Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулмалики I

Абдулмалики I

Абдулмалики I (935, Бухо­ро – 961, хамон чо), панчумин амири сомони, писари калонии амир Нух ибни Насри Сомони, машхур ба «Амири Рашид». Амир Нух васият кардааст, ки пас аз марги вай чахор писараш ба тартиби бузурги яке пас аз дигаре ба салтанат бирасанд. Пас аз он ки амир Нух аз дунё рафт, бузургони дарбор Абдулмалики I -ро, ки хануз дах сол дошт ва бузургтарин фарзанди Нух буд, ба аморат нишонданд.

Ба хар хол, тибки расми дерини амирони сомони, хукумат дар дасти вазир карор гирифт, яъне вазорати Абдулмалики I -ро Мухаммад ибни Узайр ухдадор шуд ва макоми сипахсолори бар турке ба номи Бакр ибни Молики Фаргони мавриди таъйид карор гирифт. Абдулмалики I замоне бар тахт нишаст, ки давлати Сомониён ру ба таназзул нихода буд. Хар сохибмансабе саъй мекард, ки сохиби замине бошад.

Хатто худи Бакр ибни Молики Фаргони сохиби замини бузурге дар Фаргона буд. Баъди ба сари хокимият омадани Абдулмалики I дар мамлакат даргирихо хеле афзуданд: Бакр ибни Молик бо Абуалии Чагони дар Хуросон ба харб пардохт; Рукнуддавла ба Гургон хамла карда хокими он сарзамии Вушмгирро мачбур ба фирор кард; вазир Ибни Узайр зиндони шуда, ба чояш аввал Абучаъфари Утби ва пас аз як сол Абумансур Юсуф ибни Исхок (959) таъйин шуд.

Пас аз муддате Амири Рашид аз асп афтода аз олам даргузашт. Даврони салтанати Абдулмалики I ва вазирии Мухаммад ибни Узайр давро­ни бухронии давлати Сомониён аст. Дарбори амирони сомони бо саъйи Бакр ибни Молик ва бархе аз амалдорони турк зери дастгохи низомии туркон карор гирифт. Тадбирхои амири чавон Абдулмалики I чихати рафъи бухрони давлати натичаи дилхохе надоданд. Абдулмалики I ва баъд аз у чонишинонаш бидуни мувофикати туркон кодир ба коре набуданд. Рохбарии асли дар дасти низомиёни турк ва Алптегин буд.

Ад.: Фурузони Абулкосим, Таърихи тахаввулоти сиёси, ичтимои, иктисоди ва фархангии Эрон дар давраи Сомониён, Т., 1381; Фрай Р. Н., Сомониён. II Таърихи Эрон аз зухури ислом то омадани давлати Салчукиён. Аз фурупошии давлати Сосониён то омадани Салчукиён (тарчумаи Хасани Ануша), Т., 1380; Ночи Мухаммадризо, Фарханг ва тамаддуни исломи дар каламрави Сомониён, Т., 2007.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …