Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИНАЕВ Иван Павлович

МИНАЕВ Иван Павлович

minaevМИНАЕВ Иван Павлович (21. 10. 1840, Тамбов —13. в. 1890, Петер­бург), шарқшинос, асосгузори мактаби диндшиносии рус. Аз соли 1869 до­цент, аз 1873 проф. Университети Петербург. Се маротиба (солҳои 1874—75, 1880,

1885-86) ба Ҳиндустон, Ҷейлон (Шри-Ланка) Бир­ма, Непал ва Миср саёҳат кард. Тадқиқоти илмии Минаев асосан ба таърихи дуньёи қадим, асрҳои миёна ва нави мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ бахшида шудааст (таърих, адабиёт, фалсафа, забоншиносӣ, география, хусусан географии таърихӣ, этно­графия, манбаъшиносӣ ва фольклор). Минаев асосгузори тадқиқоти муфассали буддоия дар Россия буда, дар омӯзиши он саҳми арзанда дорад. Бисьёр дастнависҳои санскритӣ ва палиро ҷамъ оварда, ба русӣ тарҷума ва қисми зиёди онҳоро нашр кард. Асарҳои ӯ, ки ба таърихи Ҳиндустон ва мамлакатҳои ҳамҷавори он, аз ҷумла ба ибтидои давраи ҳаракати миллии озодихоҳӣ бахшида шудаанд, басо ҷолиби диққатанд. Ӯ дар омӯзиши таъриху этнографияи тоҷикони болооби д. Аму ва Бадахшони Афғонистон, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз низ ҳиссаи калон гузоштааст.

Ас.: Сведения о странах по верховь­ям Аму-Дарья, СПБ, 1879.

Ад.: Минаев И. П. (Маҷмӯаи мак-), М.. 1067.

Т. Муҳиддиное, П. Мирзоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …