ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИРЗАМИН (металлҳои нодирзамин), элементҳои химиявии гуруҳчаи иловагии гуруҳи III-юми системаи даврии Менделеев: иттрий, лантан ва лантаноидҳоро гуянд. Баъзан скандийро ҳам ба Э. н. мансуб медонанд. Дар қишри замин кам паҳн шудаанд, онҳо оксидҳои дар об ҳалнашаванда (пеш аз ин «заминӣ» меномиданд) ҳосил мекунанд, бинобар ин номашон Э. и. аст. …
Муфассал »ЭЛЕКТРОХИМИЯ
ЭЛЕКТРОХИМИЯ, як қисмати химиям физикиро гуянд, ки хосиятҳои ҳаҷмию сатҳии ҷисмҳои сахт ва моеъ (ионҳои фаъол доранд), инчунин тарз (механизм)-и процессҳоро бо иштироки ионҳо дар ҳадди тақсимот ва ҳаҷми ҷисм меомузад. Э. асосҳои назариявии истеҳсоли моддаҳои гуногун (мас., металлҳо, хлор)-ро бо роҳи электролиз, роҳҳои пешгирии коррозияи металлҳо, ба вуҷуд овардани …
Муфассал »ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИР
ЭЛЕМЕНТҲОИ НОДИР, номи гуруҳи металлҳоеро (зиёда аз 50) гуянд, ки ба миқдори кам истифода мешаванд ё дар техника нисбатан наванд. Бештарини Э. н. дар қишри замин кам ва пароканда мебошанд. Ба Э. н. элементҳои гуруҳи I системам даврӣ: Li, Rb, Cs, Fr; гурухи II — Be, Ra; гуруҳи III— Ga, …
Муфассал »ЭЛЕКТРОФОРЕЗ
ЭЛЕКТРОФОРЕЗ (аз электро… ва юн. nhoresis— бурдан, ба ҷои дигар бурдан), дар муҳити моеъ ё газ аз таъсири майдони електрикии беруна ҳаракат кардани ҳиссачаҳоро гуянд. Онро с. 1807 Ф. Ф. Рейс кашф кардааст. Э. дар саноат барои аз латекс ҷудо кардани каучук, софкории об, аз peг ҷудо кардани каолин ва …
Муфассал »ЭЛЕКТРОТЕХНИКА
ЭЛЕКТРОТЕХНИКА (аз электро… ва техника), илмест доир ба татбиқи энергияи электрикӣ дар амалияи ҷамъияти инсон ва соҳаи техникие, ки бо татбиқи энергияи электрикӣ (дар хоҷагии халқ, рӯзгор ва ҳарб) сару кор дорад.
Муфассал »ЭЛЕКТРОСТАТИКА
ЭЛЕКТРОСТАТИКА, як фасли электродинамикаро номанд, ки таъсири мутақобили зарядҳои электрикии оромро меомузад.
Муфассал »ЭЛЕКТРООПТИКА
ЭЛЕКТРООПТИКА (аз электро… ва оптика), як фасли физикаро гӯянд, ки тағйироти хусусиятҳои оптикии дар зери таъсири майдони электрикӣ бавуҷудояндаро меомузад. Ҳодисаҳое, ки ба вобастагии нишондиҳандаи шикасти муҳит (п) ва шиддатнокии майдони электрнкии Б алоқа доранд, ба Э. мансубанд.
Муфассал »ЭЛЕКТРОНИКАИ КВАНТӢ
ЭЛЕКТРОНИКАИ КВАНТӢ, радиофизикаи квантӣ, як фасли физикаро гуянд, ки қонуниятҳо ва усулҳои ҳосил кардан ва тақвлит додани мавҷҳои электромагнитии дар процесси нурафкании маҷбурӣ ҳосилшуда, сохту хусусиятҳои тақвиятдиҳандаҳову генераторони квантӣ ва истифодаи онҳоро меомузад. Тақвиятдиҳандаҳои квантии фавқулбаландбасомад, лазерҳо, ставдартҳои квантии басомад, магнитометрҳои квантӣ, гироскопҳои лазерӣ ва ғ. маҳсули Э. к. мебошанд.
Муфассал »ЭЛЕКТРОНИКА
ЭЛЕКТРОНИКА, илмест дар борал таъсири мутақобили электронҳо бо майдонҳои электромагнитӣ ва дар бораи усулҳои сохтани асбобу афзори электронӣ, ки барои интиқол, таҳия ва маҳфуз доштани ахбор истифода мешаванд. Дар Э. таъсири мутақобили электронҳо ҳам бо макромайдонҳо дар фазои кории асбоб ва ҳам бо микромайдони дохили атом молекула ё панҷараи кристалле …
Муфассал »ЭЛЕКТРОНВОЛЬТ
ЭЛЕКТРОНВОЛЬТ, воҳиди ғайри-системавии энергияро номанд, ки баробари дигар воҳидҳои Системаи байналхалқии воҳидҳои (СИ) барои чен кардани энергия ва массаи микрозарраҳо истифода мешавад. Ишораташ: тоҷикӣ, русиаш эВ, байналхалқиаш eV, 1 эВ=1,60219* 10“,в Ҷ= = 1,60219-10—,а эрг. Воҳидҳои каратии Э.: 1 кэВ = 10s эВ, 1 МэВ ■ 10* эВ, 1 ГэВ …
Муфассал »