Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 130)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Пантикапей

pantikapey

Пантикапей (юнонӣ Pantikapai- on), шаҳри атиқа дар Қрими Шарқи (ҳозира шаҳри Керч). Дар нимаи якуми асри 6 то мелод онро зодагони Ми­лет бунёд кардаанд. Шояд пеш ин ҷо тиҷоратгоҳи иониҳо бошад. Номи шаҳр, эҳтимол, аз ибораи эронии пантикапа — роҳи моҳӣ (ишора ба сермоҳигии халиҷи Керч) ба вуҷуд омадааст. Пантикапей …

Муфассал »

Деҳаи Пандовчӣ

Пандовчӣ, деҳаест дар Совети қишлоқ Самсолиқи райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон. Территорияи савхози «Самсолиқ». Аз Пандовчӣ то маркази Совети уишлоқ 10 км, то район 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 360 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — картошкакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Панамагиҳо

panamagiho

Панамагиҳо, халқ, аҳолии асосии Панама. Шумораашон бештар аз 1,7 млн. нафар (1978). Ба забони испанӣ гап мезананд. Аз ҷиҳати антропологӣ қисми зиёди Панамагиҳо (тақрибан 70%)— дурага ва мулатҳо, авлоди колонистҳои испанӣ (асрҳои 16—18) ва халқҳои дертар муҳоҷиршудаи Европа (италиявиҳо ва дигарон) мебошанд, ки бо аборигенҳо— ҳиндиёни маҳаллӣ ва зангиҳои аз …

Муфассал »

Пойтахти Панама

poytaxti_panama

Панама (Раnamа), пойтахти Республикаи Панама. Бандари баҳрӣ дар саргаҳи канали Панама (аз тарафи уқёнуси Ором). Ба воситаи роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард бо бандари Ко­лони соҳили баҳри Кариб алоқаманд аст. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Иқлими шаҳр субэкватории сернам. Ҳарорати миёнаи со­лона 27° С; боришот дар як сол 1500—2000 мм. Аҳолиаш …

Муфассал »

Панама

panama

Панама (Рanama), Республикаи Панама (Republic of Panama), давлатест дар Америкаи Марказӣ, дар гарданаи Панама. Дар IIIарқ ва Ҷанубу Шарқи бо Колумбия, дар Ғарб бо Коста-Рика ҳамсарҳад аст. Аз Шимол онро баҳри Кариб, аз Ҷануб уқёнуси ром иҳота кардаанд. Масоҳаташ 77,08 ҳазор км2 (бо зонаи канали Панама). Аҳолиаш 1,94 млн нафар …

Муфассал »

Посёлкаи Палос

palos

Палос, посёлкаи типи шаҳри (аз 3. 7. 1964), тобеи шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод. Территорияи савхози «Палос». Аз Палос то шаҳри Чкалов 24 км, то стансияи роҳи оҳан «Ленинобод» 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2920 нафар (1981), тоҷикон, русҳо ва ғайраҳо. алос мактаби миёна, клуб, хонаи пионерон, ошхона, пунк­ти тиббӣ, шӯъбаи …

Муфассал »

Шаҳри Палмира

palmira

Палмира (юн. Раlmyra — аз ороӣ, Тадмор), шаҳри қадимае дар шимоли шаҳри Сурия (наздикии шаҳри Тадмори ҳозира), маркази калони тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ. Маълумоти қадимтарин доир ба Палмира ба нимаи якуми ҳазораи 2 то мелод мансуб аст. Дар охири ҳазораи 2 то мелод Палмираро ошуриён хароб карданд, вале асри 10 то …

Муфассал »

Шаҳри Палма

shahri_palma

Палма (Ра1ша), шаҳр ва бандарест дар Испания, дар соҳили ҷануби ғарбии ҷазираи Малорка (ҷазираҳои Балеар). Маркази маъмурии музофоти Балеарес. Аҳолиаш 223 ҳазор нафар (1971). Калонтарин маркази туризм (соле то 2 млн турист). Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, бофандагӣ, шиша ва мошинсозӣ до­рад. Қолин истеҳсол мекунанд. Ба воситаи бандари Палма ба …

Муфассал »

Паллавҳо

palavho

Паллавҳо, қавми ҳукмрон дар давлати Паллавҳо (асрҳои 3—9) дар Ҳиндустони Ҷанубӣ, дар ҳудуди Тамилнади Шимолӣ. Се сулолаи Паллавҳо маълуманд: (асрҳои 3—6; охири асри 6 — миёнаи асри 8; миёнаи асрҳои 8—9). Паллавҳо беш аз ҳама дар аҳди Нарасимхи 1 (асри 7) муқтадир гардиданд. Ӯ Чалукҳои Ғарбии Ватанаро торумор карда, ба …

Муфассал »

Шаҳри Палермо

shahri_palermo

Палермо шаҳр ва бандарест дар ҷануби Италия, дар соҳили шимолии ҷазираи Ситсилия. Маркази маъмурии вилояти Ситсилия ва музофоти Палермо. Аҳолиаш 666 ҳазор нафар (1975). Палермо аз ҷиҳати аҳамияти иқтисодӣ баъди Неапол дуюмин шаҳри ҷануби Италия аст. Корхонаҳои саноатӣ киштисозӣ ва таъмири киштӣ, самолётсозӣ, электротехникаю электроника, мошинсозии хоҷагии қишлоқ, ва асбобҳои …

Муфассал »