Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 90)

Ҷамъият

МИНГБОШӢ

МИНГБОШӢ (аз ӯзб. минг — ҳазор ва бош — cap), унвони ҳарбию маъмурӣ дар Осиёи Миёна. Дар хонии Қӯқанд мансабн Мингбошӣ баъди хон дуюмин мансабе буд. Дар хонии Хева мансаби аз ҳама хурд. Дар Эрон ва Хуросони давраи Нодиршоҳ (1730—47) Мингбошӣ сардори ҳарбӣ. Дар туркманҳо сардори қабила. То ҳамроҳ шудани …

Муфассал »

МИНАЕВ Иван Павлович

minaev

МИНАЕВ Иван Павлович (21. 10. 1840, Тамбов —13. в. 1890, Петер­бург), шарқшинос, асосгузори мактаби диндшиносии рус. Аз соли 1869 до­цент, аз 1873 проф. Университети Петербург. Се маротиба (солҳои 1874—75, 1880, 1885-86) ба Ҳиндустон, Ҷейлон (Шри-Ланка) Бир­ма, Непал ва Миср саёҳат кард. Тадқиқоти илмии Минаев асосан ба таърихи дуньёи қадим, асрҳои …

Муфассал »

МИЛЛИОНЩИКОВ

millionshikiv

МИЛЛИОНЩИКОВ Михаил Дмит­риевич (16. 1. 1913, Грозный —27. 5. 1973, Москва), олими советӣ ва ходи­ми ҷамъияти, мутахассиси механи­ка ва физикаи ама­лӣ, акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1953), ноиб-президенти АФ СССР (аз 1962), Қаҳpaмони Меҳнати Социалистӣ (1967). Аъзон КПСС аз соли 1947. Институти нефти Грозныйро хатм намуд (1932). Дар Институти авиационии …

Муфассал »

МИЛЛИКУНОНӢ

millikuni

МИЛЛИКУНОНӢ, аз моликияти хусусӣ ба моликияти давлатӣ табдил ёфтани замин, саноат, нақлиёт, алоқа, банкҳо ва ғ. Хусусияту мақсади Милликунонӣ ба сохти ҷамъиятии мамлакатҳо вобаста аст. Милликунонии капиталистӣ ислоҳоти буржуазӣ буда, давлати буржуазӣ корхонаю соҳаҳои истеҳсолотро аз соҳибонашон харида ме­гирад. Вай сохти капиталистиро ди­гар намекунад, баръакс шакли капитализми давлатию монополистро пурзӯр …

Муфассал »

МИЛЛАТЧИГӢ

millatchigi

МИЛЛАТЧИГӢ, идеология ва сиёсати буржуазӣ ва майдабуржуазиест дар ҳалли масъалаи миллӣ. Заминаи синфию иҷтимоии Миллатчигиро моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоии халқҳо, истисмори миллатҳои мазлум ва решаҳои гносеологии онро идеологляи иртиҷоии синфҳои ҳукмрон ташкил медиҳанд. Марксизм-ленинизм Миллатчигӣро маҳсули дав­раи муайяни тараққиёти ҷамъият дониста, характери таърихии онро аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд. Миллатчигӣ …

Муфассал »

МИЛЛАТ

millat

МИЛЛАТ (ар. —уммат, қабила, халқ), шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси умумияти ҳаёти иқтисодӣ, Умумияти забон, территория, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психо­логия ташаккул меёбад. Назарияи ҳақиқатан илмии Миллатро аввалин бор марксизм-ленинизм офарида, фарқияти куллии онро аз нажод, қабила ва халқият нишон дод (ниг. Ленин В. …

Муфассал »

МИЛИЦИЯ

miliciya

МИЛИЦИЯ (аз лот. militia —қӯшун), дар СССР органи муҳофизати тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ. Милиция ба иҷрои қонуну қарорҳои органҳои маҳаллӣ доир ба тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда, бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бехатарию моликияти гражданҳоро ҳифз, ба бехатарии ҳаракати нақли­ёт, пиёдагардҳо ва ҳолати техникии нақлиёти автомобилӣ назорат …

Муфассал »

МИЛИТАРИЗМ

militarizm

МИЛИТАРИЗМ (франс. militaris- me, аз лот. militaris — ҳарбӣ), ба маънои васеаш — сиёсати афзудани иқдидори ҳарбии давлати истисморгар бо мақсади гузаронидани сиёса­ти ҷанги истилогарона ва фурӯ нишондани муқобилати оммаи меҳнаткашон дар дохили мамлакат. Милитаризм зуҳуроти доимии моҳияти ҷамъияти антагонист буда, ҳамчун системаи иқтисодиёт, сиёсат ва идеологияи давраи капитализм ташаккул …

Муфассал »

МИЛЕТ

milet

МИЛЕТ (юн. Miletos), шаҳри қадим дар Пония, дар қисми ғарбии Осиёи Хурд. Юнониҳо ба Милет бори нахуст аввали асри 16 то м. омадаанд. Милет дар асри 14 шаҳри калонтарини ахейҳо буд. Асрҳои 8—6 то м. полис (шаҳр- давлат) маркази савдо, ҳунармандӣ ва мадании давраи атиқа ба шумор мерафт. Милет чиёнан …

Муфассал »

МИКРОЭВОЛЮЦИЯ

mikroevolutciya

МИКРОЭВОЛЮЦИЯ, маҷмӯи процессҳои эволюционии баҳаракатоварандае, ки дар дохили намуд, дар доираи популяцияҳои алоҳида ё ба ҳам наздик мегузаравд. Ҳангоми Микроэволютсия популяцияро структураи элементарии эволюционӣ, мутацияро матеряали элементарии эволюционӣ ва процессҳои мутационӣ, тағйирёбӣ (флюктация)-и шумораи фардҳо дар популяция, шаклҳои гуногуни изоляция ва интихоби табииро бошад, омилҳои элементарии эволюционӣ мешуморанд. Дар зери …

Муфассал »