Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИЛЛИКУНОНӢ

МИЛЛИКУНОНӢ

millikuniМИЛЛИКУНОНӢ, аз моликияти хусусӣ ба моликияти давлатӣ табдил ёфтани замин, саноат, нақлиёт, алоқа, банкҳо ва ғ. Хусусияту мақсади Милликунонӣ ба сохти ҷамъиятии мамлакатҳо вобаста аст. Милликунонии капиталистӣ ислоҳоти буржуазӣ буда, давлати буржуазӣ корхонаю соҳаҳои истеҳсолотро аз соҳибонашон харида ме­гирад. Вай сохти капиталистиро ди­гар намекунад, баръакс шакли капитализми давлатию монополистро пурзӯр менамояд, ба концентрацияи истеҳсолоту капитал, ҳарбикунонии иқтисодиёт, экспансияи империализм, инчунин ба истифодаи қувваҳои давлатию буржуазӣ ба муқобили халқи мамлакат ва ҳаракатҳои миллӣ — озодихоҳӣ кӯмак мерасонад. Давлати буржуазӣ Милликунониро амалӣ гардонида, ба моликиятдори калони истисморгар табдил меёбад. Аз ин рӯ, дар марҳалаи ҳозираи буҳрони умумии капитализм муборизаи синфи коргар ба муқобили гурӯҳҳои алоҳидаи капиталистӣ ва тамоми системаи ҳукмронии давлатию монополистӣ равона карда шудааст. Партияҳои коммунист ва коргарӣ ин муборизаро ба муқобили сиёстти капитализми давлатию монополистӣ равона карда, барои тадриҷан Милликунонии монополияҳо, системаи банкию молиявӣ мекушанд. Дар мамлакатҳое, ки роҳи тараққии мустақилонаро пеш гирифтаанд, Милликунонӣ воситаи мустаҳкам шудани иқтисодиёти миллӣ, ба вуҷуд омадани шароити индустронӣ, зиёд шудани соҳаҳои истеҳсолоти ҳозиразамон ва гузаштан ба роҳи ғайрикапиталистии тараққиёт аст. Милликунонии социалистӣ аз тарафи диктатураи пролетариат бо роҳи революционӣ бекор кардани моликияти синфҳои истисморгар ва табдили он ба моликияти социалистии давлатӣ (умумихалқӣ) аст. Милликунонии социалистӣ ҳукмронии иқисодии буржуазиро барҳам зада, асоси моддии диктатураи пролетариатро ба вуҷуд меорад. Милликунонӣ ҳамчун зарурати объективӣ муҳимтарин қисми таркибӣ ва яке аз қонуниятҳои умумии гузариш аз ка­питализм ба социализм аст. Роҳ, усул ва суръати Милликунонии социалистӣ ба шароити конкретӣ-таърихии инки­шофи рев. социалистии ин ё он мамлакат вобаста аст. Яке аз усулҳои Милликунонии социалист мусодира ва аз гаравбарории воситаҳои истеҳсолот мебошад, ки он дар амал татбиқ карда шуд. Ба сифати тайёрӣ ба Милликунонӣ ва чораи зарурӣ дар ташкили истеҳсолоти социалистӣ назорати кор­гарӣ ва шаклҳои гуногуни капита­лизми давлатӣ истифода мешавад. Дар СССР ба сабаби муқобилати сах­ти синфҳои сарнагуншудаи истисморгар, ҷанги гражданӣ ва интервенцияи ҳарбӣ моликияти хусусии капиталистон зуд экспроприация карда шуд. Милликунонӣ дар мамлакатҳои де­мократии халқӣ бо роҳи мусодира ва аз гаравбарорӣ тадриҷан амалӣ шуда истодааст. Умуман Милликунонӣ дар мам­лакатҳои системаи ҷаҳонии социа­лист дурустии тезиси марксизм-ленинизмро дар хусуси он ки пролета­риат ҳукмронии сиёсии худро барои кашида гирифтани капитал аз бур­жуазия ва дар ихтиёри давлат марказонидани ҳамаи воситаҳои истеҳ­солот истифода мебарад, тасдиқ ме­намояд. Таҷрибаи амалӣ гардонидани Милликунонии социалист нодурусти назарияҳои анархистӣ-синдикалистиро, ки гӯё дар давраи рев. социалистӣ моликияти хусусии капиталист бояд бо моликияти коллективи коргарони корхонаҳои капиталистӣ иваз шавад, низ исбот кард. Танҳо дар сурати ба ихтиёрн давлати социалистӣ гузаштани воситаҳои истеҳсо­лот мумкин аст заминаи иқтисодии диктатураи пролетариат фароҳам ояд, тараққии ҳаматарафаи хоҷагии халқ ва ғалабаи пурраи социализм таъмин гардад.

Ад.: Маркс К., Энгельс Ф., Ма­нифеста Партиям Коммунисте, Д.. 1968; Энгельс Ф., Анти-Дюринг, Табаддулоти ҷаноби Евгений Дюринг дар илм, Д., 1975; Ленин В. И., Дар бораи вазифаҳои пролетариат дар революцияи мо. Ас., ч. 24; ҳамон муалл., Хатари таҳлуқа ва чораҳои пешгирӣ кардани он. Ас., ҷ 25; ҳамон муалл., Иқтисодиёт ва сиёсат дар давраи диктатураи пролетариат, ч. 30; Виноградов В. А., Вопросы теории и практики со­циалистической национализации промышленности, М., 1965.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …