Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 21)

Илм

ФИЗИКАИ ЗАРРАҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ

fisics-2

ФИЗИКАИ ЗАРРАҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ, як соҳаи физикаро номанд, ки пайдоиш, таъсири мутақобил, тағйир ва табдили заррақои элементарии материяро меомӯзад. Физикаҳои зарраҳои элементарӣ на танҳо дар физика, балки умуман дар илми муосир мавқеи хос дорад, зеро мафҳуму қонунҳои асосии он бунёди манзараи илмии оламро ташкил медиҳанд. Таърихи навини тадқиқи зарраҳои элементарӣ солҳои …

Муфассал »

ФИЗИКАИ АТОМ

fisics-4

ФИЗИКАИ АТОМ, як фасли физикаро гӯянд, ки сохт ва ҳолатҳои атомҳоро меомӯзад. Ҳамчун илм ибтидои асри 20 шакл гирифтааст. То охири асри 19 атомро тақсимнопазир меҳисобиданд. Баъди кашфи радиоактивият (1896, А. Беккерел) ва электрон (1897, Ҷ. Томсон) ошкор гардид, ки атом аз маҷмуи зарраҳои заряднок иборат будааст. Соли 1911 Э. …

Муфассал »

ФИЗИКА

fisics-3

ФИЗИКА, (аз юнонӣ phusis — табиат), илмест дар бораи табиат, ки хосиятҳои оддӣ ва умдаи олами моддиро меомӯзад. Физика асосан илми таҷрибавист, яъне асоси қонунҳои онро далелу бурҳонҳои таҷрибавӣ ташкил медиҳанд. Дар ин қонунҳо таносубҳои миқдорӣ дар шакли формулаҳои математикӣ ифода ёфтаанд. Физика ду соҳаи аз як тараф мустақил ва …

Муфассал »

ФЕЪЛИ ҲОЛ

book-1

ФЕЪЛИ ҲОЛ, шакли феълие, ки амал ва ҳолатеро ҳамчун аломати феъли асосӣ ифода мекунад (ҷилвакунон, додгӯён). Феъли ҳол хусусиятҳои феъл ва зарфро дорост. Аз ин ҷо онро зарфи феълӣ ҳам мегӯянд. Дар забони тоҷикӣ шакли Феъли ҳоли замони ҳозира маъмул аст, ки он гузаранда (навиштаравон, шудгоркунон) ва монда (табассумкунон, тохтаравон) …

Муфассал »

ФЕЪЛ

book

ФЕЪЛ, яке аз ҳиссаҳои нутқ аст, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмояад. Феъл дорои категорияи шахс, шумора, тарз, замон ва сиға, шаклҳои тасрифӣ ва ғайритасрифӣ (масдар, сифати феълӣ, феъли ҳол), ду намуд (мутлақ ва давомдор) мебошад. Феъл се замон (ҳозира, гузашта, оянда) дорад. Замони ҳозира дорои шаклҳои зерин …

Муфассал »

ФЕРМИЙ

fm

ФЕРМИЙ (лотинӣ Ғеrmium), Ғm, элементи химиявии радиоактиви сунъӣ ҳосилкардашуда аз гурӯҳи III системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 100, мансуби актиноидҳо. Изотопи нисбатан устувораш 257Ғm (давраи нимкоҳишаш 80 шаборуз). Ба шарафи Э. Ферми Фермӣ номида шудааст.

Муфассал »

ФЕРОМОНҲО

ФЕРОМОНҲО, як навъ моддаҳои химиявиро гӯянд, ки ғадудҳои экзокрини (ё ҳуҷайраҳои махсус)-и ҳайвонот ҳосил мекунанд. Феромонҳои ҳар як фард ба муҳит хориҷ шуда, ба рафтор ва баъзан ба инкишофу тараққиёти фардҳои дигари ҳамон намуд таъсир мерасонанд. Таркиби феромонҳо гуногун аст. Он дар ҳашарот лисбатан пурра омӯхта шудааст. Истифодаи феромонҳо барои …

Муфассал »

ФЕРМЕНТҲО

fermenty-magicheskij-klyuch-k-zdorovyu-i-krasote-xa1506976108

ФЕРМЕНТҲО (аз лотинӣ fermentum — хамиртуруш, хамирмоя), энзимҳо, катализаторҳои махсуси сафедавиеро гӯянд, ки дар ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда мавҷуданд. Ферментҳо мубодилаи моддаҳоро мураттаб ва танзим намуда, дар просессҳои фаъолияти ҳаётӣ роли муҳим мебозанд. Ферментҳо ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд: яккомпонента, ки фақат аз сафеда ва дукомпонента, ки аз сафедаю қисми ғайрисафедавӣ …

Муфассал »

ФЕНОЛОГИЯ

fasl

ФЕНОЛОГИЯ (аз юнонӣ phinomena — зоҳиршавӣ ва …логия), илмест оид ба ҳодисаҳои мавсимии табиати зинда. Вобаста ба дигар шудани фаслҳои сол ва шароитҳои обу ҳаво тағйир ёфтани олами наботот ва ҳайвонотро меомӯзад. Ба он мӯҳлати гул кардан, барг баровардан, пухтани меваю тухми наботот, аз хоби мавсимӣ бедор шудани ҳайвонот, давраи …

Муфассал »

ФЕНОЛ

fenol

ФЕНОЛ, оксибензол, кислотаи карбол, С6Н5ОН, кристалли беранг (дар ҳаво ҷигарӣ) буда, бӯи махсус дорад. ( гудозиш 40,9°С, зичиаш 1058 кг/м3. Онро барои истеҳсоли полимерҳо, моддаҳои рангуборӣ, пестисидҳо, дору ва ғайра истифода мебаранд. Фенолро барои дезинфексия низ кор мефармоянд. Ҳангоми ба бадан расидан пӯстро месӯзонад.

Муфассал »