Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулмалики I

Абдулмалики I

Абдулмалики I (935, Бухо­ро – 961, ҳамон ҷо), панҷумин амири сомонӣ, писари калонии амир Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ, машҳур ба «Амири Рашид». Амир Нӯҳ васият кардааст, ки пас аз марги вай чаҳор писараш ба тартиби бузургӣ яке пас аз дигаре ба салтанат бирасанд. Пас аз он ки амир Нӯҳ аз дунё рафт, бузургони дарбор Абдулмалики I -ро, ки ҳанӯз даҳ сол дошт ва бузургтарин фарзанди Нӯҳ буд, ба аморат нишонданд.

Ба ҳар ҳол, тибқи расми дерини амирони сомонӣ, ҳукумат дар дасти вазир қарор гирифт, яъне вазорати Абдулмалики I -ро Муҳаммад ибни Узайр ӯҳдадор шуд ва мақоми сипаҳсолорӣ бар турке ба номи Бакр ибни Молики Фарғонӣ мавриди таъйид қарор гирифт. Абдулмалики I замоне бар тахт нишаст, ки давлати Сомониён рӯ ба таназзул ниҳода буд. Ҳар соҳибмансабе саъй мекард, ки соҳиби замине бошад.

Ҳатто худи Бакр ибни Молики Фарғонӣ соҳиби замини бузурге дар Фарғона буд. Баъди ба сари ҳокимият омадани Абдулмалики I дар мамлакат даргириҳо хеле афзуданд: Бакр ибни Молик бо Абуалии Чағонӣ дар Хуросон ба ҳарб пардохт; Рукнуддавла ба Гургон ҳамла карда ҳокими он сарзамии Вушмгирро маҷбур ба фирор кард; вазир Ибни Узайр зиндонӣ шуда, ба ҷояш аввал Абуҷаъфари Утбӣ ва пас аз як сол Абумансур Юсуф ибни Исҳоқ (959) таъйин шуд.

Пас аз муддате Амири Рашид аз асп афтода аз олам даргузашт. Даврони салтанати Абдулмалики I ва вазирии Муҳаммад ибни Узайр давро­ни бӯҳронии давлатӣ Сомониён аст. Дарбори амирони сомонӣ бо саъйи Бакр ибни Молик ва бархе аз амалдорони турк зери дастгоҳи низомии туркон қарор гирифт. Тадбирҳои амири ҷавон Абдулмалики I ҷиҳати рафъи бӯҳрони давлатӣ натиҷаи дилхохе надоданд. Абдулмалики I ва баъд аз ӯ ҷонишинонаш бидуни мувофиқати туркон қодир ба коре набуданд. Роҳбарии аслӣ дар дасти низомиёни турк ва Алптегин буд.

Ад.: Фурӯзонӣ Абулқосим, Таърихи таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон дар давраи Сомониён, Т., 1381; Фрай Р. Н., Сомониён. II Таърихи Эрон аз зуҳури ислом то омадани давлатӣ Салчуқиён. Аз фурӯпошии давлатӣ Сосониён то омадани Салчуқиён (тарҷумаи Ҳасани Анӯша), Т., 1380; Ноҷӣ Муҳаммадризо, Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён, Т., 2007.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …