Обисафед, чашмаи гарми минералӣ дар pайони Ғарми PCG Тоҷикистон 22 километр шимоли ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қароқушхона воқеъ аст. Оби чашма аз тарқишҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло ҷорист. Дебиташ 10—12 л/сония, ҳарорати об 51° Селсия. Оби чашма аз қабили обҳои силисий (50 миллиграмм/литр), фтор (11 …
Муфассал »Харбузаи обинабот
Обинабот, навъи харбузаи миёнсолист. Шаклан лӯнда ё дароз (17—20 сантиметр), вазнаш 3—4 килограмм. Пӯсташ суфта, баъзан тӯр-тӯр, нақшҳои зард ё доғҳои ҷигарранг дорад. Рангаш асосан зарду сурхтоб. Ғафсии мағзаш 5—6,5 сантиметр, сафед, сершира ва хуштаъму хушбӯй, 7,4—9,3%’ қанд (4,9—5,6%’ сахароза), 9,2—11,8% моддаи хушк дорад. Баъди 70—78 рӯзи кишт мепазад. Аз …
Муфассал »Обинабот
Обинабот 1) қиёмест, ки пас аз хӯша бастани набот боқӣ мемонад; 2) халвои махсуси Бухорост, ки бо равғани кунҷид ва орд пазанд. Нигаред низ Ҳалво.
Муфассал »Обидандон
Обидандон, ч а қ-ч а қ и дандон, як навъ ширавори миллии тоҷикист. Ба шиннӣ ё шакар об андохта деле маҳин меҷӯшонанд, баъд ҷавҳари лимӯ ҳамроҳ карда, қиём тайёр мекунанд. Қиёмро то дараҷаи ширгарми хунук карда, заволаҳои дароз-дароз мегиранду ба таги лаълӣ равған молида заволаро рӯи он гузошта бо қайчй …
Муфассал »Курорти Обигарм
Обигарм – курорт дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон Дар водии фарохи дарёи Обияйлоқ, дар баландин 1200—1300 метр аз соҳили баҳр ҷой гирифтааст. Таъсисаш соли 1946. Тобистонаш салқин ва хушк; зимистонаш кӯтоҳ ва нисбатан гарм. Боришоти солона 820 миллиметр (қисми зиёдаш аз ноябр то март меборад). Омилҳои асосии муолиҷавии Обигарм иқлим, оби …
Муфассал »Оби ҳаёт
Оби ҳаёт – оби ҳайвон, оби Хизр, оби зиндагӣ обест, ки ҳар кас аз он нӯшад, намемурдааст; яке аз образҳои бадеӣ дар фолклор ва адабиёти форс-тоҷик. Оби афсонавие будааст, ки гуё Хизр онро аз зулмот пайдо карда нӯшид ва умри ҷовидон ёфтааст. Дар эҷодиёти классикони форс-тоҷик Оби ҳаёт борҳо ёд …
Муфассал »Оби хаддодон
Оби хаддодон— оби оҳангарон, оберо гӯянд, ки оҳангарон дар он оҳан ва пӯлоди тафсонро об медиҳанд, яъне ба тоб меоваранд.
Муфассал »Обзан
Обзан – оберо гӯянд, ки дар он ҳаво ҷӯшонида бошанду дар зарфи калон андохта беморро дар он шинонанд ё хобонанд.
Муфассал »Обёрӣ
Обёрӣ, ирригасия, ба заминҳои камобу хушк овардани об яке аз намудҳои мелиорасия; тадбирҳои гидро ва агротехникӣ, ташкилию хоҷагӣ, ки бароӣ обёрии заминҳои камоб ва зиёд намудани захираи намии қабати решасабзи хок (қабате, ки дар он решаи растани ҷойгир мешавад) пешбинӣ шудааст. Обёрӣ барои танзими намӣ, гармӣ, ҳосилхезии хок ва серҳосилии …
Муфассал »Обдон
Обдон 1) зарфи об; 2) касест, ки гузаргоҳи об ва киштиро ба хубӣ ме- донад; 3) кӯл, толоб, ҳавз, обгир; 4) масона.
Муфассал »