Абдуллоев Убайдулло (таваллдуаш 1927, деҳаи Олтинсуюқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон), пахтакор, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи Тоҷикистон (1962). Сардори звено (1944 – 1952) ва бригадаи пахтакорӣ (1953 – 1967), механики колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин (1968 – 1983). Аз соли 1984 нафақагири шахсӣ. Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат мекунад. Бригадаи Абдуллоев …
Муфассал »Абдуллоев Тоҷибой
Абдуллоев Тоҷибой (1922, деҳаи Гулакандози ноҳияи Пролетар – 2000, ноҳияи Шаҳринав), пахтакор, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 -1945). Колхозчӣ (1940—19 42). Солҳои 1946 – 1965 сардори звенои пахтакорӣ ва аз соли 1966 сардори бригадаи пахтакории колхози Ленини ноҳияи Ҳисор буд. Аз соли 1983 нафақагир. Звенояи ҳосили …
Муфассал »Абдуллоев Саттор
Абдуллоев Саттор (1924, деҳаи Яхшиободи ноҳияи Регар – 1972, ҳамон ҷо), пахтакор, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Ҳисобчии бригада (1940 – 1942), сардори звено ва бригада (1943 – 1952), ҳисобчӣ ва колхозчии колхози «Ленинизм»-и ноҳияи Ҳисор (1953 – 1968). Звенои Абдуллоев ҳосили фаровони пахта гирифтааст. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат …
Муфассал »Абдуллоев Сайфулло
Абдуллоев Сайфулло (1899, Хоруғ – 1938), ходими ҳизбию давлатии Тоҷикистон. Аз муборизони барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Солҳои 1912-1915 дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1916-1918 дар хизмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд. Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои 1918 – 1926 аввал дар сафи …
Муфассал »Абдуллоев Сайфиддин
Абдуллоев Сайфиддин (1908, Исфара -1983, ҳамон ҷо), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1956). Чоряккор (1924 – 1928), корманди шӯрои маҳаллӣ (1928 – 1931), таҳсил дар куресҳои олии педагогии Тошканд (1932 – 1933), котиби комитетҳои комсомолии ноҳияҳои Исфара ва Куйбишев (1933 -1937), муҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Исфара» (1937 – …
Муфассал »Абдуллоев Сайдулло
Абдуллоев Сайдулло (18. 2. 1945, Хуҷанд – 12. 5. 2001 ҳамон ҷо), муаррих, доктори илмҳои таърих (1996), профессори (1994). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1967). Солҳои 1967 – 1974 муаллим, муаллими калон, 1974 – 1992 дотсент, муовини декан, декани факултети таърихи ҳамин донишкада, 1992 …
Муфассал »Абдуллоев Пулод
Абдуллоев Пулод Абдуллоевич (1906, қишлоқи Кӯлканди ноҳияи Исфара – 1983, ҳамон ҷо), ходими давлатӣ. Аз оилаи деҳқон. Фаъолияти меҳнатиаш аз 12-солагӣ шурӯъ шуд. Соли 1924 ба сафи комсомол дохил шуда, курсҳои мактаби партиявию советӣ ва педагогии Самарқанд (1925 – 1926), Университети коммунистии Осиёи Миёна (1932), курсҳои олии сохтмони советии назди …
Муфассал »Абдуллоев Музаффар
Абдуллоев Музаффар Мансурович (таваллудаш 6. 6. 1967, Конибодом), арбоби низомӣ, генерал-майор (2004). Хатмкардаи Донишкадаи олии Харбин автомобилии ш. Уссурийск (1988) ва Академияи ҳарбии автомобилии Россия (2000). Солҳои 1988 -1992 сардори шӯъбаи автомобили дар қисмҳои низомии Иттифоқи Советӣ (Ленинград), 1992 – 1993 командири рота дар Артиши Тоҷикистон, 1993 – 1995 сардори …
Муфассал »Абдуллоев Мирзосаид
Абдуллоев Мирзосаид (номи аслиаш Сергей, номи падараш Константин, 1882, Оренбург – 1928, Душанбе), яке аз муборизони фаъоли пойдор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи коргари рус. Баъди вафоти падараш ба Тошкент омада, ба дастаи сайёри дорбозону масхарабозон ҳамроҳ шуд. Бо ҳамин гурӯҳ ба Ҳисор омад. Аз ҳамон …
Муфассал »Абдуллоев Камол
Абдуллоев Камол Наҷмиддинович (таваллудаш 21. 2. 1950, деҳаи Навобод, ноҳияи Ғарм), муаррих, доктори илмҳои таърих (1993). Хатмкардаи факултети таърихи УДТ (1972), аспиранти Институти таърихи СССР-и АИ СССР (Москва, 1981). Корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ РСС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (1975 – 1989), муҳаққиқи Институти тадқиқоти сиёсӣ (собиқ …
Муфассал »