Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Сайфиддин

Абдуллоев Сайфиддин

Абдуллоев Сайфиддин (1908, Исфара -1983, ҳамон ҷо), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1956). Чоряккор (1924 – 1928), корманди шӯрои маҳаллӣ (1928 – 1931), таҳсил дар куресҳои олии педагогии Тошканд (1932 – 1933), котиби комитетҳои комсомолии ноҳияҳои Исфара ва Куйбишев (1933 -1937), муҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Исфара» (1937 – 1938), муовини директор ва сардори шӯъбаи сиёсии Стансияи мошину тракторҳо (1938 – 1945), муовин ва раиси хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Исфара (1946 – 1965).

Аз соли 1965 нафақагири шахсӣ. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …