Абдуллоев Абдуманон (таваллудаш 17. 12. 1950, Конибодом), физиолог- биохимик, доктори илмҳои биология (1994), профессор (2007), Узви вобастаи АИ (2008). Хатмкардаи факултети химияи УДТ (1975). Фаъолияти меҳнатиаш аз кори омӯзгорӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 3 ноҳияи Ҷиргатол оғоз гардидааст. Сипас дар заводи химиявии ноҳияи Исфара кор кардааст. Аспирант (1975 – …
Муфассал »Абдулло Ҷин
Абдулло Ҷин кошикори тоҷик (асрҳои 19 – 20). Ҳавлии сангини Хева, Мақбараи Паҳлавон Маҳмуд ва деворҳои дохилӣ ва берунии Арки Кӯҳна (қабулхона ва масҷиди айвондор)-ро кошикорӣ кардааст. Дар кошикорӣ услуби хос дошт. Нақшҳои «гирех» ва «сӯзана»-и дар кошикорӣ истифодабурдаи ӯ ҷолиби диққатанд.
Муфассал »Абдулло Мирзо
Абдулло Мирзо (1433 – 1451), ҳокими вилояти Форс дар Мовароуннаҳр (1450-1451). Аз сулолаи Темуриён. Фарзанди хурдии Иброҳим Мирзо, додари Улуғбек. Баъд аз вафоти падараш ҳокими вилояти Форс таъйин гардид. Аз сабаби ноболиғ будани Абдулло Мирзо модараш Руқиябегим дар вилоят ҳукмронӣ мекард. Соли 1447 баъд аз вилояти Форсро гирифтани амакбаччааш Султон …
Муфассал »Абдулло Зокир
Абдулло Зокир (Зокиров; 1927, деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд – 1982, Душанбе), мутарҷим ва рузноманигори тоҷик. Хатмкардаи факултетити забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педгогии Душанбе (1958) ва шӯъбаи журналистии Мактаби олии партиявӣ дар Алмаато (1964). Дар ВКД, идораҳои Ҳизби коммунистӣ ва журналистӣ, собиқ Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия …
Муфассал »Абдуллатифхон
Абдуллатифхон (соли таваллуд ва вафоӣаш номаълум), ҳокими Мовароуннаҳр (1540 -1551) аз сулолаи Шайбониён. Дар Самарқанд баъди вафоти Абдуллоҳхони I Шайбонӣ (1539 – 1540) ба тахт нишаст. Ҳамин вакт намояндаи дигари сулолаи Шайбониён Абдулазизхон (1540—1549) дар Бухоро худро хон эълон кард. Дар натиҷа дар Мовароуннаҳр дуҳокимиятӣ рӯй дод. Абдуллатифхон соли 1551 …
Муфассал »Абдуллатифи Шуштарӣ
Абдуллатифи Шуштарӣ ибни Абутолиб ибни Нуриддин ибни Неъматуллоҳ ал-Ҳусайнӣ ал-Мусавӣ (15. 8. 1755, Шуштари Эрон – 1806 – 1807, Ҳайдарободи Ҳиндустон), сайёҳ ва муаррих. Абдуллатифи Шуштарӣ охири асри 18 ба мамолики Эрону Ироқ, Арабистону Ҳиндустон сафар карда, хотироташро дар асаре бо унвони «Тӯҳфат-ул-олам» (1801 – 02) нигоштааст. Китоб арзиши таърихӣ, …
Муфассал »Абдуллатифи Ҳисорӣ
Абдуллатифи Ҳисорӣ (соли таваллдуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва хаттоти тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Ҳисор. Бештар ба сайёҳӣ шуғл варзидааст. Дар шаҳрҳои гуногун аз устодони хушнавис таълим гирифтааст. Абдуллатифи Ҳисорӣ дар ибтидо услуби хати ороишии Намадии Ҳиндиро пазируфта, онро ба хубӣ омӯхтааст. Баъдтар услуби хати Зиёи Хуҷандиро қабул кард. Китобати …
Муфассал »Абдулқодири Чалдивор
Абдулқодири Чалдивор (миёнаҳои асри 19, Самарқанд – 1910), меъмор, хишткор, дуредгар ва санг-тароши тоҷик. Дар сохтмони девори Масҷиди Қозикалон, Ҳавзи баланд, масҷиди Хоҷа Нисбатдор, баъзе иморатҳои маҷмааи Макбараи Хоҷа Абдуи Дарун ва макбараи Хоҷа Дониёр роҳбарӣ кардааст.
Муфассал »Абдулқодири Суҳравардӣ
Абдулқодири Суҳравардӣ Абунаҷиб ибни Абдуллоҳ (1097, Суҳраварди Эрон – 1167, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, муассиси тариқати суҳравардия. Дар ҷавонӣ ба Бағдод омада, улуми расмиро омӯхт. Чанд муддат мутаваллии мадрасаи Низомияи Бағдод буд. Муддате гадоию сақоӣ низ кард. Пас аз ба суфигӣ ном баровардан ба воизӣ машғул шуд ва дар ин соҳа …
Муфассал »Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ
Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ (1888 – 1934, Самарқанд), меъмор ва кошикори тоҷик. Дар тармими мадрасаи Улуғбек чун меъмор ва кошикор ҳиссаи арзанда гузоштааст. Абдулқодир ёдгориҳои меъмории Масҷиди Хизр, Мадрасаи нав, муаззинхонаи Кӯшҳавз (Самарқанд) ва ғайраро қошикорӣ кардааст. Дар аввали солҳои 30 асри 20 бо роҳбарии профессор В. Л. Вяткин харобаҳои кошикории …
Муфассал »