Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 8)

Гуногун

САРОЯН Уилям

САРОЯН Уилям (31. 8. 1908, Фресмо, Каллфорния —18. 5. 1981; мувофиқи васияташ хокистари ӯро дар боғи Комитаси шаҳри Ереван дафн карданд), нависандаи америкоӣ. Аз оилаи арманҳои муҳоҷир. Аз соли 1960 дар Европа зиндагӣ кардааст. Маҷмӯаи аввалинаш «Ҷавон- (марди дорбоз» (1934). Сипас маҷмӯахои дигари Сароян— «Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ» (1936), «Бачаҳо» (1937), …

Муфассал »

САРОБ

sarob

САРОБ, дар атмосфера пайдо шудани як ё якчанд тасвири мавҳуми ҷисмҳо (биноҳо, дарахтҳо, айсбергҳо ва ғайра)-и дурро гӯянд, ки дар шакли роста ё чаппа, дарозрӯя ё пачақ ва ё умуман таҳрифёфта намудор мешаванд. Агар ҷисм зери уфуқ бошад, танҳо тасвири мавҳуми он намудор мешавад. Сароб ҳамчунин дар поёни ҷисм (Сароби …

Муфассал »

САРМИНА Анна Федоровна

САРМИНА Анна Федоровна (таваллуд 23. 9. 1919, деҳаи Селитерпоеи райони Кораболински вилояти Волгоград), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1936—1942 колхозчӣ, 1943—1953 сардори звенои колхози ба номи К. Е. Ворошилов (ҳоло «Ленинград») 1953—1974 коргари муассисаҳои гуногуни райни Вахш буд. Солҳои 1947—1948 ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах рӯёнд. Аз соли 1974 нафақахӯри …

Муфассал »

САРМАДИИ ИСФАҲОНӢ

САРМАДИИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Аваал ба тахаллус Файзӣ шеър навиштааст. Сармадии Исфаҳонӣ дар жанрҳои гуногуни адабӣ шеър гуфта бошад ҳам, бештар ҳамчун шоири ғазалсаро маъруф аст. Ға-залҳояш соддаву самимианд. Байти зерин намунае аз осори ӯст: Ишқ он қадар хуш аст, ки ошиқ ба …

Муфассал »

САРМАД Муҳаммадсаид

САРМАД Муҳаммадсаид (соли таваллуд номаълум — вафот 1658, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яҳудӣ буд. Аввал дар Эрон зиндагӣ карда, баъд ба Деҳлӣ рафтааст. Муаллифи китоби «Дабистони мазоҳиб» аз муосирони ӯ буд ва меорад, ки Сармад дар хидмати мир Абулқосим ва Мулло Садро умури динӣ ёд мегирифт ва дар ҳузури оиҳо …

Муфассал »

САРКИСЯН Фадей Тачатович

САРКИСЯН Фадей Тачатович (таваллуд 18. 9. 1923, Ереван), ходими давлатии советӣ, доктори илмҳои техникӣ (1975), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (аз 1977; аъзо-корреспондент аз 1971), генерал-майори қӯшунҳои инженерӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1945. Академияи ҳарби Байрақи Сурхдори алоқаи ба номи …

Муфассал »

САРКИСОВ Бабкен Есаевич

САРКИСОВ Бабкен Есаевич (таваллуд 8. 12. 1913, шаҳри Шуша, ҳозира Вилояти Автономии Кӯҳистони Қарабоғ, Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза аз соли 1939. Соли 1938 Институти индустриалии Озарбойҷон ва 1944 Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии ВКП(б)-ро хатм кард. …

Муфассал »

САРКАШ

САРКАШ (557—632), ҳофиз, машшоқ, бастакор ва шоири давраи Сосониён. Муаррихони эронӣ ӯро бо номи Ҷаҳрамӣ ёд кардаанд, муаррихони арман Саркашро Саргис ва муаррихони Юнон Саргиюс номидаанд. Бино ба маълумоти Саъолибӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ӯ аслан аз Ҷаҳрам буда, то ба дарбори Хусрави Парвиз омадани Борбад роҳбарии санъаткорони дарборро ба ӯҳда доштааст. …

Муфассал »

САРКАБ

САРКАБ (550—612), сароянда ва бастакори номии аҳди Сосони- ён. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Систон омӯхтааст. Баъди камолот ба дарбори Хусрави Парвиз омада, роҳбарии гурӯҳи махсуси ақли мусиқиро ба зимма гирифтааст. Саркаб низ мисли Борбад, Саркаш, Озодвори Чангӣ, Гесуи Навогар дар санъати навозандагию сарояндагӣ маҳорати баланд дошта, суруду оҳангҳои зиёди мавсимӣ-маросимӣ …

Муфассал »