Абдулҳай (1360, Бағдод – 1420, Самарқанд), мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик. Устод Шамсуддини Самарқандӣ ӯро ба тарбият гирифта, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулҳай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Ҷалоирӣ ном мебарорад ва шӯҳраташ аз ҳудуди давлати Ҷилоирия, ки пойтахти он Бағдод буд, берун мебарояд. Соли 1393 Темур …
Муфассал »Абдулҳаев Рақиб
Абдулҳаев Рақиб (таваллудаш 10. 2. 1938. деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ), таърихнигор, доктори илми таърих (1993), профессор (1999), Арбоби илм ва техникаи Точикистон (1999). Хатм- кардаи УДТ (1961). Аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962 – 1975), дотсенти …
Муфассал »Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ
Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ибни Абдулҷамил (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1179, Ғиждувони Бухоро), назариётчӣ ва асосгузори тариқати хоҷагон, пири рӯҳонии Баҳоуддини Нақшбанд, яке аз шогирдони маъруфи Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ. Осори бисёре боқӣ мондааст, ки мазмунҳои фалсафию ирфонӣ доранд. Муҳимтарини онҳо «Маноқиби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ», «Ибтидои ҷомеъ-ул-кулам», «Маслак-ул-орифин» мебошанд. «Ибтидои ҷомеъ-ул-кулам» панду …
Муфассал »Абдулфаттоҳ ибни Мулло
Абдулфаттоҳ ибни Мулло Абдулхалили Ҷӯйборӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Зодгоҳаш Бухоро. Дар навиштани чанд навъи хат, бахусус анвои хати настаълик машҳур будааст ва китоби бисёреро бо хати зебову хоно китобат намудааст. «Кимиё» ном китобе бо хати зебои ӯ рӯнавис …
Муфассал »Абдулов Карим
Абдулов Карим (таваллудаш 26. 02. 1939, деҳаи Сурхкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – 5. 12. 2010, Хуҷанд) иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Техникуми молияи Сталин обод (1958) ва УДТ-ро (1964) хатм кардааст, солҳои 1964 – 1967 котиби ташкилоти комсомолии ҳамин донишгоҳ, 1968 – 1973 …
Муфассал »Абдулмӯъминхон
Абдулмӯъминхон (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1599), аз сулолаи Шайбониён. Писари Абдуллоҳхони II . Ҳокими Балху Бадахшон (1582 – 1598) ва хони Бухоро (1598 – 1599) буд. Аз соли 1589 муносибати падару писар бад шуд. Сабаб он буд, ки Абдуллоҳхони II Ҳиротро аз дасти Сафавиён баргардонда, сипас ба Қулбобо Кӯкалтош …
Муфассал »Абдулмалики I
Абдулмалики I (935, Бухоро – 961, ҳамон ҷо), панҷумин амири сомонӣ, писари калонии амир Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ, машҳур ба «Амири Рашид». Амир Нӯҳ васият кардааст, ки пас аз марги вай чаҳор писараш ба тартиби бузургӣ яке пас аз дигаре ба салтанат бирасанд. Пас аз он ки амир Нӯҳ аз …
Муфассал »Абдумалик ибни Марвин
Абдумалик ибни Марвин (соли таваллудаш тақрибан 674 – вафоташ 705, Димишқ), халифа аз силсилаи Умавиён. Солҳои 685 – 705 ҳукуматдорӣ кардааст. Дар манбаъ ва маъхазҳои таърихӣ Абдулмалик сахтгир ва сангдилу бераҳм ёдрас шудааст, ки дар фурӯ нишондани қиёму шӯришҳо (аз қабили шӯриши Абдуллоҳ ибни Зубайд дар Макка ва Ироқ, 685 …
Муфассал »Абдуллоҳхон ибни Искандар
Абдуллоҳхон ибни Искандар (1532/1533, Офаринкенти Миёнколи Зарафшон – 8. 2. 1598, Самарқанд), маъруфтарин ҳукмфармо аз сулолаи Шайбониён. Падараш Искандархон, бобояш Ҷонибек, бобокалонаш Хона Муҳаммад ибни Абулхайрхон. Аввал дар Кармина буд, ҳамлаи ҳокими Тошканд Наврӯз Аҳмадхон ва Абдуллатифро рафъ карда, падарашро, ки ба ҷониби Амударё фирор карда буд, дубора ба вилояти …
Муфассал »Абдуллоҳхон
Абдуллоҳхон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонҳои шайбонӣ, аз ашрофзодагони муғул, сипаҳсолор ва ҳокими мустақил дар Мовароуннаҳр (асри 16). Модараш Оиша Бегим яке аз духтароии Ҳусайн Бойқаро буд. Аз соли 1530 Абдуллоҳхон ба унвони сипаҳсолор дар хидмати сипоҳи Бобур будааст. Бобур дар китоби худ «Бобурнома» аз ӯ ёд …
Муфассал »