Маълумоти охирин

САРКАШ

САРКАШ (557—632), ҳофиз, машшоқ, бастакор ва шоири давраи Сосониён. Муаррихони эронӣ ӯро бо номи Ҷаҳрамӣ ёд кардаанд, муаррихони арман Саркашро Саргис ва муаррихони Юнон Саргиюс номидаанд. Бино ба маълумоти Саъолибӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ӯ аслан аз Ҷаҳрам буда, то ба дарбори Хусрави Парвиз омадани Борбад роҳбарии санъаткорони дарборро ба ӯҳда доштааст. Саркаш дар сарояндагӣ, навозандагӣ ва шеъргӯӣ соҳибҳунари замони худ низ будааст. Саркаш силсилаи таронаву оҳангҳо: «Саркаш», «Машквеҳ», «Шовард», «Кисро» (Хусрав), «Сарандоз», «Шишам», «Хусравманиҳ» (Хусравнома), «Гурдонӣ» ва ғайра тасниф кардааст. Фирдавсӣ дар бобҳои ҷудогонаи «Шоҳнома», Низомии Ганҷавӣ дар «Хусрав ва Ширин» ҳунарварии Саркаш ва таснифоти мусиқии ӯро бо сами- мият ба қалам додаанд. Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигар низ дар қасоиду ғазалиёти худ санъати баланди Саркаш ва таснифоти мусиқиашро тавсиф кардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …