Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 141)

Илм

МОҲИ СИНОДӢ

mohi-sinody

МОҲИ СИНОДӢ (аз юн. synodos— қирон, наздикшавӣ), фосилаи вақтест байни ду фазаи якхелаи пайдарпаи Моҳ (мас., аз ҳилол то ҳилол). Моҳи синодӣ асоси солшумории қамарӣ гардид, ки он дар замонҳои қадим аз зарурати ба ҳисоб гирифтани фосилаҳои калони вақт пайдо шуда буд ва дар он моҳҳо бонавбат 29 ва 30 …

Муфассал »

МОҲИ СИДЕРӢ

mohi-sideri

МОҲИ СИДЕРӢ (аз лот. sidus — ситора, ҷирми осмонӣ), моҳи ситорагӣ, фосилаи вақтест, ки дар давоми он Моҳ атрофи Заминро аз рӯи мадори геоцеитрӣ нисбат ба ягон ситораи кӯраи осмон як маротиба давр зада мебарояд. Ҳаракати Моҳро дар кӯраи осмон мушоҳида намуда, дар давоми як шаборӯз нисбат ба ситораҳо ба …

Муфассал »

MOҒAP

mogar

MOҒAP, моҳар (Setaria italica ssp. mocharium), гиёҳи яксолаи хӯшадор. Баландиаш то 150 см; пояи рост; барги калон (дар ҳар поя 5— 16-то), хӯшагули тугшакл («султон») ва дони майдаи зард ё сиёҳ дорад. Асосан чун зироати хӯроки чорво мекоранд. Моғарро ҳанӯз 2700 сол то м. дар Осиёи Ҷанубию Шарқӣ кишт мекарданд. …

Муфассал »

МОШИНИ ТАЪЛИМДИҲАНДА

МОШИНИ ТАЪЛИМДИҲАНДА, олатест, ки схемаи муайяни таълими программавиро амалӣ мегардонад. Бо ёрии Мошини таълимдиҳанда талабаҳо далелҳоро (формулаҳои математикӣ, қоидаҳои навишт, прринципҳои ҳалли проблема ва ғ.) аз худ мекунанд ва малакаҳои амалӣ ба даст меоранд. Мошини таълимдиҳанда яке аз воситаҳои техникии таълим ба ҳисоб меравад.

Муфассал »

МО-ЦЗЫ

mo-czy

МО-ЦЗЫ, Модӣ (479—400 то м.), файласуф ва ходими сиёсии Хитои Қадим, асосгузори мактаби фалсафии моиҳо. Ӯ ба муқобили конфуцийчигӣ, ки ҳукмронии ашрофияи меросиро таназзулнопазир медонист, муборизаи ғоявӣ мебурд. Нуқтаи асосии таълимоти Мо-цзы ва шогирдони ӯ даъватест ба барқарор кардани муносибати одамӣ дар буньёди принципи кайҳонии «муҳаббати кулл ва манфиати тарафайн». …

Муфассал »

МОРҲО

morho

МОРҲО (Serpontoe б Ophidia), як қатори хазандаҳоро гӯянд, ки аз давраи бӯр (табошир) инҷониб маълуманд. Тахмин мекунанд, ки Морҳо аз хазандаҳои сусморшакл ё калтакалосҳои обӣ ба вуҷуд омадаанд. Морҳо замони қадим хеле калон буданд. Дарозии V: I танааш аз 11 м 11 \ 2 \\ 3 ;; бештар буд. Калонтарин …

Муфассал »

МОРЧӮБА

morchuba

МОРЧӮБА, сарсабил (Aspara­gus), ҷинси растаниҳои бисьёрсолаест аз оилаи занбақиҳо. Пояи сершох, барги пулакчашакл, гули майдаи зангулашакли баргаш сабзча ё зардтоб, асосан ҷудоҷинса, ғӯраки сепалла, ғуҷуммеваи мудаввари сурх дорад. Зиёда аз 300 намуди Морчӯба дар ноҳияҳои гармсери Европа, Осиё, Афри­ка, Австра­лия мерӯяд. Морчӯба махсусан дар қисми ҷанубу тропикаи Аф­рика, кишварҳои баҳри …

Муфассал »

МОРХУР

morkhur

МОРХУР, бузи кӯҳӣ, бузи пармашоҳ (Capra (Orthaegoceros) falconeri), ҳайвони ҷуфтсуми ва шинест аз ҷин­си вуз. Дар РСС Тоҷикистон як зернамуди Морхур (С. f. heptneri) маълум аст. Морхур калонҷусса, дарозиаш 175—190 см ва қадаш 90—115 см, пойҳои дарози пурқувват, шохи калону вазнини пармашакл дорад. Вазни Морхури нар 86—109 кг ва модааш …

Муфассал »

МОРФОЛОГИЯИ ҲАЙВОНОТ

morfologiyai-hayvonho

МОРФОЛОГИЯИ ҲАЙВОНОТ, илмест, ки аз шакл ва сохти организми ҳайвонот дар ҷараёни инкишофи фардӣ (онтогенез) ва таърихӣ ё эволюционӣ (филогенез)-и онҳо баҳс мекунад. Анатомия, анатомияи метафозаи ҳайвонот, гнстология, ци­тология ва эмбриология аз қисматҳои Морфологияи ҳайвонот мебошанд. Методҳои тадқиқоти морфологӣ дар дигар фанҳои биологӣ, монанди зеология, палеон­тология ва ғ. низ ба …

Муфассал »

МОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИҲО

morfologiyai-rastaniho

МОРФОЛОГИЯИ РАСТАНИҲО, фитоморфология, яке аз фаслҳои муҳими илми ботаника буда, қонунияти сохт ва процессҳои ташаккули растаниҳоро дар ҷараёни инкишофи фардӣ ва таърихии эволюционӣ меомӯзад. Ба қадри инкишофи таърихии Морфорлогияи растаниҳо аз он анатомияи растаниҳо, омбриологияи расганиҳо ва цитология чун фанҳои мус­тақил ҷудо шуданд. Муайян кардани гуногунии растаниҳо дар табиат, омӯзиши …

Муфассал »