Вилояти ФАРҒОНА

fergana

ФАРҒОНА, вилоятест дар ҳайати РСС Узбакистон 15 январи 1938 ташкил шудааст. Масоҳати 7,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 1900 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 34%. 13 райони маъмурӣ, 8 шаҳр ва 10 птш дорад. Марказаш шаҳри Фарғона. Сатҳи вилоят асосан ҳамвор аст (дашти Қароқалпоқ); набототаш биёбонист. Ҳарорати миёнаи январ —3°С, июл 28°С. …

Муфассал »

Вилояти таърихии ФАРҒОНА

fergana-tar

ФАРҒОНА, Фароғона, Фрағона, Фейхан, Бохан, Полона, Пахаина, вилояти таърихию географиест дар Осиёи Миёна. Фарғона дар давраҳои қадим як қисми ҳудуди ҳозэираи вилояти Ленинобод (раёнҳои Конибодом, Исфара, Ашт)-и РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Фарғона, Намангон, Андиҷони РСС Узбакистон ва вилояти Уши РСС Қирғизистонро дар бар мегирифт. Дар ҳудуди Фарғона бошишгоҳҳои аввалин дар асри …

Муфассал »

Шаҳри ФАРҒОНА

fergana

ФАРҒОНА, шаҳр, маркази вилояти Фарғона. Аҳолиаш 191 ҳазор нафар (1984). Дар Фарғона корхонаҳои саноати таҳвили нефт, химия (нуриҳои-нитрогендор, нахҳои химиявӣ ва ғайра) саноати сабук (заводи пахта, комбинатҳои бофандагӣ, чарми сунъӣ, фабрикаҳои пиллакашӣ, пойафзол, дӯзандагӣ), масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ, заводи «Газоаппарат» ва ТЭС мавҷуданд. 2 донишкадаи олӣ, 5 техникум, 2 театр …

Муфассал »

Шаҳраки ФАРХОР

farxor

ФАРХОР, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 16 октябри 1950), маркази маъмурии раёни Фархори вилояти Кулоб, Аҳолиаш 15,8    ҳазор нафар (1986). Корхонаҳои саноатиаш:         заводҳои пахта, нон, комбинати хизмати маишӣ. Дар посёлка инчунин иттиҳодияи районии «Селхозтехника», колоннаҳои сайёри механиконидаи рақамҳои 17 ва 26, автоколоннаи рақами 1, базаи автомобилии рақами 18, идораи сохтмону таъмир, …

Муфассал »

Ноҳияи ФАРХОР

farxor

ФАРХОР, райони маъмурист дар ҷануби вилояти Кӯлоб. Таъсисаш 23 ноябри 1930. Бо Республикаи Демократии Афғонистон (аз ҷануб ва ҷанубу шарқ) ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1183,1 км. Аҳолиаш 67,1 ҳаазор нафар (1986); 7 Совети қишлоқ (Ватан, Ғайрат, Ғалаба, Гулшан, Деҳқонариқ, Комсомол, Фархор) ва птш (Фархор) дорад. Фархор дар соҳили рости дарёи Панҷ …

Муфассал »

Деҳаи ФАРОБ

ФАРОБ, деҳаест дар раёни Панҷакенти вилояти Ленинобод, маркази совети қишлоқи Фароб. Ҳудуди колхози ба номи Ф. Энгелс. Аз деҳа то маркази район 86 км. Аҳолиаш 3660 нафар (1986), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-солаю миёна, клубу китобхонаҳо, шӯъбаи алоқа, пункти тиббӣ ва ғайра дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллакорӣ, тамокукорӣ, картошкакорӣ ва чорводорист.

Муфассал »

ФАРЕР

farer

ФАРЕР, галаҷазираест дар шимолу шарқи уқёнуси Атлантик. Аз 20 ҷазирачаи вулқонӣ иборат аст. Вилояти автономии Дания. Масоҳаташ 1,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 42 ҳазор нафар (1976). Баландиаш то 682 м. Иқлими Фарер баҳрӣ, ҳарорати миёнаи февр. 4°С,- боришоти солона 1500 мм. Марғаор, ботлоқҳои торфдор, ҷо-ҷо бешаҳои тӯс дорад, Макони паррандаҳост (зиёда …

Муфассал »

ФАЛҒАР

location_of_ayni_district_in_tajikistan

ФАЛҒАР, як ноҳияи болооби Зарафшонро гӯянд. Он дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ ба номи Парғар дучор мешавад, ки маънояш кӯҳистон аст. Тақрибан аз асри 17 ин ҷониб Паргар бо номи Фалғар ёд мешавад. Мувофиқи маълумотҳо сарҳади ғарбии Фалғар то Дашти қозӣ тӯл мекашид. Дар шимолу шарқ деҳаҳои Шамтич ва Дарғ Фалғарро аз …

Муфассал »

Ноҳияи ФАЙЗОБОД

01

ФАЙЗОБОД, райони маъмурии тобеи республикавист дар Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, 14 июни 1931 таъсис ёфтааст; соли 1963 бо райони Орҷоникидзеобод муттаҳид карда шуда, соли 1969 аз нав райони мустақил гардид. Масоҳаташ 1171,5 км2. Аҳолиаш 54 ҳазор нафар (1986). асосан тоҷикон. Ба 5 Совети қишлоқ (Гумбулоқ, Ҷавонон, Қалъаи дашт, Мискинобод, Қадиоб) …

Муфассал »

Шаҳраки ФАЙЗОБОД

01

ФАЙЗОБОД (собиқ деҳаи Дарагиён), посёлка, маркази маъмурии раёни Файзободи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 50 км шарқтари Душанбе воқест. Аҳолиаш 4130 нафар (1986). Корхонаҳояш: заводи шир, сехи нонпазӣ ва комбинати хизмати маишӣ (сехҳои либосу кашидадӯзӣ, таъмири пойафзол, бо роҳи химиявӣ тоза кардани либос, устохонаҳои суратгирӣ, таъмири соат ва радиою телевизор, …

Муфассал »